ҲАМЕША БО ВАТАН БУДАМ, ҲАМЕША БО ВАТАН МАСРУР. Эҳдо ба зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода

Май 2, 2023 13:20

ДУШАНБЕ, 02.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ба зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон  Мирзо Турсунзода 112 сол пур мешавад. Ба ин муносибат имрӯз дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҳамоишу конференсияҳои илмиву адабӣ ва фарҳангӣ доир карда мешаванд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Мирзо Турсунзода фарзанди бузурги халқи тоҷик буда, ҳамеша дар  васфи Ватани азиз ва марзу буми аҷдодӣ шеър мегуфт. Ӯ шоири ватанпарвар буд, ҳамин аст, ки беҳтарин ашъораш ба Ватан ва мардуми он бахшида шудааст. Мирзо Турсунзода ҳамчун мубориз ва тарғибгари сулҳу амонӣ борҳо ба давлатҳои хориҷӣ сафар карда, дар роҳи мустаҳкам гардонидани сулҳу дӯстии мамлакатҳои Ғарбу Шарқ хизматҳои беназир кардааст. Ӯ доимо кӯшиш мекард, ки боварии халқу Ватанро ба ҷо орад, дар ҳар кунҷу канори даҳр ҳам, ки бошад, ба Ватани худ содиқ бошад. Тавре худи шоир гуфтааст:

Ватан, дар ҳар куҷо омад ба cap форам ҳавои ту,
Ман аз он сӯи уқёнус бишнидам садои ту.
Агарчи дар миён тӯфону мавҷи баҳрҳо буданд.
Вале омад ба гӯши ман садои рӯдҳои ту.

Устод Мирзо Турсунзода бо фарҳангу миллати худ ҳамеша мефах­ри­д ва миллат то ба имрӯз бо ин фарзанди боистеъдоду некномаш ифтихор дорад. Шоир ҳамеша кӯшиш мекард, ки ба миллату Ватани худ хизмати шоис­та намояд, бо халқ ҳамнафасу ҳамқадам бошад, суханро ба ман­фи­ати давлат ва ҷамъият истифода созад.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби худ «Чеҳраҳои мондагор» гуфтаанд, «шахсияти шоири ватандӯст дар он зоҳир мешавад, ки дар ҳар шеъри ӯ меҳру муҳаббати Тоҷикистон баръало ба мушоҳида мерасад. Мирзо Турсунзода доираи мавзуъ ва масъалаҳои адабиёти муосири тоҷикро вусъат дода, манзараҳои гуногуни ҳаёти мамлакатҳои хориҷиро бо афкори нав ва аз дидгоҳи тоза ба адабиёти мо ворид сохт ва ба ин васила мактаби нави адабӣ ба вуҷуд овард. Ҷавҳари хоси ин мактаб шинохти гузаштаи халқи худ, рушди забон, фарҳанг, адабиёти куҳанбунёд ва суннату анъанаҳои миллии мо мебошад. Сабақи дигари ин мактаби адабӣ иборат аз он аст, ки шеъру сиёсатро ба ҳам омезиш дода, адабиётро ҳамчун воситаи муассири муттаҳид кардани ҷомеа ва ташаккули афкори умум неруманд гардонид. Мавзуи сулҳу ваҳдат, накукориву созандагӣ ҳамчун шиори мардуми фарҳангпарвару тамаддунсози тоҷик ба осори адиби башардӯсти мо ҷилои тоза мебахшад».

Инчунин дар китоби мазкур навишта шудааст, ки «хизмату талошҳои ӯ мисли Садриддин Айниву Бобоҷон Ғафуров дар роҳи ташаккул ва таҳкими ҳувияти миллӣ, худогоҳиву худшиносии миллӣ, посдории нангу номуси Ватан, ифтихори баланди давлатдорӣ, пойдории сулҳу амният ва ваҳдати халқи ҷаҳон беш аз пеш ҷилвагар мегардад. Аз ин рӯ, ӯ барҳақ Қаҳрамони Тоҷикистон эътироф гардидааст».

Мирзо Турсунзода шоири ватанпарвар буд, бинобар ин беҳтарин саҳифаҳои эҷодиёташ ба васфи Ватан ва мардуми он бахшида шудааст.  Барои мисол, шоир дар достони «Писари Ватан» симои падарро чун шахси ватандӯст, таҷрибадида ва соҳиби руҳи қавию орзую омоли наҷиб тасаввур намудааст. Ба воситаи образҳои «Қодир ва Малика» ҷавонони ватандӯст  дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ тасвир  ёфтаанд.

Мирзо Турсунзода аз як тараф шоир, аз ҷониби дигар олим, муҳаққиқ ва пажӯҳишгари шинохтаи риштаи адабиёт ва  илму фарҳанги миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик буд.

Ҳамин аст, ки ба поси хотири ин шоири ватансаро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як шаҳр (ҳозира шаҳри Турсунзода, ки қаблан Регар ном дошт) ва Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон гузошта шудааст.

Соли 2001 Мирзо Турсунзода бо унвони олии Ҷумҳурии Тоҷикистон- Қаҳрамони Тоҷикистон сарфароз гардид. Нимпайкараи ӯ дар назди Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва ҳайкалаш дар шаҳри Турсунзода бунёд шудааст. Мақбараи Мирзо Турcунзода дар Боғи Лучоби шаҳри Душанбе гузошта шудаанд.

Ашъори дилпазири шоир муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти мам­лакат, дарди миллат ва орзуву ормонҳои ӯро  дар бар мегирад. Дар айни замон онҳо на танҳо арзишҳои олии иҷтимоии хал­қи то­ҷик, балки  идеалҳои  инсонпарваронаи дигар миллат­ҳоро низ ифода намуда, ба манфиати пешрафти иҷтимоӣ, сулҳ ва ҳам­кории халқҳои ҷаҳон хизмат мекунанд. Бесабаб нест, ки асарҳои шоири шуҳратёри тоҷик ба зиёда аз пан­ҷоҳ забони халқҳои ҷаҳон тар­ҷума шудааст.

Шеъри «Ватан», ки дар поён оварда мешавад, гувоҳи равшани ин гуфтаҳо аст:

Баҳор омад, зи умрам боз як соли дигар бигзашт,
Тамоми зиндагӣ оҳиста аз пеши назар бигзашт.
Ба мисли гӯшту нохун ман ҳамеша бо Ватан будам,
Агарчи нисфи умри беҳтаринам дар сафар бигзашт.
Ватан, дар ҳар куҷо омад ба сар форам ҳавои ту,
Ман аз он сӯи уқёнус бишнидам садои ту.
Агарчи дар миён тӯфону мавҷи баҳрҳо буданд,
Вале омад ба гӯши ман садои рўдҳои ту.
Ба вақти бозгаштан чун расидам бар ҳудудат ман,
Зи сар то по шудам мафтуну шайдои намудат ман.
Нишастам дар замини ту, паридам дар ҳавои ту,
Ба овози дурудат ман, ба оҳанги сурудат ман.
Агарчӣ борҳо афтодам аз ёру диёрам дур,
Ба сайёҳӣ маро карданд гарчи дӯстон машҳур.
Вале ман дар ҳама ҷо, дар ҳама кунҷу канори даҳр,
Ҳамеша бо Ватан будам, ҳамеша бо Ватан масрур.

 

МАЪЛУМОТИ АМИТ «ХОВАР»

Мирзо Турсунзода 2 майи соли 1911 дар деҳаи хушманзараи Қаратоғи  водии Ҳисор ба дунё омадааст. Падараш- усто Турсун яке аз ҳунармандони гулдасти ин водӣ буд. Бо вуҷуди ин, зиндагонии аҳли оилаи ӯ қашшоқона мегузашт. Ба ин нигоҳ накарда, усто Турсун мехост, ки писараш Мирзо соҳиби хату савод шавад.    Вақте  дар Қаратоғ мактаби нав   кушода шуд, Мирзо аз ҷумлаи аввалин хонандагони он гардид.

Ӯ солҳои 1925-1926 дар интернати Душанбе таҳсили худро давом дода, солҳои 1926-1927 дар Донишгоҳи омӯзгорӣ таҳсил мекунад. Мирзо Турсунзода солҳои 1927-1930 дар Дорулмуаллимони тоҷикии шаҳри Тошканд хонда, соҳиби маълумоти пурра мегардад. Ба сифати роҳбари шуъбаи умумӣ ва котиби масъули рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳоло «Ҷавонони Тоҷикистон») кор карда, баъдтар бахши адабии Театри мусиқӣ-драмавии А.С. Пушкини вилояти Ленинобод (ҳозира Суғд)-ро роҳбарӣ намудааст.

Соли 1935 ба Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба ҳайси роҳбари шуъбаи ташкилотӣ-оммавӣ ба кор омада, роҳбарии бахши драматургияро ба уҳда дошт. Соли 1939 Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва аз соли 1943 сардори Раёсати санъати назди Шӯрои Кумитаи халқи Тоҷикистон буд.

Устод Мирзо Турсунзода аз соли 1946 то соли 1977- охири ҳаёти худ дар вазифаи Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон  кор кардааст.

Шоири маҳбуби тоҷик 24 сентябри соли 1977 дар Душанбе аз олам даргузашт. Шоирро дар  оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе ба хок  супориданд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Май 2, 2023 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ИЛМ АЗ ДИДГОҲИ ОЛИМОНИ ҶАВОН. Дар ин мавзуъ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
«ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Протокол оид ба таҳияи филми ҳунарии муштараки Тоҷикистону Узбекистон ба тасвиб расид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Қонун меҳвари фаъолият, зиндагӣ ва мавҷудияти минбаъдаи сокинони мамлакат бошад
АФЗАЛИЯТ ВА БАРТАРИЯТИ ХИЗМАТИ АСКАРӢ. Ҷавонон баробари ворид шудан ба хизмат таҳти ҳимояти Артиши миллӣ қарор мегиранд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истифодаи барги тару тозаи қоқу кори узвҳои ҳозимаро тақвият мебахшад
ИФРОТГАРОӢ-ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ. Бояд ба тарбияи дурусти ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуд
ДУШАНБЕ — ҶАВҲАРИ ҶИЛОНОК ДАР БАЙНИ КӮҲҲОИ САРБАФАЛАККАШИДАИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба Рӯзи пойтахт
ИМРӮЗ- РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ. Онҳо дар сафи пеши ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон, ҳимояи қонуният ва адолат қарор доранд
Рӯзҳои синамои Узбекистон дар Тоҷикистон бо намоиши филми ҳунарии «Зинда бод, ҳамсар!» ҷамъбаст гардид
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН! Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт
«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Душанбе ин фестивали ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид