Дар Душанбе самтҳои асосии татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид

Май 4, 2023 17:20

ДУШАНБЕ, 04.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Душанбе дар мавзуи «Самтҳои асосии амалигардонии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» конфронси илмӣ-амалии муштараки Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори  ҳамоиш намояндагони вазорату муассисаҳои дахлдори давлатӣ, олимони пажӯҳишгоҳи илмию таълимӣ, мутахассисону коршиносони соҳавӣ, соҳибкорон, намояндагони бахши хусусӣ ва рӯзноманигорон иштирок намуданд.

Иброз гардид, ки нишондиҳандаҳои асосии ҷараёни амалигардии «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» нишон дод, ки мо ба ҳадафҳо ва вазифаҳои миллии стратегии муайянгардида дар маҷмуъ ноил гардидем ва заминаи мусоид барои рушди устувори минбаъдаи мамлакат фароҳам оварда шудааст.

Ҳамзамон таъкид карда шуд, ки дар баробари дастовардҳо баъзе нишондиҳандаҳои алоҳидаи барномаи қаблӣ бо назардошти пайомади буҳронҳои иқтисодии глобалӣ, паҳншавии пандемияи коронавирус, ҷой доштани мушкилоти геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва таҳримҳои иқтисодӣ байни давлатҳо, тағйирёбии ноустувори нархҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ, паст шудани фаъолнокии иқтисодӣ ва тағйирёбии иқлим дар сатҳи зарурӣ  иҷро нагардидааст. Аз ин лиҳоз, дар мамлакат ислоҳоти мушаххаси иқтисодӣ ва идоракунӣ ба роҳ монда шуда, ҳамоҳангсозии фаъолияти соҳаҳо ва истифодаи оқилонаи захираҳои дохилӣ аз рӯи имконият ва иқтидори мавҷуда таъмин карда шуд.

Роҳандозӣ ва татбиқи барномаҳои соҳавию минтақавӣ, идомаи навсозии инфрасохтори соҳаҳои воқеии иқтисодиёт ва таҳкими низоми молиявӣ дар давраи амалишавии «Барномаи миёнамуҳлати рушди 2016-2020» имкон дод, ки суръати рушди устувори иқтисодӣ ба таври кофӣ таъмин гардад.

АКС:  Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 4, 2023 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд