«БЕҲТАРИН ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТӢ АЗ ҲИСОБИ ЗАНОН». Дар Душанбе лоиҳаи ин озмуни ҷумҳуриявиро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 24.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар шаҳри Душанбе бо мақсади баррасии ҷараёни амалишавии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030» ва лоиҳаи Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» ҳамоиши иттилоотӣ доир намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо занон ва оила хабар доданд.
Ҳукумати мамлакат бо назардошти нақши муассири занону духтарон дар рушди иқтисоди миллии мамлакат ҳамеша масъалаи таъмини ҳуқуқу манфиатҳои онҳоро дар меҳвари сиёсати худ қарор дода, барои беҳбуд бахшидан ба вазъи занон таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки дар партави дастгириву ғамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукумати мамлакат заминаҳои қонунгузорӣ ҷиҳати таъмини имконияти баробари мардону занон мустаҳкам гардида, фишангҳои миллии ҳимояи ҳуқуқи занон муайян карда шуд. Ба туфайли ин ғамхории рӯзафзун имрӯз иштироки фаъолонаи занону духтарон ҳамчун неруи фаъолу созанда дар маъракаҳои муҳими давлативу ҷамъиятӣ беш аз пеш эҳсос гардида, онҳо ба сифати аъзои Ҳукумат ва Парлумон, намояндаи мақомоти судӣ, ҳифзи ҳуқуқу тартибот бошарафона масъулияти идоракуниро бар дӯш доранд. Занон имрўз дар баробари сиёсатмадор, вакил, омўзгору табиб, муҳандис, энергетик ва варзишгар будан ҳамчун олиму ихтироъкор, ҳунарманду эҷодкор, хоҷагидору соҳибкор ва муҳофизи ватан шинохта шудаанд.
Иттилоъ дода шуд, ки тибқи супоришҳои паёмҳои қаблӣ танҳо дар ду соли охир ду санади муҳим — Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 ва Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023–2030 қабул гардид, ки ҳадафи асосии он фароҳам овардани замина ва шароити зарурӣ барои пурра зоҳир намудани қобилияти занону духтарон дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва ба ин васила таъмини рушди устувори ҷомеа мебошад.
Дар ин замина Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 бо назардошти то ба 30 фоиз расонидани теъдоди хизматчиёни давлатӣ ва то ба 25 фоиз расонидани теъдоди кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат, ҷалби занон ба раванди қабули қарорҳо ва пешбарӣ намудани занон ба вазифаҳои роҳбарикунанда тадбирҳои зарурӣ меандешад. Тавассути амалӣ шудани ин тадбирҳо аз ҳисоби ҷавондухтарони боистеъдод кадрҳои нав омода гардида, теъдоди занон дар сатҳи қабули қарор боз ҳам зиёд мегардад.
Қисмати дуюми ҳамоишро баррасии лоиҳаи Низомномаи «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» идома дода, ҳайати Комиссия дар ҳузури иштирокдорон барои дар сатҳи баланди ташкилӣ доир намудани озмун ва пешниҳоди номзадҳои арзанда таклифҳо манзур намуд.
АКС аз манбаъҳои боз








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли хӯроки вазнин боиси авҷи бемории гастрит мегардад
«ПУЛИ ҲУШМАНД». Бо амалӣ гардидани ин барнома қонуншиканӣ ё истифодаи нафақаи шахси фавтида аз байн рафт
Дар шаҳри Бохтар бо иштироки собиқадорони соҳаи тандурустӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 200 нафақагири аз садсола боло зиндагӣ мекунад
Дар ноҳияи Шоҳмансур Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 хароҷоти суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа беш аз 5 миллиард сомониро ташкил дод
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ зиёд гардида, бекоршавии ақди никоҳ коҳиш ёфтааст
«Барномаи рушд ва рақамикунонӣ дар мақомоти иҷрои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Барои риоя накардани танзими ҷашну маросим 1268 нафар беш аз 10 миллион сомонӣ ҷарима супориданд
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПЕШГИРИИ ЭКСТРЕМИЗМИ ХУШУТАНОМЕЗ. Пешгирии ин зуҳурот омили муҳими таъмини амнияти ҷомеа аст
Дар Душанбе оид ба моддаҳои психотропӣ ва таъсири онҳо ҷаласаи корӣ баргузор гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Конгресси байналмилалии Москва оид ба рушди хизмати давлатӣ иштирок намуданд






