Толиб Шаҳидӣ дар Душанбе дар барномаи «Сюитаи устод» ҳунарнамоӣ менамояд
ДУШАНБЕ, 03.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. 29 апрел, соати 17:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ дар зери мусиқии композитор Толиб Шаҳидӣ барномаи хореографӣ таҳти унвони «Сюитаи устод» иҷро карда мешавад. Дар барнома устод Толиб Шаҳидӣ ҳунарнамоӣ менамояд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Театри давлатии академии опера ва балет иттилоъ доданд.
Барномаи ҳунарии «Сюитаи устод» бо ҳамовозии фортепиано доир мегардад. Тамоми фазои театр ёддоштҳои гарми асарҳои устод Толиб Шаҳидиро, ки барои ин саҳна офаридааст, дар худ нигоҳ медорад.
Ин барномаи беҳамто танҳо як рӯз бо иштироки солистони балети миллӣ, таҳиягарони хориҷӣ ва нобиғаи мусиқии муосир Толибхон Шаҳидӣ баргузор мегардад.
Ёдовар мешавем, ки Толиб Шаҳидӣ оҳангсози маъруфи тоҷик, Ходими санъати Тоҷикистон (1966), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (1999), дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ ва узви Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон (1972) мебошад.
Толиб Шаҳидӣ муаллифи симфонияҳо, операҳо, балетҳо, консертҳои созӣ, мусиқӣ ба филмҳо, намоишномаҳои «Эдип», «Исороти ибодатнома», «Ромео ва Ҷулйетта», «Сусмор», «Шоҳ Фаридун», «Шоҳ Лир», «Рӯдакӣ», балетҳои «Спитамен» (1975), «Марги судхӯр» (1978), «Хотираи қалб» (1981), «Юсуф ва Зулайхо» (1988), «Сиёвуш» (1992) ва ғайра мебошад.
АКС аз бойгонӣ








Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад






