Дар Вазорати нақлиёти Тоҷикистон лоиҳаи «БРАМОМ-4» бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид

Май 24, 2023 15:00

ДУШАНБЕ, 24.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои марбут ба ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар доираи лоиҳаи «Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ /«БРАМОМ-4»/, махсусан таҷдиди роҳи Гулистон-Кӯлоб дар вилояти Хатлон, сохтмони пулҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва таҷдиди 4 қитъаи роҳи вилояти Суғд зимни мулоқоти Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ таҳти роҳбарии Муҳаммад Зулфиқор Аҳмад дар Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ки Азим Иброҳим аз ҳамкории Бонки ҷаҳонӣ бо Тоҷикистон, бахусус дар соҳаи нақлиёт ёдовар шуда, изҳори итминон намуд, ки лоиҳаи «БРАМОМ-4» бо сифати баланд ва дар муҳлати муқарраршуда амалӣ мегардад.

Вазири нақлиёти мамлакат инчунин дар бораи таъсиси Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт иттилоъ дода, моҳияти гузаштан ба сохти рақамикунониро дар пешрафти кори соҳа ба таври мушаххас баён дошт ва аз намояндагии Бонки ҷаҳонӣ хоҳиш намуд, ки барои гирифтани кумаки техникӣ мусоидат намояд.

Муҳаммад Зулфиқор Аҳмад гуфт, ки барои Тоҷикистон ҳоло масъалаи сармоягузории лоиҳаҳо дар соҳаҳои нақлиёт ва энергетика бисёр муҳим аст. Аз ин лиҳоз, бино ба суханони ӯ, бояд зарурати татбиқи лоиҳаҳои вобаста ба нақлиёт ва роҳҳои мамлакат возеҳ нишон дода, ҳамкории минбаъда дар ин самт густариш дода шавад.

Ҳайати Бонки ҷаҳонӣ то 30 май бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳо дар татбиқи марҳилаи чоруми лоиҳаи «Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ (БРАМОМ-4)» бо намояндагони Вазорати нақлиёт, аз ҷумла Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи вазорат якчанд мулоқот доир мекунад. То охири ҳафта гурӯҳи корӣ барои шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар қитъаҳои роҳ ба вилояти Суғд сафар хоҳад кард.

Мавриди тазаккур аст, ки дарозии роҳи Гулистон – Кӯлоб 32,5 километр буда, таҷдиду навсозии онро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз лоиҳаҳои муҳим дар соҳаи нақлиёт арзёбӣ намуданд. Он соли 2023 амалӣ хоҳад гардид.

Дар доираи лоиҳаи «БРАМОМ-4» инчунин дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сохтмони пул аз болои дарёи Ғунд, воқеъ дар хиёбони Шириншоҳ Шоҳтемури шаҳри Хоруғ бо дарозии 200 метр ва сохтмони роҳҳои ба он пайваст бо дарозии 1,1 км, бунёди роҳи автомобилгард дар мавзеи Барсеми ноҳияи Шуғнон бо дарозии 3,4 км бо назардошти сохтмони ду долони зиддитармавӣ бо дарозии умумии 840 метр (290м+550 м) ва сохтмони як пул бо дарозии 82,3 метр пешбинӣ шудааст.

Инчунин дар ҳудуди вилояти Суғд навсозӣ ва таҷдиди қитъаҳои роҳҳои автомобилгард бо дарозии умумии 51,2 км, аз ҷумла таҷдиди қитъаи «Куруш – Бекобод» бо дарозии — 12,3 км, таҷдиди қитъаи роҳи «Деҳмой – Б.Ғафуров» бо дарозии — 22,0 км, навсозии қитъаи роҳи «Б.Ғафуров – Хистеварз» бо дарозии 6,6 км, навсозии қитъаи «Конибодом – Кучкак» бо дарозии 10,3 км ба нақша гирифта шудааст.

АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Май 24, 2023 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Истиқлол ва рушди саноат: аз сарвати табиӣ то неруи созанда
Эмомалӣ Раҳмон: «То охири сол дар кишвар таъсиси боз 500 корхонаю коргоҳи саноатӣ пешбинӣ шудааст»
Дар ноҳияи Ҷайҳун ба сохтмони хати технологии коркарди нафт санги асос гузошта шуд
Кормандони соҳаи геология ва кӯҳкорӣ 35-солагии Истиқлоли давлатиро ботантана таҷлил намуданд
Нусратулло Давлатзода: «Истиқлоли давлатии Тоҷикистон нодиртарин падидаи сиёсӣ ва сарнавиштсоз мебошад»
Навбати дуюми зеристгоҳи барқии «Навобод» ба истифода дода шуд
Баҳодур Шерализода: «35 соли Истиқлоли давлатӣ барои рушди соҳаи ҳифзи муҳити зист заминаи мусоид гузошт»
Дар Тоҷикистон платформаи рақамии ватании ZARZO барои ҳисоб ва идоракунии лоиҳаҳои кишоварзӣ таҳия мегардад
Дар Душанбе Фестивали зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ -«AI ALLEY» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон содироти маҳсулот дар сатҳи устувори рушд ва афзоиш қарор гирифт
Дар Душанбе оид ба рушди алоқа, инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон боғу токзори нав 2,3 баробар зиёд гардид