Дар Душанбе лоиҳаи «Рушди деҳот тавассути муносибатҳои бозоргонӣ» муаррифӣ гардид

Май 11, 2023 18:11

ДУШАНБЕ, 11.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 11 май бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе лоиҳаи нави панҷсола бо номи «Рушди деҳот тавассути муносибатҳои бозоргонӣ», ки аз ҷониби Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар ҳаҷми  19 миллион доллар маблағгузорӣ мешавад, муаррифӣ гардид.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар муаррифии лоиҳаи мазкур муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зеваршои Зеваршо, муовини Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Мирзоанвар Ахмедов, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер, Мудири аршад доир ба низомҳои фарогири бозор дар ACD/VOCA (созмони ғайритиҷоратӣ ва байналмилалии рушд) Маргарет Андерсон ва коршиносони соҳа иштирок намуданд.

Гуфта шуд, ки Лоиҳаи нав рушди босуръати соҳаи кишоварзиро таъмин карда, ба сокинони деҳот дар саросари мамлакат имкониятҳои фарогири иқтисодӣ фароҳам меорад.

Муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зеваршои Зеваршо зимни суханронии хеш иброз намуд, ки тайи солҳои охир  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фароҳам овардани шароити мусоид барои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, муносибатҳои тиҷоратӣ ва дарёфти бозори тиҷоратӣ қарорҳои зиёд қабул намудааст. Аз ҷумла қабули марҳилаи нави ислоҳоти аграрӣ имкон медиҳад, ки шароити низомҳои истеҳсоли занҷираи арзиши иловашудаи маҳсулоти кишоварзӣ сифатан беҳтар ва самаранок гардад.

«Кишоварзӣ соҳаи муҳими таъмини шуғли аҳолӣ дар деҳот ба шумор меравад. Ҳиссаи шуғли аҳолӣ дар соҳа баландтарин дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад, ки зиёда аз 60 фоизи шуғли аҳолиро дар бар мегирад. Албатта, ин нишондиҳанда моро қонеъ гардонида наметавонад ва дар ин  самт корҳо идома дорад. Умед аст, ки марҳилаи нави ислоҳоти аграрӣ ин нишондиҳандаҳоро сифатан мутаносиб гардонида, ба афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат менамояд», — афзуд номбурда.

Дар идома муовини Раиси Куматаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Мирзоанвар Ахмедов гуфт, ки «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар солҳои аввали Истиқлоли давлатӣ нақши асосии соҳаи кишоварзӣ ва ҷойгоҳи хоси онро дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат тазаккур дода, таъкид намуданд, ки барои афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти озуқавории ватанӣ дар заминаи истифодаи ҳаматарафаи иқтидорҳои соҳа бояд ислоҳоти аграрӣ давом дода шавад. Айни ҳол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 74 фоизи аҳолӣ дар деҳот иқомат дорад ва зиёда аз 60 фоизи қувваи корӣ ба соҳаи кишоварзӣ рост меояд. Аз ин лиҳоз ҳамкории худро бо шарикони рушд тавсеа дода, ҳамзамон ҷудо намудани маблағҳои иловагӣ аз буҷети давлатӣ барои соҳаи кишоварзӣ равона кардаем. Ҳамин аст, ки нишондиҳандаҳои соҳаи кишоварзӣ рӯ ба афзоиш дорад ва ҳамасола дар соҳа ҳаҷми масҳулот 6-7 фоиз арзёбӣ карда мешавад, ки ин ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои олии мамлакат, яъне таъмини амнияти озуқаворӣ нақши калидӣ мебозад. Лоиҳаи «Рушди деҳот тавассути муносибатҳои бозоргонӣ» низ қадами устувор дар ин самт ба ҳисоб меравад».

Тавре Сафири Фавқулодда ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мануэл Микаллер иброз намуд, Лоиҳаи «Рушди деҳот тавассути муносибатҳои бозоргонӣ» ба ҳадафҳои барномаи нави Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди устувори низомҳои кишоварзӣ мувофиқ мебошад ва дар табдил ёфтани Тоҷикистон аз мамлакати кишвоарзӣ ба саноатӣ-кишоварзӣ саҳм мегузорад.

Лоиҳаи мазкур дар иҷрои фаъолияти худ тавсеаи имконоти даромад барои деҳқонон, ҷавонон ва занони дар соҳаи кишоварзӣ машғулбуда ва пешгирӣ аз хатарҳои муҳитизистиро низ дар мадди аввал қарор медиҳад.

Мудири аршад доир ба низомҳои фарогири бозор дар ACD|VOCA Маргарет Андерсон иброз дошт, ки соҳаи кишоварзӣ маҳаки иқтисодии деҳоти Тоҷикистон буда, қисми зиёди аҳолии мамлакат дар ин соҳа бо кор таъмин мебошад ва онҳо барои пешбурди зиндагии худ ба муваффақиятҳои ин соҳа такя менамоянд.

«Фаъолияти мо дар ин маврид бо ҷорӣ кардани таҷрибаҳои беҳтарини байналмилалӣ ва пайваст намудани иқтисоди маҳаллӣ ба бозорҳои ҷаҳонӣ нигаронида шудааст. Мо ҳадаф дорем, ки фаъолони соҳаи кишоварзиро тавонманд созем ва даромади ҷонибҳои манфиатдори гуногунро, шуруъ аз корманди одӣ дар хоҷагии дурдасти деҳот  то таъминкунандаи машваратӣ ва хизматрасонии бозаргониро баланд бардорем. Дар асл, мо соҳибкорони маҳаллии агробизнесро дар саросари ҷаҳон дастгирӣ менамоем, то бо истифода аз донишҳои техникӣ меҳнат, замин ва сармояро бо муваффақият идора намуда, фаъолияти худро мустаҳкам созанд ва инчунин бо ҷомеаҳои худ дар баланд бардоштани зиндагӣ кумак расонанд, — гуфт  ӯ.

Роҳбари Лоиҳаи «Рушди деҳот тавассути муносибатҳои бозоргонӣ» Муҳаммад Шаҳрӯз мегӯяд, лоиҳаи мазкур тамоми минтақаҳои Тоҷикистонро фаро мегирад.

«Мо ният дорем, ки дар доираи ин лоиҳа бо бонкҳо, бахши хусусӣ, деҳқонон ва дигар ҷонибҳои дахлдор корбарӣ намоем, то ин ки на танҳо онҳо аз чунин ҳамкорӣ фоида ба даст оранд, балки манфиат барои соҳаи кишоварзӣ дар умум бошад. Бо ин  мақсад мехоҳем шарикон ва тамоми он шахсоне, ки ба ин бахш таваҷҷуҳ доранд, даъват намоем ва умед мебандем, ки дар 5 соли амали лоиҳа ба дастовардҳои назаррас ноил хоҳем гардид.

Бояд тазаккур дод, ки Лоиҳаи «Рушди деҳот тавассути муносибатҳои бозоргонӣ» рушди босуръати соҳаи кишоварзиро таъмин намуда, ба сокинони деҳот имкониятҳои фарогири иқтисодиро фароҳам меорад. Бо пешбурди сармоягузории бештар ба ин соҳа лоиҳа низомҳои бузургҳаҷми таъсиррасони бозорӣ месозад, то аз он хонаводаҳои деҳотнишин баҳравар гарданд ва имконоти даромад барои ҷавонон ва занон тавсеа ёбад.

Нарзулло АЛИЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 11, 2023 18:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар се моҳи соли 2024 кишоварзони вилояти Хатлон ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзиро ба беш аз 1,3 миллиард сомонӣ расониданд
Дар вилояти Суғд шумораи корхонаҳои истеҳсоли равған меафзояд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи барҳамхӯрӣ ва аз фаъолият мондани корхонаҳои саноатӣ дар вилояти Суғд изҳори нигаронӣ намуданд
Дар Душанбе ҷаласаи 18-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид
Барои ифротӣ нагаштани ҷавонон таваҷҷуҳи онҳоро ба илму дониш ва касбу ҳунаромӯзӣ бояд ҷалб намуд
Масъулини вилояти Суғд баҳри ҳалли мушкилоти пойгоҳҳои обкашӣ ва норасоии обёрии замин вазифадор гардиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуданд
Лоиҳаи «Ташхиси сохтори бозори пул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ гардид
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан ба ятимон туҳфаҳо тақдим намуданд
Дар оянда байни Душанбе ва Сеул роҳи ҳавоӣ кушода мешавад
8 АПРЕЛ-РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. Созмонҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ Тоҷикистонро давлати дорои суръати баланди рушди иқтисодӣ арзёбӣ намудаанд
Дар шаҳри Хуҷанд Намоишгоҳи X байналмилалии савдо «Суғд-2024» доир мегардад