ДУШАНБЕ, 17.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар сайёраи Замин раванди тағйирёбии иқлим ба назар мерасад, ки оғози бо суръат авҷ гирифтани он аз солҳои 1960-1970-и асри ХХ ба мушоҳида мерасад. Зеро аз худкунии технология, истифодабарии заминҳои ҷангалпӯшу аз байнравии бештари минтақаҳои он, бунёди роҳҳо, макони зист, корхонаҳои саноатӣ, истифодаи сарватҳои табиӣ, ташкили садҳо навъи объектҳои хизматрасонӣ, яъне шаҳршавии ҷангалзор, марғзор, бешазор сабаб гардида метавонанд. Дар мисоли асосӣ биомассаи сабзи захираҳои ҷангали ҷаҳонро метавон овард, ки он аз рӯйи меъёри экологӣ 29 маротиба кам гардидааст. Чунин нигоштааст дар мақолаи худ муовини сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои макроиқтисодии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустамҷони Сайдулло, ки ба унвони АМИТ «Ховар» ирсол намудааст.
Дар идома муаллиф чунин ибрози андеша кардааст:
— Мувофиқи маълумоти бахши ҳифзи муҳити зисти СММ дар солҳои 1960-1970 масоҳати ҷангалзори сайёраи Замин на кам аз 7,8 миллиард гектар буд, ки шумораи аҳолии сайёра дар он вақт 3,02–3,62 миллиард нафарро ташкил медод.
Аммо дар солҳои 2018-2022 масоҳати ҷангалзори сайёраи Замин ба 4,2 миллиард омада расид, ки дар ин маврид шумораи аҳолӣ беш аз 7 миллиардро (7,52–7,97 миллиард) ташкил медод. Яъне тайи 50-60 сол миқдори ҷангалзор 45-46 % кам гашта, шумораи аҳолӣ бошад 1,49 маротиба зиёд шудааст.
Албатта, истифодабариҳо баёнкунандаи он аст, ки пешрафтҳои илмию техникии ҷаҳон дар густариш аст, вале мушкил дар он мебошад, ки раванди тағйирёбии иқлим дар сайёраи Замин бо шиддат дар ҳолати афзоиш қарор дорад.
Дар як сол на кам аз 260 млн.тонна партовҳои оксиди силитсий, 160 млн.тонна партовҳои дуоксиди сулфур, беш аз 200 млн. тонна партовҳои дуоксиди карбон, зиёда аз 80 млн.тонна партовҳои гази метан, зиёда аз 120 млн. тонна партовҳои оксиди карбони дувалента, зиёда аз 100 млн. тонна пайвастагиҳои хлордор ва дигар моддаҳое ки боиси заҳролудшавии ҳавои атмосфера ва шиддатнок гардидани тағйирёбии иқлим мегардад.
Ҳолати аз ҳама бади кор дар он мебошад, ки ин ҳолат боиси аз ҳад зиёд таъсирасон ва ё камшавӣ ба неъмати асосӣ–обҳои ошомиданӣ гардида истодаанд. Дар натиҷа, на танҳо таъсири норасои об ба ҳолати иҷтимои мардум, балки ба иқтисодиёти миллӣ низ таъсири бевоситаи худро мерасонад.
Агар мо ба таҳлили панҷ соли офатҳои табиӣ аз соли 2017 то соли 2021 назар намоем, дар натиҷаи онҳо миллиардҳо доллари ИМА хисорот ба иқтисодиёти ҷаҳон расидааст, ки бештаре аз онҳо вобаста ба об мебошад. Чунон, ки дар Гузориши умумиҷаҳонии СММ дар бораи вазъи об гуфта шудааст, зарари соли 2019 тақрибан 90%-и тамоми офатҳои табиӣ дар ҷаҳон бавуҷудомада бо об алоқаманд аст.
Дар солҳои охир 5%-и офатҳои табииро хушксолӣ ташкил медиҳад, ки тақрибан ба 1,1 миллиард нафар зарари ҷиддӣ мерасонад. Дар натиҷа муҳоҷирати аҳолӣ низ аз офатҳои табии ва тағирёбии иқлим зиёд гардида, танҳо дар ин панҷсола 18,8 милион нафар вобаста ба таъсири ин ба муҳоҷир шудаанд.
Албатта, қисме аз ин ҳодисаҳо дар соли 2022 низ ба назар мерасад, масалан, сӯхтори ҷангалзор дар Аврупою Амрико ва аз байн рафтани 662 776 гектар ҷангалзор, аз байн рафтани 100 ҳазор гектар ҷангалзор дар Сибир, сухторҳои ҷангалзор дар Қазоқистон ва ғайра.
Инчунин, боришоти зиёд ва ба вуҷуд омадани сел дар Ҷумҳурии Исломии Покистон, ки садҳо нафар ба ҳалокат расида, 33 миллион нафар аз офати табиӣ осеб дидаанд. Чунин боронгариҳо 3,5 ҳазор километр роҳ ва қариб 150 пулро вайрон карда, 950 ҳазор хона қисман ё пурра хароб гашта, ба иқтисодиёти миллии ин давлатҳо хисороти калон расонидаанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҷузъи ҷудонашавандаи ҷаҳони муосир мебошад. Бо даразардошти он, ки зиёда аз 2 миллион аҳолии сайёра аз оби тозаи ошомиданӣ танқисӣ мекашад, давлати мо аз ин неъмати бебаҳо ғанӣ мебошад. Аз нигоҳи иқтисодӣ талабот ба об дар чунин ҳолатҳо бештар ба вуҷуд меояд: рушди демографӣ; муҳоҷират ва урбанизатсия; тараққиёти пуравҷи иқтисодиёт ва ғайриоқилона истифода бурдани об дар соҳаҳои алоҳида; қонеъ нагардонидани нақшаҳои обтаъминкунӣ вобаста ба зиёд намудани зироатҳои обталаб ва зиёд намудани заминҳои обӣ дар соҳаи кишоварзӣ.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, албатта рушди демографӣ ва тараққиёти пуравҷи иқтисодӣ ба назар мерасад. Инчунин, дар бештаре аз минтақаҳо низ қонеъ нагардидани нақшаҳои обтаъминкунӣ вобаста ба корношоямӣ ва тоза нагардидани ҷӯйу заҳбурҳои обкаш чашмрас мебошад. Ин имкон намедиҳад, ки ба хоҷагидорон миқдорӣ лозимаи об расад, ҳосилнокии зироат ва ҳосилнокии меҳнати кишоварзон коста гардида, боиси баландшавии арзиши аслии маҳсулоти кишоварзон имкон намедиҳад, ки амнияти озуқаворӣ ба таври қонеъкунанда таъмин гардад. Бояд тазаккур дод, ки мушкилоти зерин метавонад барои ба таври кофӣ таъмин нагардидани талабот бо об монеа шавад:
— норасидани захираи об;
— ифлосшавии захираҳои об;
— хатарҳои барои одамон ва муҳити зист вобаста ба таъсири об (яънеобхезӣ, хушксолӣ, сел, ярҷ ва ғайра);
Ҷумҳурии Тоҷикистон захираи кофии оби тозаи нӯшокиро доро мебошад, ки мушкилоти имрӯза дар бештаре аз давлатҳои ҷаҳон мебошад. Тараққиёти устувори иқтисодиёт ва баланд шудани дараҷаи некуаҳволии аҳолӣ бештаран аз ҳифз ва оқилона истифода бурдани об ва таъмин будани он ба таври кофӣ мебошад.
Вобаста ба ин, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории “Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” чунин иброз намуданд: “ 98 фоизи барқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути манбаъҳои барқароршаванда истеҳсол гардида, кишвари мо дар рушди сабзи минтақа нақши муассир мегузорад. Дар баробари омилҳои манфиатбор офатҳои табиии марбут ба рушди иқтисодиёт таъсири ногувор мерасонад. Ба таъкиди коршиносон, 70 фоизи ҳолатҳои фавқулода ва 80 фоизи талафоти иқтисодӣ ба омилҳои монанд ба офатҳои табии марбут ба об иртибот дорад. Дар солҳои гуногун зарар аз офатҳои табии марбут ба об 8-9 фоизи маҷмуи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад, ки чунин ҳолат на танҳо хосси Тоҷикистон, балки хосси дигар давлатҳо, хусусан давлатҳои рӯ ба рушд мебошад».
Навобаста аз он, ки миқдори ками оби мавҷудбудаи давлатамонро истифода менамоем, метавон чунин корҳоро ба сомон расонем, ки боиси рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ гардад:
— дуруст дарк кардани тамоми таъкидҳои Сарвари давлат ва мавриди амал қарор додану сифатан бо ҳосилнокии баланди меҳнат иҷро кардани он;
— дуруст истифода бурдани қонунҳои табиат, аз он ҷумла сад дарсад хушк накардани чашмасорон, тоза кардани ҷуй ва заҳбурҳо, ташкили қубурҳои обпартоӣ, ки ин ҳолат бештаран дар деҳотҳо истифода мегарданд;
– зиёд кардани обҳои ҷамъиятӣ дар деҳот, инчунин, кам кардани обҳои шахсие, ки барои як нафар истифода мебаранд, ё ба оби ҷамъиятӣ гузаронидани онҳо;
-зиёд кардани заминҳои обӣ ва ҷалби бештари сармоягузорӣ барои обёрии минтақаҳои дурдасти камоб;
— дуруст ба роҳ мондани ҳолатҳои экологӣ ва ҳифз намудани об на танҳо дар деҳот, инчунин дар шаҳрҳо бо муҷаҳҳаз гардонидани техникаҳои наву замонавии ҳисобнамои он;
— зиёд намудани обмонии қатрагӣ дар соҳаи кишоварзӣ, ки ин имкон медиҳад то 20 дарсад обро сарфа намояд;
— ташкили низоми ягонаи идоранамои об ва таҳлили пурраи тамоми барномаҳою маблағҳои ҷудогардида доир ба таъмини об дар минтақаҳои мамлакат.
АКС аз манбаъҳои боз