Тарбиятгирандагони Интернати наздимактабии №26 дар Роштқалъа аз туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон бархурдор шуданд
ДУШАНБЕ, 20.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ба 55 тарбиятгирандаи Интернати наздимактабии №26-и ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ туҳфаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастрас карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Тибқи дастури Пешвои миллат барои тарбиятгирандагони муассиса хони идона ташкил гардида, аҳли ҳунари ноҳияи Роштқалъа барои фароғати тарбиятгирандагони интернат барномаи фарҳангӣ манзур намуданд.
Туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сару либоси мактабӣ, пойафзол ва либоси варзишӣ иборат буда, ба тарбиятгирандагони интернати наздимактабӣ тақдим карда шуд. Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар тарбиятгиранда туҳфаи Пешвои миллатро супорида, ба онҳо ҳидоятҳои роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакатро бобати соҳибкасб гардидан, таҳсили хуби илм, баҳрабардорӣ аз технологияи замонавӣ, омӯзиши забони давлатӣ ва дӯст доштани Ватан, аҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ таъкид намуд.
Бояд гуфт, ки дар Интернати наздимактабии№ 26-и ноҳияи Роштқалъа 55 нафар ба таълим фаро гирифта шудааст, ки аз он 26 нафар писар ва 29 нафар духтар мебошад. 23 нафари онҳоро ятимон ташкил намуда, аз тамоми шароити барои таълим мувофиқ баҳравар мебошанд. Ҳамзамон 18 тарбиятгиранда аз оилаҳои ниёзманд буда, 3 нафари онҳо дорои имконияти маҳдуди ҷисмонианд. 11 тарбиятгиранда аз ҷамоатҳои деҳоти дурдасти ноҳияи Роштқалъа дар ин боргоҳи дониш ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст.
Дар хобгоҳи интернати мактабӣ 17 нафар зиндагӣ дошта, барои будубоши онҳо шароити зарурӣ фароҳам аст. Хобгоҳи тарбиятгирандагон дар фасли сарди сол бо гармкунакҳои каммасрафи барқӣ таъмин буда, дорои ошхона аст, ки тарбиятгирандагонро бо 3 вақт ғизои гарм таъмин менамояд.
Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳар тарбиятгирандаи интернат суҳбати самимӣ доир намуда, таъкид намуданд, ки ҳар яки онҳо таҳти таваҷҷуҳи ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
АКС: АМИТ «Ховар»








«ҲИКМАТИ МОДАР». Бо мақсади арҷгузорӣ ба мақому манзалати Зан – Модар иқдоми ҷумҳуриявӣ оғоз гардид
Дар Душанбе ҳамоиши «Занону модарони тоҷик- нигини пурҷилои тоҷи миллат» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон ҳавои моҳи аввали фасли баҳор чӣ гуна мешавад?
Наврӯз дар Тоҷикистон 20 март фаро мерасад
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Барномаи сиёсӣ-фарҳангии аъзои ҳизби пойтахт баргузор гардид
Аз 4 то 7 март дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
ПОЙТАХТ — ОИНАИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ. Чаро бархе сокинон нисбат ба иншооти сохташуда беэътиноӣ зоҳир мекунанд?
Дар фасли баҳор кадом бемориҳо авҷ мегиранд?
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Фаромӯшхотирӣ дар калонсолон ба тағйироти синнусолӣ вобаста аст
1 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ИММУНИТЕТ. Он системаи муҳофизатии организм маҳсуб мешавад
Дар саросари Тоҷикистон иқдоми ҷумҳуриявии «Гулгардонӣ» оғоз гардид
«ЗАН-МАЗҲАРИ ПОКИЗАГӢ». Аз 1 март то 31 май иқдоми ҷумҳуриявии ободкорию тозакорӣ баргузор мегардад






