ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ФУТБОЛ. Имрӯз бозиҳои даври ҳаштуми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ оғоз мешавад

Май 4, 2023 11:34

ДУШАНБЕ, 04.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо  бозии байни дастаҳои футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд  ва КМВА-и  шаҳри Душанбе   даври ҳаштуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ  оғоз шуда, то 10 май идома меёбад, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».   

Дар ин даври мазкур дастаҳои футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо  «Хатлон»-и  шаҳри Бохтар,   «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд  бо  «Файзканд»-и ноҳияи  Восеъ,  «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода  бо  «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ ва «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор дар варзишгоҳҳои мамлакат   байни ҳам рақобат мекунанд.

Хотиррасон мешавем, ки чанд рӯз пеш  бозиҳои даври ҳафтуми мавсими 32-юми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол  байни дастаҳои Лигаи олӣ дар варзишгоҳҳои мамлакат дар сатҳи баланд баргузор гардида, мухлисон дар ин давр шоҳиди бозиҳои ҷолибу   сергол шуданд. Дар ин давр 12 гол ба  нишон расонида шуд.

Дар ин даври Чемпионати Тоҷикистон пешсафони ҷадвали мусобиқот дастаҳои футболи  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  ва «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд аз ҳарифонашон  шикаст хӯрданд. Дастаи футболи  «Файзканд»-и ноҳияи  Восеъ  бар дастаи  «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода  ғолиб шуд. Дастаҳои футболи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ  ва «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд мусовӣ бозӣ карданд. Дар бозии дигари ин давр  дастаи  КМВА-и  шаҳри Душанбе  дар майдони худ аз дастаи футболи  «Хатлон»-и  шаҳри Бохтар  мағлуб шуд.

Натиҷаи бозиҳои даври 7-ум:

«Ҳосилот»  1:0  КМВА

«Кӯктош»  1:1  «Хуҷанд»

«Равшан»  1:0  «Истиқлол»

«Файзканд»  5:1 «Регар-ТадАЗ»

КМВА  0:2 «Хатлон»

Пас аз натиҷагирии даври ҳафтуми  мавсими 32-юми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ  дастаҳои  футболи  «Истиқлол»-и шаҳри  Душанбе   бо  11 имтиёз  ва «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бо 10 имтиёз  ҳамоно садрнишини ҷадвали мусобиқот мебошанд.  Дастаҳои футболи   «Хатлон»-и шаҳри Бохтар, «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ  ва  «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб  бо 9- имтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои баъдӣ ҷой гирифтаанд.Қобили тазаккур аст, ки  дастаҳои футболи  «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор  ва «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода  8 имтиёзӣ доранду  пас аз онҳо дастаи  «Хуҷанд»-и шаҳри  Хуҷанд  бо  7 имтиёз мавқеъ гирифтааст. Дастаҳои футболи  «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ  ва  КМВА-и шаҳри Душанбе  бо 4-имтиёзӣ дар поёни ҷадвали мусобиқот ҷой гирифтаанд.

Натиҷаи  бозиҳои  даври  шашуми  Чемпионати Тоҷикистон-2023  оид  ба  футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ  

«Хатлон» – «Кӯктош» – 1:4

Голҳо: Азизбек Султонов, 14 (0:1). Умарҷон Шарипов, 44 (1:1). Анани Жулиус Кваси, 71 (1:2). Алишер Шукуров, 85 (1:3). Сафиаллоҳи Назарзода, 90    (1:4).

 «Регар-ТадАЗ» – «Ҳосилот» – 2:0

Голҳо: Нуриддин Ҳамроқулов, 60 (1:0). Аминҷон  Эргашев, 85 (2:0).

«Эсхата» – «Равшан» – 1:1

Голҳо: Ҷозеф Акомади, 87 (0:1). Санҷар Рисқибоев, 90+4 –аз пеналти (1:1).

 «Хуҷанд» – «Файзканд» – 2:2 

Голҳо: Дарко Бедов, 35 (1:0). Шавкати Ҳотам, 45 (1:1). Муҳсинҷон Абдуғаффоров, 45+3 (1:2). Дарко Бедов, 90+5 (2:2).

«Истиқлол» – КМВА – 0:0

    Беҳтарин бозингарон: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 5-голӣ, Алишер  Ҷалилов («Истиқлол»), Шавкати Ҳотам («Файзканд») 4 гол, Алишер Ҷалилов («Истиқлол»), Бахтиёр Зарипов («Эсхата»),  Тоҳир Малодустов («Равшан»), Мусиси Фароук  («Ҳосилот»), Шерзод Маҳамадиев («Регар-ТадАЗ»)  ва  Алишер  Шукуров («Кӯктош») – бо  3-голӣ мавқеъ доранд 

  Қобили тазаккур аст, ки  пас аз даври ҳафтуми Лигаи олӣ ҳоло Шавкати Ҳотам аз ҳайати дастаи футболи  «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ  бо  6 гол ва  Манучеҳр Ҷалилов аз ҳайати дастаи  «Истиқлол» бо 5 гол беҳтарин нишонзани мусобиқот мебошанд.

Бозиҳои  даври  ҳаштуми  Чемпионати Тоҷикистон-2023  оид  ба  футбол  байни дастаҳои Лигаи олӣ  

4 май | 17:00

«Хуҷанд» – КМВА

5 май  | 17:00

«Регар-ТадАЗ» – «Кӯктош»

«Эсхата» – «Файзканд»

10 май  | 17:00

«Истиқлол» – «Хатлон»

«Равшан» – «Ҳосилот»

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Май 4, 2023 11:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Темурмалик муайян гардиданд
Дар Душанбе курсҳои омӯзишӣ барои мураббии дарвозабонҳо ба анҷом расид
Беҳтаринҳои Лигаи футзали Тоҷикистон дар мавсими 2025 муайян шуданд
Ғолибони Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштингирӣ дар шаҳри Душанбе муайян шуданд
МИЛЛАТИ ҶИСМАН СОЛИМ РУҲАН НИЗ МУҚТАДИР АСТ! Нақшаи баргузории машқҳои пагоҳирӯзӣ барои соли 2026 тасдиқ гардид
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад
Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштингирӣ байни калонсолон ва наврасон ифтитоҳ гардид
Имрӯз қисми ниҳоии Ҷоми ФФТ-2026 оид ба футбол оғоз мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Варзишгарони ноҳияи Варзоб соли 2025 75 медали тилло ба даст оварданд
Дар деҳаи Муҷуни ноҳияи Деваштич майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштингирӣ дар соли 2026 доир мегардад
Гулмуроди Саъдулло довари бозии даври 1/8-ниҳоии Лигаи чемпионҳои дуюми Осиё-2025/26 таъйин шуд