Дар Душанбе оид ба рушд, мушкилот ва роҳҳои ҳалли соҳибкории истеҳсолӣ ҳамоиш доир гардид

Май 12, 2023 20:24

ДУШАНБЕ, 12.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Душанбе бо ташаббуси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Рушди соҳибкории истеҳсолӣ дар Тоҷикистон: вазъ, мушкилот ва роҳҳои ҳалли он» конфронси илмиву амалӣ доир гардид, ки зимни он вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ин намуди соҳибкорӣ дар мамлакат таҳлилу баррасӣ карда шуд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Директори Маркази тадқиқоти стратегӣ Хайриддин Усмонзода зимни конфронс гуфт, ки «бо дигар шудани муносибатҳои иқтисодӣ, пеш аз ҳама, муносибатҳое, ки дар доираи соҳибкорӣ ба амал омадаанд, дар рушди соҳибкории мамлакат нақши хеле муҳим гузоштаанд. Имрӯз бо боварӣ метавон гуфт, ки соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ зина ба зина рушд ёфта истодааст».

Иброз гардид, ки «равандҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ҳама вақт дар инкишоф ҳастанд ва зиддияте, ки дар ин намуди муносибатҳо пайдо мешавад, моро водор ба он месозад, ки барои камтар кардани ин гуна ҳолатҳо ба василаи таҳлилҳои амиқ ояндабинӣ намуда, онро пешгирӣ кунем».

Ҳар қадаре, ки бахши хусусӣ, яъне соҳибкории истеҳсолӣ рушд намояд, ҳамон андоза имконияти рушди мо барои соҳаи иқтисодиву иҷтимоии мамлакат таъмин хоҳад гашт.

Сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳибкорӣ ва инкишофи бахши хусусии Марказ Амин Одинаев иброз намуд, ки «дар шароите, ки 70 фоизи маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, қариб 80 дарсади пардохти андозӣ, 67 фисади ба шуғл фаро гирифтани аҳолии аз лиҳози иқтисодӣ фаъоли ҷумҳурӣ аз ҳисоби бахши хусусӣ- соҳибкорӣ таъмин мегардад, аз ин нуқтаи назар ноил гардидан ба ҳадафҳои гузошта на танҳо аз бисёр ҷиҳат, балки бешубҳа, ба рушди бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ, хусусан соҳибкории истеҳсолӣ вобаста мебошад».

Ҳамзамон таъкид гардид, ки дастрасӣ ба захираи қарзи молиявӣ, хусусан қарзҳои имтиёзнок яке аз омилҳои дигари рушди соҳибкории истеҳсолӣ ба шумор меравад. Вобаста ба ин дар ҷумҳурӣ Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» ва Муассисаи давлатии фонди дастгирии соҳибкории истеҳсолии шаҳри Душанбе таъсис дода шуда, фаъолияти самаранок доранд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар замиинаи чораҳои амалигардида ҳаҷми пешниҳоди қарзҳо ба соҳибкорон, хусусан ба соҳибкорони истеҳсолӣ мунтазам афзуда, тибқи маълумот, танҳо дар 5 соли охир (2018-2022) ба рушди соҳибкории истеҳсолӣ дар ҳаҷми тақрибан 20 млрд сомонӣ қарзҳо пешниҳод гардид.

Вале дар баробари ин, ба андешаи коршинос Амин Одинаев,  ин нишондиҳанда барои расидан ба ҳадафҳои стратегӣ, аз ҷумла саноатикунонии босуръати ҷумҳурӣ бо назардошти талаботи зиёд ҳанӯз ҳам қонеъкунанда нест. «Зеро ҳанӯз ҳам шароити пешниҳоди қарз мураккаб боқӣ мемонад. Илова бар ин баланд будани фоизи қарзҳо, хусусан қарзҳои дарозмуддат бо фоизҳои дастрас тақозо менамояд, ки дар ин самт тадбирҳои иловагии давлатӣ андешида шавад»,-афзуд ӯ.

Тазаккур дода шуд, ки гарчанде ҳоло тибқи омори расмӣ дар қонунгузории амалкунанда беш аз 120 номгӯй имтиёзу сабукиҳо барои соҳибкорону сармоягузорон пешбинӣ шудааст, вале аз чӣ сабаб бошад, ки соҳибкорон ҳанӯз ҳам қаноатманд нестанд. Пас саволи матраҳ ин аст, ки то кадом андоза соҳибкорон аз имтиёзҳои мавҷуда бархурдор ҳастанд. Ба андешаи маърузачиён, агар субъектҳои соҳибкорӣ аз имтиёзу сабукиҳои мавҷуда бархурдор бошанд, он вақт шикояти мунтазами онҳо дар самти дастгирии давлатӣ метавонад кам шавад. Вале дар айни замон чунин вазъ ба назар намерасад.

Пайгирии ин мавзуъро рӯзҳои наздик дар шакли пурра ва таҳлилӣ пешниҳоди хонандагон менамоем.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 12, 2023 20:24

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ СОХТМОН. Меъмории миллӣ ба ташаккули симои нави шаҳрҳо ва муҳити зисти муносиб мусоидат менамояд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 149,6 миллион сомонӣ расид
Ҳаҷми умумии маблағгузории сармоя дар ноҳияи Хуросон ба зиёда аз 337 миллион сомонӣ расонида шуд
Ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар масъалаи обу иқлим дар муколамаи ҷавонон баррасӣ шуданд
Сулаймон Зиёзода дар ноҳияи Спитамен бо вазъи соҳаҳои пахтакорӣ, боғдорӣ ва токпарварӣ шинос гардид
Ҷаласаи 21-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо доир шуд
Дар вилояти Хатлон имконоти ҳамкорӣ дар самти бунёди неругоҳҳои барқӣ баррасӣ гардид
РУШДИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 3,7 баробар афзоиш ёфтааст
14 август Озмуни ҷумҳуриявии «Топ-35-шарики боэътимоди сол» баргузор мегардад
Тоҷикистон таҷрибаи пешрафтаи Қазоқистонро дар самти истифода аз технологияҳои нав барои рушди соҳаи мелиоратсия меомӯзад
Дар Тоҷикистон низоми e-Phyto татбиқ мегардад
Оид ба кам намудани талафоти неруи барқ дар вилояти Хатлон Созишномаи қарзии иловагӣ ба имзо расид