Туҳфаҳои Пешвои миллат ба таълимгирандагони Мактаб-интернати ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ расонида шуд

Апрель 20, 2023 14:53

ДУШАНБЕ, 20.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Туҳфаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба таълимгирандагони Мактаб-интернати ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ муовини Сарвазири мамлакат  Матлубахон Сатториён расонид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия  иттилоъ дод.

Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳайати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ нахуст ба муассисаи таълимии Мактаб- интернати ноҳия, воқеъ дар  шаҳраки Меҳрон ташриф оварда, бо шароити буду бош ва таълиму тарбия дар он шинос шуданд.

Муовини Сарвазири мамлакат ба таълимгирандагони мактаб-интернати ноҳия гуфт, ки «Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сиёсати башардӯстонаи  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирӣ ва таълиму тарбияи насли наврас тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд. Дар баробари ин ғамхорӣ ба насли наврас, бахусус ятимону бепарасторон ва фарзандони оилаҳои камбизоат дар мадди назари Ҳукумати мамлакат қарор дошта, дар арафаи ҳар иду ҷашн аз ҷониби  Пешвои миллат онҳо ба ғамхорӣ фаро гирифта мешаванд».

Ҳамчунин  мавсуф таъкид кард, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таълиму тарбия тамоми шароитро муҳайё кардааст. Дар ин замина вазифаи шумо танҳо бо баҳои хубу аъло хондан мебошад.

Сипас туҳфаҳои Пешвои миллат иборат аз сарулибоси мактабию варзишӣ, инчунин шириниҳои идона ба тарбиятгирандагон тақдим карда шуд.

Ҳамчунин муовини Сарвазири Тоҷикистон Матлубахон Сатториён бо омӯзгорони муассиса суҳбат карда, таъкид дошт, ки бо истифода аз имконоти фароҳамоварда барои баланд бардоштани сатҳи дониши тарбиятгарандагон, омӯзиши фанҳои дақиқ, забонҳои хориҷӣ, инчунин дар руҳияи худогоҳиву худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ тарбия намудани наврасону ҷавонон аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир намоянд.

Тарбиятгирандагони ин муассиса аз чунин дастгириву ғамхориҳои падаронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  хушҳол шуда, изҳори миннатдорӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки мактаб-интернат дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ягона буда, аз соли 2008 инҷониб фаъолият мекунад. Аллакай шогирдони ин боргоҳи маърифат пас аз хатм дар мактабҳои олии мамлакат таҳсил кардаву қисме дар идораҳои гуногуни давлатӣ фаъолият доранд.

Шароит барои таълиму тарбия ва буду бош дар ин муассиса фароҳам буда, айни ҳол 42 хонанда, аз қабили ятимону бепарасторон ва кӯдакон аз оилаҳои камбизоат ба таълим фаро гирифта шудааст.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии оҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

Апрель 20, 2023 14:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷойгоҳи зан дар ҷомеа ва нақши оила дар таҳқими арзишҳои иҷтимоӣ баррасӣ гардид
ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД. Дар ноҳияи Фирдавсӣ чорабинии сиёсӣ — фарҳангӣ доир гардид
«ҲИКМАТИ МОДАР». Бо мақсади арҷгузорӣ ба мақому манзалати Зан – Модар иқдоми ҷумҳуриявӣ оғоз гардид
Дар Душанбе ҳамоиши «Занону модарони тоҷик- нигини пурҷилои тоҷи миллат» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон ҳавои моҳи аввали фасли баҳор чӣ гуна мешавад?
Наврӯз дар Тоҷикистон 20 март фаро мерасад
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Барномаи сиёсӣ-фарҳангии аъзои ҳизби пойтахт баргузор гардид
Аз 4 то 7 март дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
ПОЙТАХТ — ОИНАИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ. Чаро бархе сокинон нисбат ба иншооти сохташуда беэътиноӣ зоҳир мекунанд?
Дар фасли баҳор кадом бемориҳо авҷ мегиранд?
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Фаромӯшхотирӣ дар калонсолон ба тағйироти синнусолӣ вобаста аст
1 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ИММУНИТЕТ. Он системаи муҳофизатии организм маҳсуб мешавад