ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 апрел, сешанбе, 108-умин рӯзи соли 2023 аст

Апрель 18, 2023 08:00

18 апрели соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  Котиби давлатии Вазорати Аврупо ва корҳои хориҷии Ҷумҳурии Фаронса Жан-Батист Лемуанро ба ҳузур пазируфтанд.

 ***

18 апрели соли 2013 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷамъияти саҳомии Ширкати миллии Роҳи оҳани Қазоқистон Аскар Мамин мулоқот намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 дар пойтахти Тоҷикистон Иҷлосияи  даҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе доир шуд.

***

18 апрели соли 1998 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон интихоб шуданд.

18 АПРЕЛ:

Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ.

***

Рӯзи ҷаҳонии радиодӯстдорон.

РӮЙДОДҲО:

18 апрели соли 2022 сафирони Тоҷикистон ва Гватемала рушди муносибатҳо ва тақвияти ҳамкории ду давлатро баррасӣ карданд.

***

18 апрели соли 2014 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон узви Шӯрои давлатӣ, Вазири амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин Го Шенкунро, ки барои иштирок дар мулоқоти навбатии котибони шӯроҳои амнияти давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард, ба ҳузур пазируфтанд.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 дар пойтахти Тоҷикистон намоиши донишгоҳҳои Қазоқистон доир гардид.

***

18 апрели соли 2014 дар Душанбе масъалаи рушди  ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Ҷопон муҳокима гардид.

***

18 апрели соли 2018 Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Аморати Муттаҳидаи Араб  дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд.

***

18 апрели соли 2010 ду шаҳрванди Тоҷикистон бо дучархаҳои худ ба сайри ҷаҳон баромаданд.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД 

Фотеҳ Ниёзӣ- соли 1914 — Нависандаи халқии Тоҷикистон. Барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А. Рӯдакӣ, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

***

Бозор Назриев -соли 1938 — профессор, доктори илми риёзӣ

Апрель 18, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш