Дар Душанбе нахустин нишасти байналмилалии ҳамоҳангсозони миллии Агентии байналмилалии неруи атомӣ доир мешавад

Май 23, 2023 08:15

ДУШАНБЕ, 23.05.2023 /АМИТ «Ховар»/23-26 май Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Агентии байналмилалии неруи атомӣ (АБНА) бо мақсади густариши барномаҳои ҳамкории техникии АБНА нишасти афсарони миллии иртиботиро баргузор менамояд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳамоиши мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори нахуст ташкил карда мешавад.

Ҷаласаи солонаи афсарони миллии робитаҳо ба такмил ва пешбурди лоиҳаҳои ҳамкории техникии АБНА бахшида шуда, барои мамлакатҳои аъзо платформаи муҳим ҷиҳати ҳамкорӣ ва табодули афкор, таҷрибаи пешқадам дар татбиқи барномаҳои ҳамкории техникии АБНА мебошад. Ин ҳамоиш ба намояндагони кишварҳои аъзои минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ имкон медиҳад, ки самаранокӣ ва таъсири лоиҳаҳои ҷориро арзёбӣ кунанд, роҳҳои инноватсионии ҳалли мушкилоти пайдошударо омӯзанд ва доир ба масъалаҳои муҳимми ҳамкории техникӣ, бо мақсаду ҳадафҳои осоишта истифода бурдани илм ва техникаи ядроӣ маъруза намоянд.

Дар нишасте, ки тайи 4 рӯз дар пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе баргузор мешавад, ҳайати коршиносон, аз ҷумла афсарони равобити миллӣ, сиёсатмадорон, ходимони сохторҳои давлатӣ ва коршиносони фаннӣ иштирок мекунанд. Иштирокчиён зимни баргузории ҷаласаҳои интерактивӣ, семинарҳо ва форумҳо бо ҳам мубодилаи афкор намуда, барномаҳои ҳамкории техникии АБНА ва инчунин мувофиқати онҳо бо мақсади ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Устуворро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд. Вазифаҳои асосии ҷаласаи мазкур, ки аз 5 бахш иборат мебошад, асосан ба уҳдадории АБНА оид ба рушди ҳамкории байналмилалӣ ва расонидани кумаки мақсаднок ба давлатҳои аъзо дар истифодаи иқтидори илм ва технологияи ядроӣ бахшида мешавад.

Натиҷаҳои вохӯрӣ дар ташаккули стратегияҳо, сиёсатҳо ва ташаббусҳои оянда, ки ба рушди осоишта ва устувори кишварҳои аъзо, аз ҷумлаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ тавассути татбиқи илм ва технологияи ядроӣ мусоидат мекунад, муфид хоҳад буд.

АКС: Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Май 23, 2023 08:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад