Қуръакашии марҳилаи дуюми Лигаи минтақавии ҷудо байни клубҳо баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 23.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Қуръакашии марҳилаи дуюми Лигаи минтақавии ҷудо байни клубҳо, ки 6 май баргузор мешавад, доир гашт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар доданд.
Клуби ҷудои «Ҳоҷӣ Шариф» аз Тоҷикистон дар марҳилаи дуюм бо дастаҳои «Урал-Сибири Ғарбӣ» (Екатеринбург), «Турбостроител» (Санкт Петербург) ва «Jenys» (Қазоқистон) дар як гурӯҳ сабқат мекунад.
Дар марҳилаи дуюм низ 16 даста дар 4 гурӯҳ рақобат мекунад ва аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин- ҳамагӣ 8 даста ба марҳилаи финалӣ, ки 8 июл ба нақша гирифта шудааст, роҳхат мегирад.
Дар маросими қуръакашӣ барандаи медали нуқраи Олимпиадаи Лондон, чемпиони чандинкаратаи ҷаҳон Александр Михайлин ва барандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпии Пекин Расул Боқиев иштирок карданд.
АКС аз манбаъҳои боз
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд






