«ТОҶИКСТАНДАРТ ОГОҲ МЕКУНАД!». Мутахассисони ин ниҳод корҳои фаҳмондадиҳиро пурзӯр менамоянд
ДУШАНБЕ, 13.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарияти Агентии «Тоҷикстандарт» ҷиҳати риояи қонунгузорӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, қоидаҳои савдою хизматрасонӣ ва назорати нархи маҳсулот комиссияи назоратӣ таъсис дода, инчунин 5000 дона варақаҳои рангаро бо навиштаҷоти «Тоҷикстандарт огоҳ мекунад!» дар бозору нуқтаҳои савдои шаҳри Душанбе насб кард, ки иқдоми мазкур идома дорад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии мазкур.
Имрўзҳо мутахассисони Агентии «Тоҷикстандарт» дар якҷоягӣ бо намояндагони сохторҳои дахлдор ва фурӯшандагони бозору марказҳои шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҷиҳати риояи қонунгузорӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, қоидаҳои савдо, хизматрасонӣ ва назорати нархи маҳсулот корҳои назоративу машваратиро ба роҳ мондаанд.
Дар раванди корҳои фаҳмондадиҳӣ аз маъмурияти бозорҳо, марказҳои савдо, соҳибкорони инфиродӣ ва нуқтаҳои хизматрасон даъват ба амал оварда мешавад, ки фурӯшандагон ва ҳайати хизматрасонро бо либоси ягонаи махсуси корӣ ва нишони сарисинагӣ таъмин намоянд.
Дар баробари ин аз ҷониби мутахассисони Агентӣ ба муомилот набаровардани маҳсулоти пастсифат ё муҳлати истеъмолиашон гузашта ва пешгирӣ намудани ҳолатҳои беасос болоравии нархҳо, яъне худсарона баланд бардоштани нархҳо, ба хусус маҳсулоти гӯштӣ, меваю сабзавот, биринҷ, равған ва дигар анвое, ки маҳсулоти ниёзи аввалия маҳсуб мегардад, пайваста назорат карда мешавад.
Бо мақсади ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ҷиҳати истифодаи тарозуҳо ҳангоми харидории маҳсулоти ғизоӣ бо иштироки мутахассисони раёсати таъминоти метрологии воситаҳои ченак дар бозорҳои шаҳри Душанбе мониторинг гузаронида шуда, барои сари вақт бартараф намудани камбудиҳо дар ин самт ва ба тартиб даровардани истифодабарии «Тарозуҳои назоратӣ» ба роҳбарону масъулони бозорҳо тавсияҳои зарурӣ дода шуд.
Бояд тазаккур дод, ки тавассути гузаронидани вохӯрӣ ва семинар — машваратҳо бо истеҳсолкунандагон, фурӯшандагон ва соҳибкорони воридкунандаи молу маҳсулот корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба риояи қоидаҳои савдо ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон тақвият дода шуданд, ки дар натиҷа аз ҷониби соҳибкорони масъулиятшинос ба Агентӣ барои нобудсозии маҳсулоти ғизоии муҳлати истеъмолиашон гузашта дархост ворид шудааст. Аз ҷумла, аз ҷониби соҳибкорон тибқи дархост зиёда аз 20 000 кг маҳсулоти гуногуни хӯрокворӣ, ки муҳлати истеъмолиашон гузаштаанд, ба анбори нигоҳдории Агентӣ ворид гардида ва несту нобуд карда шуд.
Дар самти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, таъмини риояи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ дар раванди гузаронидани назорати давлатӣ дар субъектҳои хоҷагидори ҷумҳурӣ аз ҷониби мутахассисони Агентӣ барои риоя накардани талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ, фурӯши маҳсулоти пастсифат ва хатарнок, риоя накардани ҳуқуқи истеъмолкунандагон пайваста чораҳои маъмурӣ андешида мешавад.
АКС: Агентии «Тоҷикстандарт»








Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт






