Пагоҳ даври аввали марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 байни дастаҳои духтаронаи то 17-сола дар гурӯҳи «Е» оғоз мешавад

Апрель 25, 2023 17:33

ДУШАНБЕ, 25.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 26 апрел дар Ҳисор даври аввали марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 оид ба футбол байни дастаҳои духтаронаи 17-сола дар гурӯҳи «Е» оғоз мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.  

Имрӯз, 25 апрел дар арафаи оғози даври интихобӣ дар гурӯҳи «Е» дар шаҳри Душанбе бо иштироки комиссар, нозири доварон, намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон, инчунин дастаҳои Тоҷикистон, Кореяи Ҷанубӣ ва Ҳонконг ҷаласа баргузор гардид. Дар ҷаласа масъалаҳои умумии ташкилӣ муҳокима шуда, ранги либоси иштирокчиён тасдиқ шуд.

Бояд гуфт, ки аз рӯи натиҷаҳои марҳилаи аввали интихобии Ҷоми Осиё-2024 байни дастаҳои духтарони то 17-сола ғолибони ҳашт гурӯҳ ба марҳилаи навбатии мусобиқот роҳ меёбанд.

Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 байни дастаҳои духтаронаи то 17-сола

 Гурӯҳи «Е»: Кореяи Ҷанубӣ, Ҳонконг, ТОҶИКИСТОН.

Даври 1

26 апрел (чоршанбе)

Оғоз – соати 18:00

ТОҶИКИСТОН – Кореяи Ҷанубӣ

Даври 2

28 апрел (ҷумъа)

Оғоз – соати 18:00 

Ҳонконг – ТОҶИКИСТОН

Даври 3

30 апрел (якшанбе)

Оғоз – соати 18:00

Кореяи Ҷанубӣ – Ҳонконг

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Апрель 25, 2023 17:33

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд