Дар Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат нахустин конференсияи илмию назариявӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 12.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 11 май дар Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат, ки дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият мекунад, нахустин конференсияи илмию назариявӣ баргузор гардид. Дар кори конференсия роҳбарият ва олимону муҳаққиқони ҷавони донишгоҳ иштирок намуданд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар донишгоҳи мазкур.
Ректори донишгоҳ, профессор Қобилҷон Хушвахтзода гуфт, ки мамлакати мо дар сиёсати дохилӣ ва хориҷии худ ба муваффақияти зиёди мондагор ноил гардидааст. Ин ҳама натиҷаи заҳмати халқи шарафманди тоҷик дар доираи сиёсати дурандешона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
«Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оғози Истиқлоли давлатӣ барои ба роҳ мондани сиёсати хориҷии фаъол дар ихтиёри худ ягон ниҳоду дастгоҳи коршоям ва бунёди зарурии моддию техникӣ надошт. Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ ҳамчун ниҳоди татбиқкунандаи сиёсати хориҷӣ танҳо ба таври рамзӣ вуҷуд дошта, на аз назари ҳайати роҳбарӣ, идорӣ ва на аз назари мазмуну сифат, насли дипломатҳои миллӣ ҳанӯз шакл нагирифта буд. Рушди сиёсати хориҷӣ ва дипломатияи муосири Тоҷикистон аз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии ҷумҳурӣ ибтидо мегирад. Маҳз интихоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Сарвари давлат дар ҳамин иҷлосияи таърихӣ заминаи ҳалли қазияи дохилӣ ва ба роҳ мондани муносибатҳои мутақобилан судмандро бо давлату созмонҳои хориҷӣ гузошт», — таъкид дошт ректори донишгоҳ.
Иброз гардид, ки нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нишон додани ҳадафҳо ва усулҳои асосии сиёсати хориҷӣ ва дипломатияи миллии Тоҷикистон хеле муҳим аст. Усулҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз иҷлосия дар «Муроҷиатнома ба халқи шарифи Тоҷикистон» баён дошта шуд.


Дар конференсия дар мавзуъҳои “Шаклгирии низоми сиёсати хориҷӣ ва хадамоти консулгарӣ дар замони соҳибистиқлолии кишвар”, “Омӯзиши маҷмуи раванди сулҳи тоҷикон: муҳимият ва зарурати муаррифии он” ва “Аҳамияти ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат дар рушду такомули ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодии Тоҷикистон” маъруза намуданд.
Бояд гуфт, ки сиёсати воқеъбинона дар барқарории муносибатҳои дипломатӣ бо 180 кишвари ҷаҳон, ифтитоҳи 30 намояндагии дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи мамлакат ва дар назди созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, ифтитоҳи беш аз 50 намояндагии дипломатии кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои минтақавию байналмилалӣ дар Тоҷикистон, мубодилаи ҳамасолаи молу маҳсулот бо зиёда аз 100 кишвари ҷаҳон ва аз ҳама муҳим, ироаи ташаббусҳои байналмилалӣ, бахусус дар масъалаи об, ҳамкорӣ дар соҳаи об ва табдили он ба омили муҳими рушди устувори иқтисодӣ инъикос меёбад.
Имрӯз дар сатҳи байналмилалӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати ташаббускор дар роҳи ҳалли масъалаҳои умдаи ҷаҳонӣ, ба монанди мубориза бо терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, халъи силоҳ, ҳифзи муҳити зист, махсусан ҳифзи пиряхҳо, ки манбаи асосии оби ошомиданӣ ба ҳисоб меравад, эътироф гардидааст.
АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон








Дар Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонии ноҳияи Восеъ аз рӯи 5 ихтисос мутахассисон омода карда мешаванд
24 ОКТЯБР — РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Нақши он дар ҳимояти ҳуқуқ ва манфиатҳои иҷтимоию иқтисодии кормандон назаррас аст
Дар ноҳияи Шоҳмансур вобаста ба пешгирии ҳолатҳои фавқулода корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Дар маркази ноҳияи Данғара бунёди 315 бинои истиқоматии аз 9 то 16 ошёна ба нақша гирифта шудааст
Бахшида ба Рӯзи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ҳамоиши фарҳангӣ доир карда шуд
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Дар шаҳри Омск Форуми 5-уми сарварони ҷавони Русия ва давлатҳои Осиёи Марказӣ оғоз ёфт
Масъалаи ба такмили ихтисос фаро гирифтани табибони тоҷик дар Эрон баррасӣ гардид
Дар Душанбе масъалаи густариши ҳамкории судӣ байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баррасӣ гардид
Барои пешгирии заҳролудшавӣ аз дуди ангишт қоидаҳои муҳими истифодаи онро бояд риоя намуд
Доктор Ҳала бинти Мазид Ат-Тувайҷирӣ: «Дар «Стратегияи дурнамои рушди Арабистони Саудӣ то соли 2030» ҳифзи ҳуқуқи инсон ҷойгоҳи хос дорад»
Тавсеи ҳамкорӣ байни мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳуқуқи инсони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ баррасӣ гардид






