Дар Душанбе дар мавзуи шарикии стратегӣ ва иттифоқии Тоҷикистон ва Русия ҳамоиш доир шуд

Май 18, 2023 17:00

ДУШАНБЕ, 18.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар мавзуи «Тоҷикистон — Русия: аз Шартномаи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва кумаки мутақобила то шарикии стратегӣ ва иттифоқӣ. Масири роҳи бузург» ҳамоиш доир карда шуд, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Дар ҳамоиш намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ректори Донишгоҳи (славянии) Русия ва Тоҷикистон ва дигар меҳмонон иштирок карданд.

Пеш аз оғози ҳамоиш иштирокчиён аз намоишгоҳи аксҳо, ки бозгӯкунандаи оғози ҳамкории ду давлат ва нишондиҳандаи  ташаккули рушди муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Русия мебошад, дидан намуданд.

Иштирокчиёни ҳамоиш оид ба таҳаввули рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Русия, ки намунаи равшани муносибатҳои ҳақиқии иттифоқӣ дар асоси принсипҳои дӯстии самимӣ ва устувор, дастгирӣ ва ёрии ҳамдигарӣ мебошанд, мубодилаи ҳамаҷонибаи афкор намуданд.

Гуфта шуд, ки рушди ҳамкории Тоҷикистон бо Русия дар афзалияти сиёсати хориҷии Тоҷикистон боқӣ мемонад ва имрӯз ҳамкорӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёт ва самтҳои афзалиятнок дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудааст. Татбиқи лоиҳаҳои зиёди муштарак ва афзоиши  гардиши бор байни ду давлат шаҳодати ин аст.

Иштирокчиёни ҳамоиш иброз доштанд, ки байни ҳар ду давлат дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва гуманитарӣ ҳамкории судманд ба роҳ монда шудааст.

«Ин ҳамкорӣ асосан аз принсипҳо ва уҳдадориҳои Шартномаи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва кумаки мутақобилаи Русияву Тоҷикистон ва дигар ҳуҷҷатҳои дуҷониба сарчашма мегирад», — гуфта шуд дар ҳамоиш.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 18, 2023 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазири молияи Тоҷикистон дар Бангкок бо роҳбарияти Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб мулоқот намуд
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» ду Ёддошти тафоҳум дар соҳаи энергетика ба имзо расид
Дар 25 соли охир аз ҷониби соҳибкорон зиёда аз 4 миллион ҷойи кор таъсис дода шудааст
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи рушди таҳвилгарон ва содирот» бо ҳайати Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дурнамои рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Чехия дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан баррасӣ гардид
Масъалаи истифодаи механизмҳои нави маблағгузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон дар Бангкок баррасӣ шуд
РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ. Дар нуҳ моҳи соли 2026 8,3 фоиз таъмин гардид
Олимони тоҷик парвариши гандуми тирамоҳӣ ва пахтаро дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ намуданд
Ҷалби сармоя барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон дар Бангкок баррасӣ гардид
«СОҲИБКОРИИ ЗАНОН: ИМКОНИЯТҲО, НАВОВАРӢ ВА РУШДИ УСТУВОР».Таҳти ин унвон ҳамоиш баргузор шуд
Дар мавзуи дастгирии соҳибкорӣ дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дар Рим имкониятҳои содиротии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд