Дар Тошканд ҷаласаи 10-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Узбекистон доир гардид
ДУШАНБЕ, 12.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии Сарвазири мамлакат Коҳир Расулзода ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи 10-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон сафар намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар фурудгоҳи байналмилалии Тошканд ҳайати Тоҷикистонро Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Орипов гарму самимӣ пешвоз гирифт.
Худи ҳамин рӯз Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Коҳир Расулзодаро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот вобаста ба масъалаҳои густариши минбаъдаи ҳамкории гуногунсамт, таҳкими муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии стратегии Узбекистон ва Тоҷикистон таъкид карда шуд.
Сатҳи баланди ҳамкории кунунӣ, ки ба туфайли иродаи сиёсӣ ва амалҳои қатъии роҳбарони ду давлат ба даст омадааст, бо қаноатмандии амиқ таъкид гардид.
Зимни мулоқот ба татбиқи лоиҳаҳои самарабахш дар соҳаҳои савдо, мошинсозӣ, энергетика, маъдан, кишоварзӣ, саноати бофандагӣ, нақлиёт, сайёҳӣ ва тандурустӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Ҳамчунин робитаҳои фаъол дар сатҳи минтақавӣ ва тиҷоратӣ, барномаҳои мубодилаи фарҳангию гуманитарӣ идома хоҳанд ёфт.
Идомаи рӯз дар пойтахти Ҷумҳурии Узбекистон — шаҳри Тошканд ҷаласаи 10-уми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон бо иштироки сарвазирони ҳар ду давлат Қоҳир Расулзода ва Абдулло Орипов дар ҳайатҳои маҳдуд доир шуд.
Дар ҷаласа ҳамкории тиҷоративу иқтисодии байни ду мамлакат баррасӣ гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо вобаста ба сатҳу сифати ҳамкорӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Гуфта шуд, ки барои рушду тавсеаи ҳамкорӣ ҳоло ҳам имкониятҳои истифоданашуда зиёданд ва бояд онҳо истифода гарданд.
Ҷаласаи 10-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Узбекистон бо иштироки сарвазирони ҳар ду давлат дар ҳайати васеъ идома ёфт.

Ҷонибҳо изҳори умедворӣ намуданд, ки робитаҳои дуҷонибаи судманди Тоҷикистону Узбекистон, ки дар партави сиёсати башардӯстонаи сарони ду давлати дӯсту бародар — Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев роҳандозӣ гардидаанд, дар оянда низ марҳилаҳои рушду тавсеаи бештарро фаро хоҳанд гирифт.
Дар мулоқот ҳамзамон дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ шуд.
Дар охир Протаколи ҷаласаи 10-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон ба имзо расид. Ҳамчунин Нақшаи муштараки чорабиниҳо оид ба ташкили минтақаи озоди саноатию тиҷоратии Тоҷикистону Узбекистон дар нуқтаҳои сарҳадгузари «Фотеҳобод»-«Ойбек» ва Нақшаи ҳамкорӣ байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати иқтисод ва молияи Ҷумҳурии Узбекистон тасдиқ карда шуд.
Ҳамин тавр сафари Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон анҷом ёфт.
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд






