ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Шумораи ҳадди ақалли қадамзанӣ барои одамон дар як ҳафта номбар карда шуд
ДУШАНБЕ, 05.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Муҳаққиқон ба хулосае омаданд, ки барои саломатӣ ва дарозумрӣ одамон воқеан бояд дар як ҳафта ҳадди ақалл чандин қадам зананд. Дар ин хусус АЗЕРТАҶ бо истинод ба расонаҳои хориҷӣ хабар додааст.
Муҳаққиқон муддати тӯлонӣ оид ба зарурати тақрибан 10 ё 8 ҳазор қадам дар як рӯз пиёда гаштан баҳс мекунанд. Шубҳае нест, ки тарзи ҳаёти фаъол воқеан ба мо кумак мекунад, то ки сатҳи саломатии худро нигоҳ дорем ва ҳатто давомнокии умрамонро зиёд кунем. Вале олимон натавонистанд аниқ муайян созанд, ки дар як як рӯз мо бояд чанд қадам гузорем.
Дар як тадқиқоти нав олимони Донишгоҳи Киотои Ҷопон ба хулосае омаданд, ки роҳ рафтан дарвоқеъ ягона чизест, ки барои солимӣ ва дарозумрӣ ба мо зарур аст. Гузашта аз ин, тадқиқотчиён боварӣ доранд, ки ҳатто ҳадди ақалли қадамзанӣ барои нигоҳ доштани сатҳи зиндагӣ ва саломатӣ кофӣ аст.
Ҳамин тавр, муҳаққиқон муайян карданд, ки ҳамагӣ 8000 қадам задан дар як ҳафта як ё ду маротиба барои беҳтар кардани саломатии мо кофӣ хоҳад буд. Натиҷаҳо нишон медиҳанд, ки одамоне, ки ин ҳадди ақалли қадамҳоро дар як ҳафта мегузоранд, барои дилу рагҳо ҳамон «фоидаҳо» ва сатҳи пасти нишондиҳандаи фавтро мисли онҳое, ки ҳар рӯз 8000 қадам мегузоранд, доранд.
Ба гуфтаи муаллифи тадқиқот доктор Косуке Иноуэ, ин барои калонсолоне, ки дар рӯзҳои корӣ барои машқ кардан вақт надоранд ва аз ин рӯ онҳо метавонанд танҳо дар рӯзҳои истироҳат ба сайру гашти тӯлонӣ раванд ё машқ кунанд, хабари хуб аст. Олимон инчунин боварӣ доранд, ки натиҷаҳои тадқиқоти онҳо имкон медиҳад, ки як ду маротиба дар як ҳафта гаштугузори пиёдаро ба онҳое, ки махсусан аз нарасидани вақт азият мекашанд – ва чунин ба назар мерасад, ки ҳатто як амали ба назар хурд барои беҳтар кардани саломатии онҳо кофӣ хоҳад буд, тавсия диҳем.
Дар хотир нигоҳ доред, ки ҳаракати ҷисмонӣ на танҳо барои дилу рагҳои хунгард муфид аст, балки инчунин ба устухонҳо, майна, системаи масуният дар маҷмуъ, сатҳи асабоният ва сифати хоб таъсири мусбат мерасонад.
Азиза ИКРОМӢ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз