Дар Швейтсария масоили интиқоли дониш ва технология барои беҳтар гардонидани пешгӯии обу ҳаво баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 31.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 29 май дар доираи Конгресси 19-уми Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ зимни мулоқоти ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ масъалаҳои интиқоли дониш ва технология барои беҳтар гардонидани пешгӯиҳои обу ҳаво ва огоҳии барвақтӣ баррасӣ гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ
Тавре иттилоъ дода шуд, ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Қурбонзода ва Сафири фавқулода ва ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Швейтсария Ҷамшед Ҳомидов бо намояндагони Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ, сардори раёсати Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ оид ба рушди шарикӣ ва сафарбаркунии захираҳо Даниэл Кулл ва роҳбари барномаи Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ оид ба обшиносӣ ва захираҳои обӣ Фатих Кая мулоқоти дуҷониба доир намуд.
Дар ҷараёни мулоқот инчунин масъалаи ҷорӣ намудани амсилаҳои нави пешгӯӣ ва истифодаи маълумоти Маркази аврупоии пешгӯии обу ҳаво баррасӣ шуд. Ҷонибҳо инчунин ташаббуси нави Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ – «Огоҳиҳои барвақтӣ барои ҳама (Early Warnings For All)»-ро муҳокима намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки ин ташаббуси ҷаҳонӣ барои он ба роҳ монда шудааст, ки то соли 2027 тамоми сокинони кураи Замин тавассути огоҳиҳои барвақтӣ аз зуҳуроти шадиди обу ҳаво ва иқлим муҳофизат карда шаванд. Ташаббус ба рӯзномаи ҷаҳонӣ то соли 2030 комилан мувофиқат намуда, муқаррароти асосии барномаи чаҳорчӯбаи Сендай барои коҳиш додани хатари офатҳо, инчунин созишномаи Париж оид ба тағйирёбии иқлим ва Ҳадафҳои рушди устуворро дастгирӣ мекунад.
АКС: Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар деҳаҳои Дарғ ва Каздони ноҳияи Айнӣ бар асари омадани сел хисороти зиёд ба қайд гирифта шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2026 шаш санади меъёрии ҳуқуқӣ мавриди омӯзишу таҳлил қарор гирифт
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳолати риоя накардани талаботи қонуни танзими ҷашну маросим 74 адад зиёд шудааст
Бо ташаббуси ҲХДТ беш аз сад нафар кӯдак ба лагерҳои истироҳатию фароғатӣ сафарбар шуданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ низоми нави андозбандии электронӣ баррасӣ шуд
Имсол теъдоди муассисаҳои фарматсевтӣ ва дорухонаҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 61 адад зиёд гардидааст
Дар ноҳияи Фирдавсӣ 3244 нафар ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қабул гардиданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар соҳаи тандурустӣ навовариҳо амалӣ гардиданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаш моҳи соли равон шумораи хизматчиёни давлатӣ аз ҳисоби занон афзоиш ёфтааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ беш аз 31 ҳазор иншоот ба истифода дода шуд
Беш аз 2970 нафар дар асоси иҷрои Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи авф» ба озодӣ баромаданд






