«ПАРАСТУ-2023». Маросими пӯшидашавии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ моҳи май дар назар аст
ДУШАНБЕ, 25.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Маросими пӯшидашавии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2023» ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 85 — солагии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Хушназар Майбалиев аввали моҳи майи соли равон баргузор мегардад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар фестивал – озмун 18 театри касбии ҷумҳурӣ иштрок намуда, беҳтарин намоишҳоеро, ки тӯли солҳои 2021–2022 рӯи саҳна омадаанд, ба мухлисони санъати театрӣ ва ҳайати ҳакамон пешниҳод мекунанд. Дар айни замон масъулини аксар театрҳои мамлакат номгӯи намоишҳои нави худро пешниҳод намудаанд.
Ёдовар мешавем, ки Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту» аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди драматургияи миллӣ, санъати театрии мамлакат, таҳияи асарҳои баландғояи ватанӣ, баланд бардоштани сатҳи маҳорати касбии коргардонҳо, ҳунармандон, рассомон, бастакорон, ҳисси ифтихори ватандӯстию ватанпарастӣ ва анъанаҳои хуби таърихию фарҳангӣ гузаронида мешавад.
АКС аз манбаъҳои боз








Алишер Назаров Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар шаҳри Ҳисорро соҳиб шуд
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Дар даври вилоятии ин фестивал-озмун шаҳри Хоруғ соҳиби ҷойи якум гардид
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
««Намунаи адабиёти тоҷик»-падидаи таърихӣ-фарҳангӣ дар тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ» дар нашриёти «Дониш» чоп шуд
Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид






