НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАШАККУЛ ВА РУШДИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. Дар Душанбе оид ба ин мавзуъ ҳамоиши илмию амалӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 15.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи чорабиниҳои ҷашнӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон таҷлили Рўзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон-шаҳри Душанбе санаи 14 апрели соли равон дар шаҳри Душанбе конференсияи илмию амалӣ таҳти унвони «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккул ва рушди хизмати давлатӣ» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «ХОВАР» дар Агентии хизмати давлатӣ хабар доданд.
Дар ҳамоиш кормандони Агентии хизмати давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Академияи идоракунии давлатӣ, магистрантон-хизматчиёни давлатии таҳсили яксолаи Академияи идоракунии давлатӣ бо ихтисоси «Идоракунии давлатӣ» ва «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо шаҳру ноҳияҳо-шунавандагони курси азнавтайёркунӣ аз рўйи барномаи «Асосҳои ҳуқуқии хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иштирок намуданд.
Таъкид гардид, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 апрели соли 2013 доир ба ҳаллу фасли масоили вобаста ба таъмини ҳадафҳои стратегӣ ва афзалиятҳои муайянгардида масъалаи интихоби дурусти кадрҳои соҳаҳои хоҷагии халқ, аз ҷумла дар хизмати давлатӣ чунин арзёбӣ шудааст:
«Бо мақсади пешбурди сиёсати самарабахши интихоби кадрҳои роҳбарикунанда ва беҳтар гардонидани иҷрои вазифаҳои давлатӣ масъалаҳои тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои касбии соҳаи идоракунии давлатӣ имрӯз дар радифи масъалаҳои умда қарор дорад. Дар робита ба ин, зарур аст, ки ҳайати сифатии кадрҳои хизмати давлатиро бо роҳи ҷорӣ намудани усулҳои нави хостагирӣ ва баланд бардоштани сатҳи омодасозии онҳо куллан беҳтар намуда, дастгоҳи идоракунии касбиеро ташаккул диҳем, ки барои онҳо хизмати содиқона ба халқу Ватан аз ҳама муҳимтар бошад. Ҳангоми хостагирӣ ва ҷобаҷокунии кадрҳо маҳз дараҷаи баланди касбӣ, донишҳои васеи муосир, дар сатҳи хуб донистани забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои замонавӣ, дараҷаи баланди масъулиятшиносиву ватандӯстӣ, поквиҷдонӣ ва оштинопазирӣ нисбат ба ҳолатҳои коррупсионӣ бояд меъёрҳои асосӣ гарданд».
Дар татбиқи ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумати Тоҷикистон маҳз хизматчиёни давлатӣ масъулияти асосиро ба зимма доранд. Ҳамин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ вобаста ба нақши хизматчиёни давлатӣ дар рушди ҷомеа таъкид доштанд: «Хизматчиёни давлатӣ нерӯи пешбарандаю таҳкимбахши давлату давлатдорӣ мебошанд».
Меҳмонони конференсия зимни суханронӣ вобаста ба хизматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таҳкими ҳокимияти давлатӣ, муайян намудани ҳадафҳои стратегии кишвар, рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар солҳои баъдӣ ва эъмори ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёду ибрози андеша намуда, суханҳои хешро бо иқтибосҳо аз паёму суханрониҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақвият бахшиданд.
Даъват ба амал оварда шуд, ки хизматчиёни давлатӣ бояд дар атрофи сиёсати созандаю бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, баҳри ҳифзи сулҳу суботи ҷомеа, оромиву осудагии кишвар дастаљамъона заҳмат кашид.
Дар фарҷоми чорабинӣ маросими савгандёдкунии хизматчиёни ҷавон баргузор гардида, як зумра хизматчиёни давлатӣ бо мукофотҳои идоравии Агентии хизмати давлатӣ қадрдонӣ шуданд.
АКС: Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон