Дар ноҳияи Роштқалъа Маркази саломатӣ бунёд мегардад

Май 6, 2023 17:19

ДУШАНБЕ, 06.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бунёди Маркази саломатӣ дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зимни мулоқоти  Вазири энергетика  ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо ноиби Президенти Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА)  Умит Ноҷӣ  Йорулмаз  дар Душанбе баррасӣ карда шуд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, ки мусоҳибон дар ҷараёни мулоқот ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Туркияро дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла дар соҳаи обу энергетика дар сатҳи баланд арзёбӣ намуда, масъалаи бунёди  Маркази нави саломатӣ дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Баахшон, таҷдиди бинои Коллеҷи энергетикии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва инчунин масъалаи ташкили даврҳои бозомӯзӣ марбут ба соҳаи энергетика дар Ҷумҳурии Туркияро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар ин замина аз ҷониби Умит Ноҷӣ Йорулмаз пешниҳод гардид, ки Маркази саломатӣ дар ноҳияи Роштқалъа дар сатҳи баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замон бунёд карда шуда, бо таҷҳизоти замонавӣ ва технологияҳои муосир муҷаҳҳаз гардонида мешавад. Илова бар ин аз ҷониби намояндаи ТИКА дар назди Маркази саломатӣ майдонча барои кӯдакон сохта мешавад.

 АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 6, 2023 17:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Суди Олии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии судяҳо оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуданд
Оид ба стратегияи ҳамкории Тоҷикистон ва Корея машғулияти академӣ доир шуд
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бостоншиносӣ» баррасӣ гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Гурҷистон дар такмили низоми нафақа густариш меёбад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии шаҳри Хуҷанд ба мавсими сармо ҳамаҷониба омода мешаванд
Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро тасдиқ кард
Забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ: аз пайкараи матнӣ то истилоҳоти ягона
Дар Душанбе симпозиум доир ба соҳаи онкология оғоз гардид
Барои маблағгузории нафақа беш аз 4 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд