Президенти Конфедератсияи футболи Осиё Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард

Апрель 28, 2023 18:31

ДУШАНБЕ, 28.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 28 апрел президенти Конфедератсияи футболи Осиё Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳайати Конфедератсияи футболи Осиёро роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон пешвоз гирифт.

Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа зимни сафари корӣ бо роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон мулоқоти расмӣ анҷом дода, масъалаҳои рушди футбол дар ҷумҳурирро баррасӣ менамояд.

Илова бар ин, 2 май дар Душанбе Конгресси 8-уми Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ баргузор мешавад, ки дар он президенти ФИФА Ҷанни Инфантино ва президенти Конфедератсияи футболи Осиё Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа иштирок менамоянд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Апрель 28, 2023 18:31

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд