Ноиби Президенти БАТР нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва низоми бонкии Тоҷикистонро мусбат арзёбӣ намуд

Апрель 27, 2023 16:19

ДУШАНБЕ, 27.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Таҳкими ҳамкории  мутақобилан судманди Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд /БАТР/ дар мулоқоти Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо ҳайати Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) таҳти роҳбарии ноиби Президенти БАТР оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва ҳамкорӣ Марк Боуман дар Душанбе баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ба ҳайати БАТР барои ҳамкории самарабахши бисёрсола ва дастгирии доимӣ барои рушди иқтисодиёти Тоҷикистон, бахусус пешниҳоди дастгириҳои молиявию техникӣ ба низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуда, гуфт, ки «мо дастгирӣ ва кумаки шарикони рушдро дар роҳандозии муколама байни ташкилоти қарзии молиявии Тоҷикистон ва бонкҳои Аврупо дар самти тавсеаи рушди ҳамкории муросилотӣ бо бонкҳои бонуфузи Иттиҳоди номбурда муҳим мешуморем. Ҳамчунин аз мусоидати БАТР ҷиҳати пешниҳоди тавсияҳо дар ин самт шод хоҳем шуд».

Ноиби Президенти БАТР аз ҳамкории судманд изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз дошт, ки сарфи назар аз идомаи вазъи ноороми геосиёсии ҷаҳон, ҷорӣ гардидани таҳримҳои иқтисодӣ нисбат ба баъзе давлатҳои шарики савдо нишондиҳандаҳои макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва низоми бонкӣ мусбат арзёбӣ гардида, тайи соли гузашта ва чанд моҳи соли равон ба комёбиҳои назаррас ноил гаштааст.

Мавсуф ҳавасмандии БАТР-ро ҷиҳати иштироки Бонки миллии Тоҷикистон дар барномаҳои иқтисоди «сабз» дар доираи шабакаҳои бонкҳои марказӣ ва нозирон оид ба сабзгардонии низоми молиявӣ (NGFS) изҳор намуд. Солҳои охир Бонки миллии Тоҷикистон ислоҳоти рушди низоми пардохт ва хизматрасонии молиявии рақамиро фаъолона амалӣ намуда истодааст. Дар робита ба ин, бо назардошти равобити муқарраршудаи БАТР ва Корея роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон мусоидати БАТР-ро дар татбиқи лоиҳаҳои ба нақшагирифтаи Бонки миллии Тоҷикистон бо низоми миллии пардохти Корея KFTC дархост намуд. Таъкид гардид, ки БАТР минбаъд низ дастгирии худро барои татбиқи ислоҳоти фарогир ҷиҳати тавсеаи рушди низоми бонкӣ, ки аз вазифаҳои аввалиндараҷаи Бонки миллии Тоҷикистон ба шумор меравад, идома хоҳад дод.

Мусоҳибон аҳамияти ҷалби кумакҳои техникии БАТР-ро барои таҳкими минбаъдаи механизмҳои танзим ва назорати фаъолияти ташкилоти қарзии молиявӣ, аз ҷумла муайяннамоӣ, идоракунӣ ва коҳиши таъсири хавфҳои молиявӣ, гузаронидани стресс-тестҳои фаъолияти бонкҳо ва низоми назорати бонкӣ дар доираи стандартҳои Базел, сиёсати пулию қарзӣ ва татбиқи воситаҳои пулию қарзӣ, рушди бозори молиявӣ, инкишофи бахши молиявӣ ва тавсеаи дастрасӣ ба хизматрасонии молиявӣ, таҳкими низоми комплаенс, баланд бардоштани иқтидори назорати суғурта дар бахши омори молиявӣ ва таҳлили бозори суғурта ва таҳияву татбиқи низоми муосири идоракунии хавфҳои амалиётӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон таъкид намуданд.

Дар анҷом ҷонибҳо ҳавасмандии худро ҷиҳати густариши минбаъда ва таҳкими ҳамкории самарабахш изҳор намуданд.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Апрель 27, 2023 16:19

Хабарҳои дигари ин бахш

БА ТАВАҶҶУҲИ РОНАНДАГОН! Набудани бимаи суғурта ва корти ташхиси техникӣ минбаъд тавассути дурбинҳо сабт карда мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Олмон дар самти рушди инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ гардид
Масато Канда: «БОР 1,1 миллиард доллари ИМА-ро ба татбиқи Стратегияи нави шарикӣ бо Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030 ҷалб менамояд»
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB Berlin 2026» муаррифӣ мегардад
Ҷаласаи чордаҳуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон баргузор гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.0400 то 11.0657 сомонӣ муқаррар шудааст
Татбиқи «Стратегияи Бонки Осиёии Рушд барои Тоҷикистон дар давраи солҳои 2026–2030» оғоз мегардад
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Шумораи умумии субъектҳои хоҷагидор дар Тоҷикистон ба 381 ҳазор адад расид
Ҳайати Туркманистон барои иштирок дар ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон ба Душанбе омад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5276 то 9.5600 сомонӣ муқаррар шудааст
Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо корҳои созандагию ободонӣ шинос гардид