Дар Душанбе нахустин нишасти байналмилалии ҳамоҳангсозони миллии Агентии байналмилалии неруи атомӣ доир мешавад

Май 18, 2023 19:05

ДУШАНБЕ, 18.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 23-26 май Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Агентии байналмилалии неруи атомӣ (АБНА) бо мақсади густариши барномаҳои ҳамкории техникии АБНА нишасти афсарони миллии иртиботиро баргузор менамояд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳамоиши мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори нахуст ташкил карда мешавад.

Ҷаласаи солонаи афсарони миллии робитаҳо ба такмил ва пешбурди лоиҳаҳои ҳамкории техникии АБНА бахшида шуда, барои мамлакатҳои аъзо платформаи муҳим ҷиҳати ҳамкорӣ ва табодули афкор, таҷрибаи пешқадам дар татбиқи барномаҳои ҳамкории техникии АБНА мебошад. Ин ҳамоиш ба намояндагони кишварҳои аъзои минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ имкон медиҳад, ки самаранокӣ ва таъсири лоиҳаҳои ҷориро арзёбӣ кунанд, роҳҳои инноватсионии ҳалли мушкилоти пайдошударо омӯзанд ва доир ба масъалаҳои муҳимми ҳамкории техникӣ, бо мақсаду ҳадафҳои осоишта истифода бурдани илм ва техникаи ядроӣ маъруза намоянд.

Дар нишасте, ки тайи 4 рӯз дар пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе баргузор мешавад, ҳайати коршиносон, аз ҷумла афсарони равобити миллӣ, сиёсатмадорон, ходимони сохторҳои давлатӣ ва коршиносони фаннӣ иштирок мекунанд. Иштирокчиён зимни баргузории ҷаласаҳои интерактивӣ, семинарҳо ва форумҳо бо ҳам мубодилаи афкор намуда, барномаҳои ҳамкории техникии АБНА ва инчунин мувофиқати онҳо бо мақсади ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Устуворро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд. Вазифаҳои асосии ҷаласаи мазкур, ки аз 5 бахш иборат мебошад, асосан ба уҳдадории АБНА оид ба рушди ҳамкории байналмилалӣ ва расонидани кумаки мақсаднок ба давлатҳои аъзо дар истифодаи иқтидори илм ва технологияи ядроӣ бахшида мешавад.

Натиҷаҳои вохӯрӣ дар ташаккули стратегияҳо, сиёсатҳо ва ташаббусҳои оянда, ки ба рушди осоишта ва устувори кишварҳои аъзо, аз ҷумлаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ тавассути татбиқи илм ва технологияи ядроӣ мусоидат мекунад, муфид хоҳад буд.

АКС: Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Май 18, 2023 19:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия ба имзо расид
Тоҷикистон ва Арманистон ҳамкориро дар самти ҳифз ва барқарорсозии экосистемаҳо ва мониторинги гуногунии биологӣ тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба мусоидат ба ҳамкорӣ дар соҳаи инфрасохтор ва сохтмони муҳандисӣ ба имзо расид
Байни мақомоти зиддикоррупсионии Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия ба имзо расид
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ дар мавзуи «Амнияти иттилоотӣ дар шароити таҳдидҳои киберии муосир» ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ фаъолият менамояд
Сохтмони роҳи таворавии шаҳри Кӯлоб қадами муҳим дар рушди инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон аст
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба беш аз 21 миллиард сомонӣ расид
«Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2026–2030» 31,2 фоиз иҷро гардид
Дар Тоҷикистон 7136 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин бартараф карда шуд
Ҳамкории БАТР бо Тоҷикистон дар соҳаи энергетика тақвият меёбад
Дар Нозироти андози шаҳри Ваҳдат 804 субъекти хоҷагидори амалкунанда сабти ном шудааст