Дар Душанбе масъалаи тамоюли пастравии гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва қочоқи силоҳ муҳокима гардид

Май 25, 2023 10:20

ДУШАНБЕ, 25.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромилӣ аз ҷумлаи мавзуъҳое буданд, ки 24 май зимни вохӯрии директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода бо ҳамоҳангсози миллии барномаи Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухадир ва ҷинояткорӣ (UNODC) Наргиза Абдуқодирова мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегӣ.

Дар рафти вохӯрӣ оид ба вазъи тағйирёбандаи сиёсӣ ва иқтисодӣ минтақа ва ҷаҳон ибрози назар гардида, масъалаҳои гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромилиро ба амнияти давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамчун таҳдид арзёбӣ гардид.

Гуфта шуд, ки дар шароити муосири муносибатҳои байналмилалӣ, сарчашмаи асосии дастгирии гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ, маҳз гардиши ғариқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ ва дигар ҷиноятҳои муташаккил ба ҳисоб меравад.

Таъкид гардид, ки имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон заминаҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ҷиҳати пешгирӣ ва муборизаи самаранок бар зидди терроризм ва экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва қочоқи силоҳ фароҳам оварда шуда, инчунин ниҳодҳои махсуси давлатӣ ва зерсохтори мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

Хайриддин Усмонзода иброз намуд, ки хушбахтона дар мамлакати мо тамоюли пастравии гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва қочоқи силоҳ ба назар мерасад, ки ин аз фаъолияти пайвастаи ниҳодҳои дахлдори давлатӣ шаҳодат медиҳад.

Зимни мулоқот Наргиза Абдуқодирова изҳор намуд, ки рӯйдодҳои охири баамаломада дар аксар кишварҳои пасошӯравӣ, зарурати таҳкими ҳамкории мутақобиларо дар самти мубориза бо гардиши ғайриқонқнии маводи мухаддир ва қочоқи силоҳ бештар мегардонад.

«Ҳоло дар кишварҳои минтақа гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва қочоқи силоҳ заминаи рушди ҷинояткорӣ гардид, ки ҷиҳати таҳлилу баррасии ин мушкилот мо натанҳо бо сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, балки бо ниҳодҳои илмӣ-таҳқиқотии кишварҳо ҳамкориро тақвият мебахшем»,- гуфт Наргиза Абдуқодирова.

АКС: Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 25, 2023 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд