«АЗ ПАЙИ ИЗИ ДИНОЗАВРҲО». Парки табиии таърихии «Ширкент» бо бунёди инфрасохтор ба яке аз мавзеъҳои ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон табдил мегардад

Май 31, 2023 10:52

ДУШАНБЕ, 31.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Парки табиии таърихии  «Ширкент»,  воқеъ дар ғарби Тоҷикистон тибқи ҳисобот  9 сар бабри барфӣ, ки яке аз ҳайвонҳои нодир  ва ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда мебошад, ба қайд гирифта шудааст. Чунин гуфт дар суҳбат ба экожурналистон директори  Парки табиии таърихии «Ширкент» Маъруф Шарифов.

Сафари экожурналистон ба Парки табиии таърихии «Ширкент» 27 май бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Ҳудудҳои махсус муҳофизатшаванда»-и  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ шуда, намояндагони расонаҳои хабарӣ  бо олами бойи набототу ҳайвонот ва ёдгориҳои таърихии ин мавзеъ шинос гардиданд. Мавсуф афзуд, ки Парки табиии таърихии «Ширкент» соли 1993  бо мақсади нигоҳ доштани олами бойи набототу ҳайвоноте, ки дар Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт гардидааст, инчунин ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ, хусусан изи сумҳои динозаврҳо ва рушди сайёҳии экологӣ ташкил шудааст. Парк дар майдони 3 ҳазор гектар дар масофаи 90-100 км дуртар дар самти ғарби Душанбе, дар ҳавзаи дарёи Ширкент, ҷануби қаторкӯҳҳои  Ҳисор  доман густурдааст. 

Бориши миёнаи солонаи барф моҳи феврал ба 60-70 см мерасад 

Иқлими парки «Ширкент» нисбат ба иқлими дигар кӯҳистон хушктар ва сардтар буда, тобистонаш камтар гарм, зимистонаш сахт ва тӯлонӣ аст. Ҳарорати миёнаи солона дар камарбандии гарм 11 дараҷа, дар баландии 1800 метр ва 3000 метр 8 дараҷа аст. Бориши миёнаи солонаи барф моҳи феврал ба 60-70 см мерасад ва шумораи умумии рӯзҳое, ки дар он барф нигоҳ дошта мешавад, аз 100 то 130 рӯз мебошад.

Релефи парки «Ширкент» хеле ноҳамвор буда, тафовути баландии мутлақ дар шимол 4000–4500 метр  ва дар ҷануб то 800-1000 метрро ташкил медиҳад. Сардии моҳи январи соли равон   ба олами ҳайвоноти парк таъсир нарасонд,-гуфт Маъруф Шарифов, зеро корҳои биотехникӣ  хуб ба роҳ монда шуда, ҳайвоноту парандаҳо бо  хошок ва дон таъмин буданд. Инчунин дар самти  тоза кардани  роҳҳо ва гузаргоҳҳо, сохтан ва гузоштани лона барои парандагон, гузоштани намакдонҳо ва мушоҳидаи ҳайвоноте, ки дар минтақа сукунат доранд, корҳои зиёд ба анҷом расонида шуд.

Дар экосистемаи парк бабри барфӣ, хирси маллаи тиёншонӣ  ва бузи кӯҳии сибирӣ сукунат менамояд

Фаунаи  Парки табиии таърихии  «Ширкент» тақрибан 150 намуди мӯҳрадорон- 30 намуд ширхорон, 100 намуд парандагони лонагузоранда, 41 намуд парандагони муқимӣ, ба мисли кабк, мурғи ҳилол, кабӯтар, ҷиркабк, сиёҳдуға, булбул,  зиёда аз 55 намуд парандагони  муҳоҷир ва 8 намуд хазандагонро дар бар мегирад.

Дар экосистемаи парк бабри барфӣ, хирси маллаи тиёншонӣ, бузи  кӯҳии сибирӣ, хуки ваҳшӣ, қашқалдоқ, суғури сурх, сангсори сангзор, силовсини туркистонӣ, гург, рӯбоҳ, ҷайра  ва дигар намуди ҳайвонҳои ваҳшӣ вомехӯрад.

Дар Парки табиии «Ширкент» 150 намуди растанӣ мерӯяд

Олами набототи парки табиии таърихии «Ширкент» бой  буда, дар он дарахтони каркас, бодом, заранг, дӯлона, хулул,  себ ва олучаи  кӯҳӣ намудҳои дарахтони паҳнбарг, хусусан чанорҳои азимҷусса дар баландиҳои 1000-2000 метр арчазор дар баландиҳои 2000-3000 метр  ва намудҳои гуногуни растаниҳои шифобахш ва ғизоӣ, аз қабили,  торон, чойкаҳак, кокутӣ, аденас, ҳайрон, пудина, юғани ғизоӣ, лолаҳои гуногун ва дар маҷмуъ 150 намуд  растаниҳо мерӯянд.

Ҷангалзори паҳнбарг дар баландиҳои 1800-2600 метр аз сатҳи баҳр доман густурдааст. Солҳои охир бо истифода аз имконияти мусоид бунёд ва барқароркунии ҷангалзор ба роҳ монда шуда, дар ин ҷо дарахтони муқимии Осиёи Марказӣ, аз қабили арчаи зарафшонӣ, арчаи нимкурашакл хеле фаровон рӯидаанд.

Дигар хусусияти олами набототи  парк аз он иборат  аст, ки дар қисми зиёди ҷангалзори он дарахтони паҳнбарг дар зичӣ бо дарахтони сабзбарги арча вомехӯрад.

Аз пайи изи динозаврҳо

Гурӯҳи экожурналистон барои  дидани  изи сумҳои динозаврҳо, ки яке аз ёдгориҳои таърихӣ дар ин мавзеъ маҳсуб мешавад, новобаста ба ҳавои гарм қариб 15  км роҳи пурпечутоб ва шахдори кӯҳиро то баландии 1300-1500 метр аз сатҳи баҳр тай намуда, ба тамошои кӯҳҳое, ки дар онҳо изи сумҳои динозаврҳо нақш бастааст, расид.

Бояд гуфт, ки ёдгориҳои ғайризинда  дар ин ҷо қариб 40 намудро дар бар мегиранд, ки ба ёдгориҳои геологӣ, гидрологӣ ва глятсиологӣ мансуб мебошанд. Машҳуртарини онҳо изҳои сумҳои динозаврҳо, нишонаҳои тағйирёбии сохт ва вайроншавии харсангҳо дар замонҳои хеле қадим, монеаҳои бузурги дарозиашон беш аз 5-10 км бо баландии зиёда аз 50-100 метр  ва аз ин ҳам зиёд харсангҳои шабеҳи гунбаз ва қулф  ва дигар нишонаҳои  муъҷизаи табиӣ мебошанд. Ёдгориҳои геологии парк бозгӯи он ҳастанд, ки дар  даврони қадим  ин мавзеъ канори  уқёнус  ё баҳри азиме будааст, зеро  дар он изи  динозаврҳо дида мешавад. Олимон бар ин назар ҳастанд, ки  аз 160 то 140 миллион сол пеш динозаврҳои воқеӣ дар қаламрави соҳили маҷрои дарёи Ширкент зиндагӣ мекарданд.  

 Бунёди инфрасохтори сайёҳӣ ба рушди туризм мусоидат менамояд 

«Бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ  ва муаррифии ҳар чӣ бештари манзараҳои табиати афсонавӣ, олами бойи набототу ҳайвонот  ва ёдгориҳои таърихӣ дар оянда дар Парки  табиии таърихии «Ширкент»  меҳмонхона ва дигар  инфрасохтори зарурии сайёҳию истироҳатӣ бунёд карда мешавад», — афзуд Директори парки «Ширкент». Дар ин мавзеъ ҷиҳати шиносоӣ бо ёдгориҳои таърихӣ хатсайри сайёҳии экологии «Аз пайи изи динозаврҳо» барои саёҳати пиёдагардон  ифтитоҳ ва ба роҳ монда шудааст. Инчунин ташкили дигар хатсайри сайёҳии экологӣ яке аз корҳое аст, ки дар оянда  амалӣ карда хоҳад шуд.

То давраи пандемия ба ин ҷо сайёҳони хориҷӣ аз Русия, Амрико, Британияи Кабир, Олмон,  Швейтсия барои тамошои манзараҳои зебои кӯҳистон ва изи суми динозаврҳо меомаданд. Ҳоло ба ин ҷо гурӯҳҳои сайёҳони дохилӣ меоянд. Дар парк 7 мутахассис ва муҳофиз фаъолият дошта, ҳудуди паркро  назорат ва инчунин рисолати роҳбаладиро ҳам иҷро менамоянд. Ҳар сол дар ҷамъбасти семоҳаи дуюм  тамоми ҳайвонот ва набототи парк ба қайд гирифта мешавад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 31, 2023 10:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазири кишоварзии Тоҷикистон вобаста ба тақвияти корҳои саҳроӣ бо деҳқонони шаҳри Конибодом суҳбат намуд
Дар шаҳри Хоруғ корхонаи истеҳсоли ҳасиб бунёд мегардад
Дар Суғд барои дарёфти грантҳои раиси вилоят озмун баргузор мешавад
ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад
Дар Эстония Хонаи савдои Тоҷикистон таъсис дода мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар «Аirspace world 2024» дар Женева иштирок намуданд
Ҳангоми истифодаи хабару маводи сомона истинод ба www.khovar.tj ҳатмӣ аст!
Саҳифаҳои расмии АМИТ «Ховар» дар шабакаҳои иҷтимоӣ: facebook.com/niatkhovar, t.me/niatkhovar, youtube.com/@niat_Khovar_tj, instagram.com/niat_khovar/, twitter.com/niatkhovar, Радиои Ховар 101.5 fm, facebook.com/khovarfm/
Роҳбари хоҷагии деҳқонии «Бобои Носир»: «Истифодаи оқилонаи 7,5 гектар замин ва даромад аз он дар баланд гардидани сатҳи зиндагии 5 оила мусоидат намуд»
Деҳқонони ноҳияи Мастчоҳ имсол дар майдони зиёда аз 23 ҳазор гектар кишту парвариши зироати кишоварзиро ба нақша гирифтаанд
«БАЧА АЗИЗ, ОДОБАШ АЗ ОН АЗИЗТАР…». Ба таълиму тарбияи фарзандон набояд бетарафӣ зоҳир намуд
Дар шаҳри Хуҷанд Намоишгоҳи X байналмилалии савдо «Суғд-2024» доир мегардад