ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ФУТБОЛ. «Равшан», «Файзканд» ва «Хатлон» дар бозиҳои даври ҳафтуми Лигаи олӣ ғолиб омаданд

Май 2, 2023 14:17

ДУШАНБЕ, 02.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои даври ҳафтуми мавсими 32-юми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол  байни дастаҳои Лигаи олӣ дар варзишгоҳҳои мамлакат дар сатҳи баланд баргузор гардида, мухлисон дар ин давр шоҳиди бозиҳои ҷолибу диданӣ ва сергол шуданд. Дар ин давр 12 гол ба  нишон расонида шуд.

Дар ин даври Чемпионати Тоҷикистон пешсафони ҷадвали мусобиқот дастаҳои футболи  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  ва «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд аз ҳарифонашон  шикаст хӯрданд. Дастаи футболи  «Файзканд»-и ноҳияи  Восеъ  бар дастаи  «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода  ғолиб шуд. Дастаҳои футболи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ  ва «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд мусовӣ бозӣ карданд. Дар бозии дигари ин давр  дастаи  КМВА-и  шаҳри Душанбе  дар майдони худ аз дастаи футболи  «Хатлон»-и  шаҳри Бохтар  мағлуб шуд.

Натиҷаи бозиҳои даври 7-ум:

«Ҳосилот»  1:0  КМВА

«Кӯктош»  1:1  «Хуҷанд»

«Равшан»  1:0  «Истиқлол»

«Файзканд»  5:1 «Регар-ТадАЗ»

КМВА  0:2 «Хатлон»

Пас аз натиҷагирии даври ҳафтуми  мавсими 32-юми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ  дастаҳои  футболи  «Истиқлол»-и шаҳри  Душанбе   бо  11 имтиёз  ва «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бо 10 имтиёз  ҳамоно садрнишини ҷадвали мусобиқот мебошанд.  Дастаҳои футболи   «Хатлон»-и шаҳри Бохтар, «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ  ва  «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб  бо 9- имтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои баъдӣ ҷой гирифтаанд.

Қобили тазаккур аст, ки  дастаҳои футболи  «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор  ва «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода  8 имтиёзӣ доранду  пас аз онҳо дастаи  «Хуҷанд»-и шаҳри  Хуҷанд  бо  7 имтиёз мавқеъ гирифтааст. Дастаҳои футболи  «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ  ва  КМВА-и шаҳри Душанбе  бо 4-имтиёзӣ дар поёни ҷадвали мусобиқот ҷой гирифтаанд.

Натиҷаи  бозиҳои  даври  шашуми  Чемпионати Тоҷикистон-2023  оид  ба  футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ  

«Хатлон» – «Кӯктош» – 1:4

Голҳо: Азизбек Султонов, 14 (0:1). Умарҷон Шарипов, 44 (1:1). Анани Жулиус Кваси, 71 (1:2). Алишер Шукуров, 85 (1:3). Сафиаллоҳи Назарзода, 90    (1:4).

 «Регар-ТадАЗ» – «Ҳосилот» – 2:0

Голҳо: Нуриддин Ҳамроқулов, 60 (1:0). Аминҷон  Эргашев, 85 (2:0).

«Эсхата» – «Равшан» – 1:1

Голҳо: Ҷозеф Акомади, 87 (0:1). Санҷар Рисқибоев, 90+4 –аз пеналти (1:1).

 «Хуҷанд» – «Файзканд» – 2:2 

Голҳо: Дарко Бедов, 35 (1:0). Шавкати Ҳотам, 45 (1:1). Муҳсинҷон Абдуғаффоров, 45+3 (1:2). Дарко Бедов, 90+5 (2:2).

«Истиқлол» – КМВА – 0:0

    Беҳтарин бозингарон: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 5-голӣ, Алишер  Ҷалилов («Истиқлол»), Шавкати Ҳотам («Файзканд») 4 гол, Алишер Ҷалилов («Истиқлол»), Бахтиёр Зарипов («Эсхата»),  Тоҳир Малодустов («Равшан»), Мусиси Фароук  («Ҳосилот»), Шерзод Маҳамадиев («Регар-ТадАЗ»)  ва  Алишер  Шукуров («Кӯктош») – бо  3-голӣ мавқеъ доранд 

  Қобили тазаккур аст, ки  пас аз даври ҳафтуми  Лигаи олӣ ҳоло Шавкати Ҳотам  аз ҳайати дастаи футболи  «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ  бо  6 гол ва  Манучеҳр Ҷалилов аз ҳайати дастаи  «Истиқлол»  бо 5  гол   беҳтарин нишонзани мусобиқот мебошанд.

Бозиҳои даври ҳаштуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ  4, 5  ва 10 май   баргузор мегарданд.

Бозиҳои  даври  ҳаштуми  Чемпионати Тоҷикистон-2023  оид  ба  футбол  байни дастаҳои Лигаи олӣ  

4 май | 17:00

«Хуҷанд» – КМВА

5 май  | 17:00

«Регар-ТадАЗ» – «Кӯктош»

«Эсхата» – «Файзканд»

10 май  | 17:00

«Истиқлол» – «Хатлон»

«Равшан» – «Ҳосилот»

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Май 2, 2023 14:17

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад
Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми зиёда аз 2 миллион сомонӣ ба варзишгарони муваффақ тақдим гардид
АРТИШИ МИЛЛӢ — КАФИЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Дар Душанбе маросими ҷоизасупорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш баргузор мегардад
Дар мусобиқаи байналмилалии «Tashkent Grand Slam 2026» оид ба гӯштини ҷудо 17 варзишгари тоҷик иштирок менамояд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Хиросима иштирок мекунад
ҶОМИ ФФТ-2026. Ҷуфтҳои даври нимниҳоии мусобиқа муайян шуданд
Федератсияи футболи Тоҷикистон Суҳроб Сатторовро барои фаъолияти арзанда дар Ҷоми Осиё-2026 қадрдонӣ намуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Тоҷикистон Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) баргузор гардид
Ғолибони мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Темурмалик муайян гардиданд
Дар Душанбе курсҳои омӯзишӣ барои мураббии дарвозабонҳо ба анҷом расид