25 МАЙ- РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ СТАНДАРТИЗАТСИЯ ВА МЕТРОЛОГИЯ. Дар Тоҷикистон озмоишгоҳҳои ташхисии ин соҳа фаъолияти назаррас доранд

Май 25, 2023 12:20

ДУШАНБЕ, 25.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 25 май дар Тоҷикистон Рӯзи кормандони соҳаи стандартизатсия ва метрология муқаррар карда шудааст. Дар ин робита мухбири АМИТ «Ховар» бо директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Темурҷон Абдулваҳобзода суҳбат намуд.

Темурҷон Абдулваҳобзода дар оғози суҳбат иброз дошт, ки стандартҳо мустақиман ба савдои хориҷӣ таъсир расонида, монеаҳои техникиро дар вақти дастрас намудани маҳсулот ба бозор кам менамоянд. Тибқи маълумот, 80 фоизи савдои ҷаҳонӣ аз стандартҳо вобастагӣ дорад.

««Тоҷикстандарт» мақомоти назоратӣ ва санҷишгари риояи меъёрҳои стандартии молу маводи дар дохил истеҳсолшаванда ва аз хориҷи мамлакат воридшаванда, воситаҳои ченаки ягона ва ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон дар ҳифзи беҳдошти рӯзгори омма маҳсуб шуда, дар айни замон дар Душанбе ва марказҳои маъмурии вилоятҳои Суғду Хатлон, Хуҷанд ва Бохтар, инчунин дар дигар шаҳру навоҳии мамлакат, назири Кӯлоб, Хоруғ, Исфара, Конибодом, Истаравшан, Панҷакент, Рашт, Шаҳритус, Турсунзода, Данғара, Ваҳдат ва Ҷиргатол марказҳои ташхисии минтақавӣ созмон дода шудаанд”,-илова кард ў.

Номбурда шарҳ дод, ки ин марказҳо фаъолияти худро ҷиҳати татбиқи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санаду ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва низомномаи Агентии «Тоҷикстандарт» ба роҳ мондаанд. Инчунин дар агентӣ озмоишгоҳҳои ташхисии бо таҷҳизоти замонавӣ ҷиҳозонида фаъолият доранд, ки ба шаҳрвандон барои таъмини бехатарии сифати маҳсулот хизмат менамоянд.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, дар давраи фаъолияти «Тоҷикстандарт» заминаи моддӣ-техникии он хеле тақвият ёфт. Ин имконият медиҳад, ки талаботи хоҷагии халқи ҷумҳурӣ дар соҳаи стандартонӣ, идораи сифат ва таъмини бехатарии маҳсулот, таъминоти метрологии истеҳсолот, корҳои озмоишӣ, сертификатсияи маҳсулот ва хизматрасонӣ, акредитатсияи хадамоти озмоишӣ ва метрологии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ пурра таъмин карда шавад.

«Бо соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти «Тоҷикстандарт» дар самтҳои стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо мунтазам такмил ёфта, ба комёбиҳои нав ноил гардид. Имрӯз «Тоҷикстандарт» имкон дорад масъалаҳои ба тамоми самтҳои фаъолияти Шӯрои байнидавлатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсия вобастаро мустақилона ҳал намояд»,- афзуд директори Агентӣ.

Мавсуф иттилоъ дод, ки дар соҳаи бамеъёрдарории техникӣ ва стандартонӣ, ки яке аз самтҳои асосии фаъолияти Агентӣ мебошад, давоми се моҳи охир бо мақсади баланд бардоштани сифат ва таъмини бехатарии маҳсулоти ватанӣ, таҳкими истеҳсолоти воридотивазкунанда, мусоидат ба саноатикунонии босуръати мамлакат ва рушди содирот корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба талаботи регламентҳои техникӣ, ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ ва стандартҳои байналмилалӣ амалӣ карда шуд. Дар ин раванд мутахассисон субъектҳои хоҷагидорро бо 1450 саҳифа ҳуҷҷтҳои меъёрии техникӣ (регламентҳои техникӣ, стандартҳои байнидавлатӣ) таъмин намуданд.

Темурҷон Абдулваҳобзода тазаккур дод, ки ҳамзамон дар ин давра дар асоси нақшаи санҷиши субъектҳои хоҷагидор нозирони давлатии раёсат дар 455 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ санҷиш ва назорати давлатии риояи талаботи регламентҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёрии техникиро амалӣ намуданд. Дар асоси протоколҳои Шӯрои байнидавлатӣ оид ба стандартонӣ, метрология ва сертификатсия (МГС) аз 20.01.2023 14 стандарти байнидавлатӣ (ГОСТ) ҳамчун стандарти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд.

Ба иттилои директори Агентӣ, соли равон дар соҳаи бамеъёрдарории техникӣ аз ҷониби масъулин лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Регламенти техникии «Бехатарии гӯшти паранда ва маҳсулоти коркардшудаи он»» тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бамеъёрдарории техникӣ» таҳия гардида, барои баррасӣ ба вазорату идораҳои дахлдор ирсол гардид.

«Мақсади асосии таҳияи регламенти техникӣ- ин ба танзим даровардани меъёрҳои сифат ва бехатарии гӯшти паранда ва маҳсулоти коркардшудаи он мебошад. Регламенти техникии мазкур равандҳои ҳатмии татбиқ ва таъмини талаботро нисбат ба маҳсулоти парандаи дар хоҷагиҳои парандапарварӣ парваришёфта, забҳшуда ва маҳсулоти коркарди он, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муомилот бароварда мешавад ва талаботро нисбат ба равандҳои истеҳсол, нигоҳдорӣ, интиқол (боркашонӣ), фурӯш ва нобудсозӣ, инчунин тамғагузорӣ ва бастабандии маҳсулоти парандаи забҳшуда ва маҳсулоти коркарди он барои таъмини раванди озоди онҳо дар доираи муомилот муқаррар менамояд»,-иброз дошт номбурда.

Тибқи иттилои манбаъ, аз тарафи мутахассисони агентӣ ба 9407 миқдор молу маҳсулот сертификати мутобиқат дода шудааст.

Инчунин дар доираи татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 июли соли 2020 барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ тавассути низоми «Равзанаи ягона» идома дошта, дар Агентӣ ва марказҳои зертобеи он расмиёти сертификаткунонӣ бо риояи талаботи низоми мазкур ба роҳ монда шудааст.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»/ Агентии «Тоҷикстандарт»

 

Май 25, 2023 12:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони ноҳияи Ҷаббор Расулов дар майдони зиёда аз 5 ҳазор гектар кишти чигит мегузаронанд
Вазири кишоварзии Тоҷикистон вобаста ба тақвияти корҳои саҳроӣ бо деҳқонони шаҳри Конибодом суҳбат намуд
Дар шаҳри Хоруғ корхонаи истеҳсоли ҳасиб бунёд мегардад
Дар Суғд барои дарёфти грантҳои раиси вилоят озмун баргузор мешавад
ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад
Дар Эстония Хонаи савдои Тоҷикистон таъсис дода мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар «Аirspace world 2024» дар Женева иштирок намуданд
Ҳангоми истифодаи хабару маводи сомона истинод ба www.khovar.tj ҳатмӣ аст!
Саҳифаҳои расмии АМИТ «Ховар» дар шабакаҳои иҷтимоӣ: facebook.com/niatkhovar, t.me/niatkhovar, youtube.com/@niat_Khovar_tj, instagram.com/niat_khovar/, twitter.com/niatkhovar, Радиои Ховар 101.5 fm, facebook.com/khovarfm/
Роҳбари хоҷагии деҳқонии «Бобои Носир»: «Истифодаи оқилонаи 7,5 гектар замин ва даромад аз он дар баланд гардидани сатҳи зиндагии 5 оила мусоидат намуд»
Деҳқонони ноҳияи Мастчоҳ имсол дар майдони зиёда аз 23 ҳазор гектар кишту парвариши зироати кишоварзиро ба нақша гирифтаанд
Дар шаҳри Хуҷанд Намоишгоҳи X байналмилалии савдо «Суғд-2024» доир мегардад