Дар Душанбе дурнамои рушди ҳамкории илмию техникӣ байни муассисаҳои илмии Тоҷикистон ва Туркманистон баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 08.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 8 май дар шаҳри Душанбе бо иштироки олимону муҳаққиқон аз муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Туркманистон мизи мудаввар дар мавзӯи «Рушди ҳамкории илмию техникӣ байни муассисаҳои илмии Тоҷикистон ва Туркманистон: мушкилот ва дурнамо» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ ба кори чорабинӣ ҳусни оғоз бахшида, дар робита ба тамоюл ва дурнамои рушди ҳамкории илмию техникии Тоҷикистон ва Туркманистон дар соҳаҳои илмии мавриди таваҷҷуҳи тарафайн изҳори андеша намуд ва роҷеъ ба самтҳои асосии фаъолияти Академия ва дастовардҳои илми тоҷик маълумоти мухтасар дод.
Президенти Академияи илмҳои Туркманистон Аллаберди Аширов, ки ҳайати олимони туркманистониро роҳбарӣ мекард, зимни сухани ифтитоҳӣ вобаста ба вазъ ва дурнамои рушди ҳамкории илмию техникии Туркманистон ва Тоҷикистон дар соҳаҳои илмии мавриди таваҷҷуҳи тарафайн изҳори назар намуд.
Роҳбарияти муассиаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистону Туркманистон, директорони муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Туркманистон ва олимону муҳаққиқон аз ҳар ду ҷониб суханронӣ намуда, вобаста ба фаъолият, дастовардҳо, вазъу дурнамо, ҳалли мушкилоти мавҷудаи соҳа ва таҳкиму густариши ҳамкории дуҷониба табодули андеша намуданд.


Чорабинии мазкур бо иштироки меҳмонон ва олимону муҳаққиқони варзидаи ҳарду давлат дар сатҳи баланди ташкилӣ, руҳияи созанда ва ҳусни тафоҳум баргузор гардида, олимони туркманистонӣ ҷиҳати тавсеа ва густариши ҳамкории илмӣ бо ҳамтоёни тоҷики хеш изҳори омодагӣ намуданд.
Дар интиҳои чорабинӣ роҳбарияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон олимону коршиносони туркманистониро барои боздид аз муасиссаҳои илмӣ-таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва аз наздик ошноӣ пайдо намудан бо самтҳои фаҳолият ва дастовардҳои ин муассисаҳо ба шаҳраки академӣ, ки аксари кулли институтҳои илмӣ-таҳқиқотии Академия дар он ҷо ҷойгир мебошанд, даъват намуд.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон










Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад
Хабарнигорони Қирғизистон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанги Тоҷикистон шинос гардиданд
НАВРӮЗИ ХАТЛОН. Фасли баҳор дар ин минтақаи Тоҷикистон пештар оғоз меёбад
Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Узбекистон баргузор мегарданд
САЁҲАТРО АЗ ВАТАН ОҒОЗ МЕНАМОЕМ! Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Хуттали Қадим аз ҷиҳати аҳамияти таърихӣ ҳамто надоранд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо мақсади шиносоӣ бо дастовардҳои даврони истиқлол ва иштирок дар тантанаҳои наврӯзӣ ба Тоҷикистон ташриф овард
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳифзи Наврӯз – ҳифзи ҳувият ва худшиносии миллати куҳанбунёду тамаддунсози тоҷик мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳамчун ворисони аслии тамаддуни ориёӣ суннатҳои наврӯзиро минбаъд низ пос дорем»
КУЛОЛГАРӢ — РАМЗИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ. Анъанаи истифодаи зарфҳои кулолӣ дар Наврӯз то имрӯз боқӣ мондааст
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯз моро ба некиву накукорӣ даъват мекунад»
ГУЛҲОИ ВАТАН ДАР ЧАКАНИ МАН. Ин мероси пурарзиши ниёгон фарҳанг ва таърихи куҳани тоҷиконро инъикос менамояд
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯз ба ягон дину мазҳаб пойбанд нест»






