Дар Душанбе Форуми соҳибкории Тоҷикистону Туркманистон доир шуд

Май 8, 2023 13:11

ДУШАНБЕ, 08.05.2023 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар Душанбе дар  ҳошияи сафари давлатии Президенти Туркманистон ба Тоҷикистон Форуми соҳибкории Тоҷикистону Туркманистон баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Форумро бо сухани ифтитоҳи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ва муовини Раиси девони вазирони Туркманистон Ботир Атдаев оғоз намуданд.

Зимни суханронии худ муовини Сарвазири мамлакат Усмоналӣ Усмонзода изҳор дошт, ки ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Туркманистон бо кӯшишхои тарафайн рушд намуда, дар натиҷаи сафарҳои мутақобила пайваста ҳамкории гуногунҷанбаи байни ду давлат ба сатҳи баланди тараққиёт расидааст.

«Баргузории чунин чорабиниҳо ба рушди ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ, инчунин баланд бардоштани неруи содиротӣ, ҷалби сармояву технологияҳои муосир ва тақвияти ҳамкории дуҷонибаи иқтисодиву сармоягузорӣ мусоидат менамояд», — тазаккур дод ӯ.

Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ бо Туркманистон соли 2022 52,9 миллион долларро ташкил дода, нисбат ба соли 2021 30,7 миллион доллар ё 2,3 баробар зиёд шудааст.

Дар Форуми мазкур беш аз 250 нафар аз ҳарду ҷониб, аз ҷумла роҳбарон ва масъулини вазорату идораҳо, соҳибкорону сармоягузорон ва намояндагони ширкату корхонаҳои соҳаҳои гуногуни фаъолияти хоҷагидории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаҳои афзалиятнок иштирок намуданд.

Дар доираи Форум ба иштирокчиён фазо ва имкониятҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои  саноат, энергетика, хизматрасонӣ, кишоварзӣ, логистика, нақлиёт ва комуникатсия муаррифӣ карда шуд.


Дар фарҷоми Форум вохӯрии дуҷонибаи соҳибкорони ду давлат дар шакли «Соҳибкор бо соҳибкор» (B2B) баргузор гардида, аз рӯйи натиҷаҳои он санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.

Иштирокчиёни Форуми соҳибкории Тоҷикистону Туркманистон ба рушди муносибатҳои дуҷониба ва баимзорасонии созишномаю шартномаҳои мутақобилан судманд, ки фарогири ҳама соҳаҳои ҳамкории иқтисодӣ мебошанд, баҳои баланд дода, ба мувофиқа расиданд, ки чунин ҳамоишҳои соҳибкоронро мунтазам баргузор хоҳанд намуд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 8, 2023 13:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд: «Дар мавсими гармо ба бехатарии маҳсулот диққат диҳед!»
Тоҷикистон то соли 2029 истифодаи гидрофторкарбонҳоро то 70 фоиз коҳиш медиҳад
Тавсеаи ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи ҳамлу нақл баррасӣ гардид
Кишти зериплёнкавии пунбадона аз усулҳои муосири агротехникӣ ба ҳисоб меравад
Корхонаи навбунёди «Шири Ҷайҳун» 10 намуд маҳсулот истеҳсол менамояд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад