Сохтмон ва таҷҳизонидани бинои Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст

Апрель 19, 2023 16:19

ДУШАНБЕ, 19.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи амалишавии  Лоиҳаи «Ҳифзи саломатии модару кӯдак ва беҳтар намудани самти ёрии таъҷилии тиббӣ дар ноҳияҳои вилояти Хатлон», ки аз соли 2022 марҳилаи 6-уми он оғоз гардид, сохтмон ва таҷҳизонидани бинои Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст. Дар ин хусус 18 апрел зимни мулоқоти Вазири  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо намояндагони Бонки Олмонии Рушд —  Вероника Гарсия дел Арко ва Андреас Шнайдер иттилоъ дода шуд. 

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат хабар медиҳад, дар вохурӣ  иброз гардид, ки Бонки Олмонии Рушд тайи солҳои охир ба соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон  кумаки назаррас расонида истодааст. Аз ҷумла, айни замон Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии бонки мазкур лоиҳаҳои «Ҳифзи саломатии модару кӯдак ва беҳтар намудани самти ёрии таъҷилии тиббӣ дар ноҳияҳои вилояти Хатлон, марҳилаҳои 2-5» ва «Мубориза бар зидди бемориҳои сил, марҳилаи 5»-ро амалӣ намуда истодааст.

Лоиҳаҳои мазкур аз муқаррароти созишномаҳои байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар бораи ҳамкории молиявӣ сарчашма гирифта, тавассути ҷалби ширкати байналмилалии консалтингии Гопа/Инфра/Эпос татбиқ мегардад.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 19, 2023 16:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид