Ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи нақлиёт тавсеа меёбад
ДУШАНБЕ, 03.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Шуруъ аз моҳи майи соли равон парвозҳои ҳавоӣ байни Тоҷикистон ва Ҳиндустон афзоиш ёфта, ҳафтае ду маротиба ба роҳ монда мешавад. Ин нуктаро Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим дар мулоқот бо Вазири нақлиёти Ҳиндустон Нитин Гадкари, ки дар ҳошияи ҷаласаи машваратии вазирони нақлиёти давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар Деҳлӣ доир гардид, иброз дошт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад.
Таъкид гардид, ки дар айни замон ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт, аз ҷумла нақлиёти ҳавоӣ, роҳҳои оҳан ва автомобилгард аз самтҳои муҳими муносиботи дуҷониба маҳсуб мешавад.
«Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи нақлиёт таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунанд, — изҳор намуд Азим Иброҳим. — Бо ибтикор ва азму кӯшиши бевоситаи Сарвари давлат дар 30 соли соҳибистиқлолӣ ба масофаи садҳо километр роҳу пул ва гузаргоҳу нақбҳо сохта шуданд ва дар натиҷа яке аз ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон– баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ амалӣ гардид. Гуфта шуд, ки Ҳиндустон ба Тоҷикистон дар сохтмони роҳҳои автомобилгард ҳамкории судманд дошта, бо дастгирии Ҳукумати Ҳиндустон ва ташаббуси сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе роҳи замонавӣ сохта шуд. Марҳалаи якуми сохмони роҳи мазкур анҷом пазируфта, марҳалаи дуюм оғоз гардид.
Вазири нақлиёти Ҳиндустон Нитин Гадкарӣ гуфт, ки дар Ҳиндустон ба cоҳаи нақлиёт, аз ҷумла ба технологияҳои нав таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда мешавад. Аз ҷумла, бори аввал бо ширкати ҷопонии «Toyota» истифодаи автомобилҳои нав бо сӯзишвории гидрогенӣ ба роҳ монда шудааст.
«Мо имрӯз технологияҳои беҳтарини ҷаҳонро истифода карда, бар зидди ифлосшавиии муҳити зист мубориза мебарем. Дар айни замон аз рӯи технологияи нав партовҳо барои рӯйпӯшро дар сохтмони роҳҳо ба кор бурда истодаем. Инчунин мо нахи пӯлодро истифода мекунем», — гуфт ӯ.
Зимни мулоқот Гадкарӣ оид ба нақшаҳои ояндаи рушди соҳа, аз ҷумла дар бораи лоиҳа бо номи «Парват мала» («Занҷираи кӯҳҳо») маълумот дод, ки он истифодаи неруи Офтобро пешбинӣ мекунад.
Ҷонибҳо барои тақвият додани ҳамкорӣ дар бахши роҳсозӣ, нақлиёту логистика ва рақамикунонӣ изҳори омодагӣ намуданд.
АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон








«DIGITAL TAJIKISTAN 2026». Моҳи ноябр дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир мешавад
Оид ба татбиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад
Ҷамшед Нурмаҳмадзода: «Омори боэътимод заминаи муҳими банақшагирӣ, пешрафт ва қабули қарорҳои дуруст ба манфиати ҷомеа аст»
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия ба имзо расид
Тоҷикистон ва Арманистон ҳамкориро дар самти ҳифз ва барқарорсозии экосистемаҳо ва мониторинги гуногунии биологӣ тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба мусоидат ба ҳамкорӣ дар соҳаи инфрасохтор ва сохтмони муҳандисӣ ба имзо расид
Байни мақомоти зиддикоррупсионии Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия ба имзо расид
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ дар мавзуи «Амнияти иттилоотӣ дар шароити таҳдидҳои киберии муосир» ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ фаъолият менамояд
Сохтмони роҳи таворавии шаҳри Кӯлоб қадами муҳим дар рушди инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон аст
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба беш аз 21 миллиард сомонӣ расид






