Ҷудочиёни тоҷик дар Ҷоми Осиё байни наврасону ҷавонон соҳиби 5 медал гардиданд
ДУШАНБЕ, 10.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ҷудочиёни тоҷик дар мусобиқаи Осиё оид ба ҷудо байни наврасону ҷавонон 5 медал — 1 тилло ва 4 биринҷӣ ба даст оварданд. Медали тиллоро дар ин сабқат Иброҳимҷон Элмуродов дар вазни +100кг байни ҷавонон ба даст овард. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд.
Варзишгари дигари тоҷик байни ҷавонон Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода дар вазни -81кг медали биринҷӣ ба даст овард. Се медали дигари биринҷиро паҳлавонони мо аз байни наврасон ба даст оварданд: Лоиқ Қутбиддинов дар вазни -55кг, Ворис Назаров дар вазни -66кг ва Аминҷон Абдуллозода дар вазни -73кг.
Дар мусобиқа байни наврасон 381 варзишгар (239 писар, 142 духтар) аз 10 давлат, байни ҷавонон 299 варзишгар (208 писар, 91 духтар) аз 10 давлат иштирок доштанд.
Варзишгарони моро дар ин сафар мураббиён Давид Габаидзе ва Абдулло Норов ҳамроҳӣ карданд.
Бояд тазаккур дод, ки иштирок дар мусобиқаи мазкур ва дигар мусобиқаҳои байналмилалӣ дар моҳҳои оянда марҳилаи омодагии дастаи наврасону ҷавонони мамлакат ба Чемпионати ҷаҳон мебошад.
Ёдовар мешавем, ки баргузории Чемпионати ҷаҳон байни наврасон 23-26 август дар шаҳри Загреби Хорватия ва байни ҷавонон 4-7 октябр дар шаҳри Коимбраи Португалия ба нақша гирифта шудааст.
АКС: Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд






