Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии шоҳмот идома дорад
ДУШАНБЕ, 28.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи баргузории бозиҳои марҳилаи аввали Чемпионати ҷаҳон оид ба шоҳмот байни мардон ва духтарон дар шаҳри Душанбе мусобиқаи байналмилалӣ идома ёфта истодааст, ки 26 май огоз шуда, 3 июн ба анҷом мерасад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон хабар доданд.
Дар доираи ин мусобиқа беҳтарин шоҳмотбозони Осиёи Марказӣ тақдири ду роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон- як роҳхат байни мардон ва як роҳхат байни духтаронро ҳал мекунанд.
Дар сабқатҳои байнамилалии шоҳмот дар шаҳри Душанбе шоҳмотбозони 5 кишвари Осиёи Марказӣ иштирок доранд. Ҳайати мунтахаби Тоҷикистонро дар мусобиқаи мазкур 10 шоҳмотбоз (ҳашт марду ду зан) муаррифӣ мекунад. Ҷумҳурии Узбекистон 9 варзишгар (7 мард ва 2 зан), Туркманистон 8 нафар (5 марду 3 зан), Қирғизистон 2 шоҳмотбоз (1 мард ва 1 зан) ва Қазоқистон 14 шоҳмотбоз (7 марду 7 зан)-ро ҷалб кардааст.
АКС: Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон








Дастаи «Ҳулбук»-и Восеъ ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2026 шуд
ҶОМИ ФФТ-2026. Имрӯз бозии финалии дастаҳои «Барқчӣ»-и Ҳисор ва «Ҳулбук»-и Восеъ доир мегардад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад
Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми зиёда аз 2 миллион сомонӣ ба варзишгарони муваффақ тақдим гардид
АРТИШИ МИЛЛӢ — КАФИЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Дар Душанбе маросими ҷоизасупорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш баргузор мегардад
Дар мусобиқаи байналмилалии «Tashkent Grand Slam 2026» оид ба гӯштини ҷудо 17 варзишгари тоҷик иштирок менамояд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Хиросима иштирок мекунад
ҶОМИ ФФТ-2026. Ҷуфтҳои даври нимниҳоии мусобиқа муайян шуданд
Федератсияи футболи Тоҷикистон Суҳроб Сатторовро барои фаъолияти арзанда дар Ҷоми Осиё-2026 қадрдонӣ намуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Тоҷикистон Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) баргузор гардид






