ЧӢ БОЯД КАРД, ТО ДАР ФАСЛИ ТОБИСТОН БА БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ ГИРИФТОР НАШАВЕМ? Дар Хуҷанд ба масъулин дар ин хусус огоҳӣ доданд

Май 29, 2023 10:47

ДУШАНБЕ, 29.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади пешгирӣ аз зуҳури бемориҳои сироятӣ дар фасли тобистон аз ҷониби Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд қарор ба тавсиб расид, ки мутобиқи он фурўши ғайриқонунӣ ва бидуни хулосаҳои санитарию эпидемологӣ пешкаш намудани молу маҳсулоти кремдор, нўшокиҳои ташнагишикан, пастсифат ва ғайристандартӣ, хўришҳои дар шароити хона омодакардашуда ва маводи қимаи дамкардашуда қатъиян манъ карда шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд.

Дар ин хусус зимни баргузории мулоқоти роҳбарияти Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд бо масъулини бозорҳо, марказҳои савдо ва соҳибкороне, ки ба хариду фурӯш ва истеҳсоли маводи қаннодии кремдор, шириниҳо ва гӯштӣ машғул мебошанд, иттилоъ дода шуд.

Дар мулоқот сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд Азаматхўҷа Воҳидов иброз дошт, ки баробари фарорасии фасли тобистон талабот ба ширинию маҳсулотҳои қаннодӣ, ташнагишикан ва дигар анвои хӯрокаи болаззат афзун гардида, гурўҳе аз соҳибкорон бо истифода аз фурсат дидаву дониста чунин маҳсулотро бидуни қоидаҳои беҳдоштӣ ба мизоҷон пешниҳод менамоянд. Ин амали ношоистаи онҳо сабаби ба бемориҳои сироятӣ гирифтор шудани баъзе аз сокинон, хусусан кўдакону наврасон мегардад.

«Ҳадафи мулоқоти имрўза пеш аз ҳама, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва пешгирии бемориҳои сироятӣ мебошад. Аз ин лиҳоз, аз соҳибкорон ва дигар кормандоне, ки дар самт фаъолият доранд, талаб карда мешавад, ки сиҳатии оммаро аз манфиати хеш боло дониста, ба чунин қонуншиканӣ роҳ надиҳанд»,- таъкид кард номбурда.

Таъкид гардид, ки ҷиҳати пешгирии воридоти молу маҳсулоти пастсифат ва ба саломатӣ зараровар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд доир ба риояи ҳатмии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» чораҳои таъхирнопазир меандешад.

Дар нишаст ҳамзамон роҳҳои тавсеаи бештари ҳамкории мутақобилан судманди сохтори салоҳиятдор бо соҳибкорон дар самти ҷилавгирӣ аз воридот ва фурӯши молу маҳсулоти пастсифати ғизоӣ матраҳ гардид.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд

Май 29, 2023 10:47

Хабарҳои дигари ин бахш

ИХТИРОЪКОРИ БЕҲТАРИНИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти Ганҷина Наврӯззода намунаи ибрат ва шоистаи пайравӣ аст
Пешвои миллат: «Зан – модар меҳвари хонавода ва пайвандгари оила бо ҷомеа аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модар рамзи ҷовидонаи ҳаёти башар аст»
Дар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Рӯзи Модар ҷашн гирифта шуд
Ба нақши беназири модарон дар ҳаёти оила ва ҷомеа ҳамеша арҷ гузошта мешавад
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ ВАФО. Рӯзи Модарро дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил намуданд
Нақши занон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва рушди иҷтимоию сиёсии Тоҷикистон назаррас аст
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Хатлон 6260 иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи Модар барномаи бошукуҳи фарҳангӣ доир гардид
Занон дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон саҳми назаррас доранд
«ТУҲФА БА МОДАР». Сарбозон бо дастовез ба назди модарон мераванд
РӮЗИ МОДАР — ИСФАНДОРҶАШНИ НИЁГОН. Тоҷикон аз замонҳои қадим арзишҳои фарҳангиро ҳифз намуда, аз насл ба насл интиқол додаанд