ТАТБИҚИ БАРНОМАҲОИ ДАВЛАТӢ. Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон машваратҳои омӯзишӣ доир менамояд

Апрель 13, 2023 13:42

ДУШАНБЕ, 13.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. 12 апрел дар асоси нақшаи амали «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030» бо иштироки намояндаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба дастгирии занон ва амалишавии барномаҳои давлатӣ дар ин самт барои кормандони дастгоҳи марказии Сарраёсати геологияи тоҷик машварати  омӯзишӣ доир гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба кумитаи мазкур хабар медиҳад, зимни даври омӯзишӣ масъалаҳои нақш ва мақоми занон дар рушди иқтисоди миллӣ ва татбиқи барномаҳои давлатӣ дар самти кор бо занон ва оила баррасӣ гардид.

Ҳамзамон бо иштироки роҳбарияти Кумита чунин  машварати омӯзишӣ барои кормандони дастгоҳи марказӣ ва зерсохторҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар ҷараёни даври омӯзишӣ дар баробари баррасии масъалаҳои мазкур инчунин ҷиҳати муайян намудани сатҳи забондонии иштирокчиёни он диктанти санҷишӣ бо забонҳои давлатӣ ва русӣ ба роҳ монда шуд.

Ёдовар мешавем, ки Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд муддат аст, ки бо мақсади иҷрои нақшаи амали Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030 ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониш, маҳорату малакаи мудирият ва таҳлилгарии хизматчиëни давлатӣ, дониши ҳуқуқию сиёсии занону духтарон дар вазорату идораҳо, ташкилот ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ машваратҳои омӯзишӣ баргузор менамояд.

АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 13, 2023 13:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ Форуми байналмилалии «Нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ» доир мегардад
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад