Имрӯз дар Душанбе ҷаласаи якуми Шӯрои кории Тоҷикистон ва Туркманистон, форуми тиҷоратӣ ва намоишгоҳ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 08.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 8 май дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷаласаи якуми Шӯрои кории Тоҷикистон ва Туркманистон баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ҳамзамон, имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маросими кушодашавии расмии намоишгоҳи маҳсулоти содиротии ду давлат, форуми тиҷоратӣ ва дар доираи форум вохӯриҳои дуҷониба дар шакли соҳибкор бо соҳибкор «В2В» байни ширкатҳои Тоҷикистон ва Туркманистон дар назар аст.
Дар форум беш аз 67 ширкати калон ва хурду миёнаи Туркманистон дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ, истеҳсоли асбобҳои рӯзгор, истеҳсоли қаҳва, сайёҳӣ, сохтмон, савдо, истеҳсолоти пластикӣ, хизматрасонии машваратӣ, истеҳсоли маҳсулоти канселярӣ, савдо, нассоҷӣ, истеҳсоли риштаҳои полипропиленӣ, маҳсулоти пластикӣ ва ғайра иштирок менамояд.
АКС: Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон








«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Рӯзи иқтисодчиён ҳамоиши тантанавӣ доир гардид






