Президентҳои ФИФА ва КФО бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф меоранд
ДУШАНБЕ, 22.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Президентҳои Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) Ҷанни Инфантино ва Конфедератсияи футболи Осиё Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меоянд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Сарони созмонҳои футболи ҷаҳонӣ ва осиёӣ дар ҷараёни сафарашон бо роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон мулоқоти расмӣ доир намуда, масъалаҳои рушди футбол дар мамлакатро баррасӣ менамоянд.
Илова бар ин, Ҷанни Инфантино ва Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа дар Конгресси ҳаштуми Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), ки 2 май дар Душанбе баргузор мешавад, иштирок мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки президенти ФИФА Ҷанни Инфантино нахустин бор ба Тоҷикистон меояд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд






