ИН ҚАДАР ЗЕБОСТ ҲАСТӢ ДАР ҚАБОИ ШАШМАҚОМ. Ва ё ин мусиқӣ беҳтарин симфониёи осмону Замин аст

Май 12, 2023 12:03

ДУШАНБЕ, 12.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Шашмақом яке аз беҳтарин дастовардҳои маънавӣ ва армуғони ҳунарии миллати мо дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи пуршарафи ӯ мебошад. Боз ҳам суханони Пешвои миллатамон Эмомалӣ Раҳмон ба ёд меоянд, ки гуфта буданд: «Агар миллатеро бихоҳанд нест кунанд, аввал забон, сипас илму фарҳанги ӯро аз байн мебаранд». Оре, агар миллати тоҷик ба шарофати фарҳанги бузургу оламгираш зинда монда бошад, яке аз ин сутунҳои қавию пойдору бегазанд дар ин фарҳанг ҳамин Шашмақом аст. Шашмақоми мо фақат созу навову суруд нест, ин оинаи бузургест, ки дар он ҳама фазилат, маърифат, илму адаб, завқу маҳорат, яъне сиришти эҷодии миллати мо инъикоси ҷовидонӣ ёфтааст,-ибрози назар намуд Шоири халқии Тоҷикистон, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол Насрулло дар робита ба Рӯзи Шашмақом.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола 12 май дар Тоҷикистон Рӯзи Шашмақом- баландтарин арши санъати мусиқии классикии тоҷик таҷлил карда мешавад.

Мояи ифтихор аст, ки дар замони соҳибистиқлолии мамлакат санъати Шашмақом мақому манзалати хосса пайдо намуд. 12 майи соли 2000 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди минбаъдаи санъати Шашмақом ба ансамбли «Шашмақом»-и ба номи Фазлиддин Шаҳобови Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми давлатӣ доданд. Ҳамзамон 7 ноябри соли 2003 бахши фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид- ЮНЕСКО Шашмақомро шоҳкории бузурги мусиқии ҷаҳонӣ ва ёдгории маънавии инсоният эълон намуд.

Шашмақом дар тӯли садсолаҳо маҳсули завқу хираду ҳунари халқи тоҷик маҳсуб мешавад. Он дар қатори дигар омилҳои маънавӣ, аз ҷумла илму адабиёти оламшумули мо исботи қадимӣ, соҳибтамаддун, соҳибҳунару соҳибистеъдод будани ин халқи некманишу равшандил аст. Ва табиист, ки Шашмақом наметавонист дар ҷойи холӣ, дар тиҳигоҳе ба вуҷуд ояд, агар решаҳои амиқу мустаҳками санъату мусиқии мо, агар зербуни қавии гузоштаи нобиғагони ҳунари он, ба мисли Борбади Марвазӣ намебуд.

Дигар ин ки Шашмақом намунаи дурахшони пайванди мусиқӣ ва шеър аст. Маҳз дар Шашмақом ин пайванд ба авҷи аълои худ расидааст. Маҳз дар Шашмақом мо эҳсос мекунем, ки мусиқӣ пайкар асту шеъру ғазал ҷони ин пайкари зебову нозанин ва ҳар қадар шеър зебо аст, мусиқӣ ҳамон андоза ҷаззобтар буда, шеърро форам ба ҷавлон меорад. Ва ҳар ду дар якҷоягӣ суруди мондагори асрҳо, суруди равшангару ҷонбахшои инсонҳо мегарданд. Азбаски Шашмақоми мо аз аввал дар партави шеъри волои классикони оламшумули мо ташаккул ёфтааст, табиист, ки мақоми баландеро дар олами фарҳанги ҷаҳонӣ соҳиб гардидааст.

Имрӯз муайян карда шудааст, ки дар Шашмақом дар радифи шеърҳои классикони адабиёти форсу тоҷик зиёда аз панҷоҳ тарона аз эҷодиёти лафзии мардум низ истифода шудааст, ки худ далели баҳснопазири мансубияти Шашмақом ба забон ва фарҳанги миллати мо мебошад. Академик Раҷаб Амонов истифодаи фаровони назми мардумиро аз қадимулайём дар байни сокинони минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон дар мақолае нишон дода буд.

Дар асоси сарчашмаҳои таърихӣ устод Рӯдакӣ аз аввалин шоиронест, ки жанри таронаро ба силсилаи назми классикӣ дохил кардааст. Шояд аз ҳамин сабаб ба андешаи шашмақомшинос Аслиддин Низомов, сарчашмаҳо устод Рӯдакиро “уфорӣ”ва “возеъи тарона” номидаанд.

Маъно ва мундариҷаи зоҳирии Шашмақом маҷмуаи суруду оҳангҳоест, ки дар як низоми муайян мураттаб гардидааст. Ин мероси мусиқии мардуми тоҷик аз шаш мақом: “Бузрук”, “Рост”, “Наво”, “Дугоҳ”,”Сегоҳ”, ва “Ироқ” иборат аст ва боз ҳар мақом қисматҳои созӣ- “Мушкилот” ва овозӣ “Наср”-ро дар бар мегирад.

Каме маълумот додани мо оид ба Шашмақом барои дарки хонанда аз он ҳашамат ва маърифат ва илму донише аст, ки Шашмақом бо худ дораду мебарад ва дарки он аст, ки ин ҳама ҳашамату ҳунари волоро маҳз халқи тоҷик ин ҳама асрҳо маҳфуз доштаву то мо расонидааст.

“Мушкилот” танҳо тарзи оҳангӣ буда, тавассути созҳои мусиқӣ иҷро мешавад ва он аз шаклҳои оҳангӣ: “Тасниф”, “Тарҷеъ”, “Гардун”, “Мухаммас” ва “Сақил” таркиб ёфтааст. Дар навбати худ қисмати “Наср”, ки танҳо тарзи овозӣ аст, шуъбаҳо дорад ва ин шуъбаҳо чун мавзуъҳои аслии ҳар мақоми мазкур шинохта мешаванд. Оғози ҳар мақом аз пардаи ҷудогона буда, он низ лаҳни ҳамон мақом ба шумор меравад. Аз ин рӯ ҳар кадом оҳанг ва суруду таронае, ки нисбат ба он мақом аст, бо ҳамон лаҳн оғоз меёбад ва созҳои мусиқӣ (махсусан танбӯр, ки асоси мақомнавозӣ ба шумор меравад), ба таври мухталиф ҷӯр карда мешавад. Агар мо дар бораи шуъбаҳои ҳар қисмати Шашмақом, ки хеле зиёд мебошанд, маълумот диҳем ва дар навбати худ дар бораи силсилаҳои онҳо ва намудҳои оҳангҳо сухан кунем, сухан ба мавзуи касбӣ табдил ёфтаву ба дарозо мекашад.

Ҳамин қадар илова бояд кард, ки оҳангҳои Шашмақом дар асоси ду сачашма- яке ганҷинаи пурбаҳои мусиқии Шарқи Миёна “Дувоздаҳмақом» ва дигаре- таснифоти ҳунармандону мусиқидонони асрҳои миёна ва охирҳои он ташаккул ёфтааст. Дар асрҳои 15-17 ҳофизону навозандагони машҳур: Устод Ҳусайн, Саидаҳмади Ғижжакӣ, Алии Танбӯрӣ, Устод Шодии Самарқандӣ, Султонмуҳаммади Удии Самарқандӣ, Ғулом Шодӣ, Абдуллоҳи Нойӣ, Бобои Истаравшанӣ, Кавкабии Бухороӣ, Дарвешалии Чангӣ, Сайфиддини Ғазнавӣ, Мираки Чангии Бухороӣ ва дигарҳо асарҳои зиёди мусиқӣ офариданд, ки дар инкишоф ва равнақи санъати мусиқии замонашон мавқеи муҳим дошт. Офаридаҳои ин устодон ба доираи “Дувоздаҳмақом” дохил нашуда, берун аз он шуҳрат дошт.

Дар асрҳои 17-18 асарҳои мусиқии берун аз доираи “Дувоздаҳмақом” хеле зиёд шуда, таркиби доира тадриҷан мекоҳид. Дар ин миён мебоист доираи наве ба вуҷуд ояд, ки суруду таронаҳои берун аз “Дувоздаҳмақом”-ро дар бар бигирад ва ин ба ҳунарварону мусиқидонони асрҳои 17-18 вобаста буд. Дар натиҷа доираи “дувоздаҳмақом” “бишкаста”-у ба ҷои он тадриҷан доираи наву мухтасар- Шашмақом ба вуҷуд омад. Мавзуъҳои аслии Шашмақом аз Дувоздаҳмақом гирифта шудаанд, ки онҳо дар шакли иваз намудани мавқеъ фароҳам омадаанд ва баъзеашон аз ин силсила афтода, чун асарҳои алоҳида дар байни ҳунармандон сайр кардаанд.

Дар асрҳои 18-19 роҷеъ ба Шашмақом бисёр рисолаҳои мусиқӣ таълиф шудаанд, ки “Рисолаи Шашмақом”-и Мӯсохоҷаи Туркистонӣ (1884) аз ҷумлаи онҳо аст. Ин асар доир ба таркиб ва сохти Шашмақом маълумоти муфид дорад.

Ҳунармандон ва мусиқидонони барҷастаи асри 19 ва аввали асри 20-и тоҷик Калхоти Ворух, Мирзо Отаҷони Танбӯрӣ, Отаҷалоли Ҳоҷихони Чорҷӯӣ, Отағиёс, Мирзоназруллои Танбӯрӣ, Шодӣ Азизов, Домуллоҳалим Ибодов, Левӣ Бобохонов, Хоҷаабдулазиз, Содирхон Бобошарифов, Умар Ҳофиз, Мулло Тӯйчӣ Тошмуҳаммадов аз бузургтарин устодони Шашмақом буданд, ки тавассути онҳо ин мусиқӣ ба мо расидааст.

Солҳои 50-60 Шашмақомро Бобоқул Файзуллоев, Шоҳназар Соҳибов ва Фазлиддин Шаҳобов ба нота гирифтанд, ки дар ҳаҷми 5 ҷилд ба табъ расид. Ғайр аз ин бо кумаки ин устодон Шашмақом ба навори магнитофон сабт гардид, ки онро сарояндагони хушсалиқа Аҳмад Бобоқулов, Барно Исҳоқова, Боймуҳаммад Ниёзов, Алиҷон Солеҳов, Нуъмон Тоштемиров, навозандагони мумтоз Шоулов, Бободӯстов, Муминшоев, Аминов, Ҳасанов ва ансамбли мақомхонон иҷро карданд. Нусхаи навор дар фонди тиллоии Бойгонии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфуз аст.

Соли 1947 бори аввал бо ташаббуси қаҳрамонони Тоҷикистон- Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров ансамбли шашмақомхонон ҳамчун «Ансамбли ҳофизон» ё «Дастаи мақомсароён» таъсис гардид, ки ба дастаи мазкур сарояндагон ва донандагони мусиқии мардумӣ ва классикӣ- Шоҳназар Соҳибов, Фазлиддин Шаҳобов, Нерё Аминов, Муҳиддин Мавлонов, Саидхони Ҳисорӣ (Тӯхтаев), Абдумаҷид Ҳомидов, Маъруфхоҷа Баҳодуров ва дигарон ҷалб гардиданд.

Сипас, бо ҳидояти Бобоҷон Ғафуров яке аз донандаҳои ин мусиқӣ- Фазлиддин Шаҳобов ба шаҳри Самарқанд сафар намуда, устоди ин жанри классикӣ- Бобоқул Файзуллоевро ба шаҳри Душанбе (собиқ Сталинобод) овард. Дар баробари он яке аз донандагони хуби ин мусиқӣ- Шоҳназар Соҳибов, ки дар шаҳри Тошканд фаъолият мекард, низ ба Душанбе даъват гардид. Сипас, аз тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон донанда ва хонандагони ин мусиқии классикӣ ба пойтахт даъват шуданд.

Маҳз бо ҳидоятҳои Бобоҷон Ғафуров ва саҳми назарраси Фазлиддин Шаҳобов, Шоҳназар Соҳибов ва Бобоқул Файзуллоев китобҳои “Шашмақом” дар панҷ ҷилд нашр гардид. Акнун ин китобҳо беҳтарин ганҷинаи хазинаи фарҳанги мо ва китобҳои рӯимизии ҳар хонанда ва донандаи ин мусиқии сатҳи баланд мебошанд.

Мусиқии классикии тоҷик- Шашмақом ҳамчун шоҳкории фарҳанги башарият аз тарафи ЮНЕСКО пазируфта шуда, ҳамасола 12 май расман таҷлил карда мешавад. Ҳар сол дар мамлакати мо ба ифтихори ин ҷашн консертҳои бошукуҳ баргузор мегарданд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷиҳати рушду нумӯ ва пешбурди минбаъдаи фарҳанги миллӣ, шинос намудани ҷаҳониён бо дастовардҳои фарҳангии халқи тоҷик, инкишофи санъати анъанавии миллӣ, равияҳои мухталифи ҳунарҳои мардумӣ, инкишофи бонизоми соҳаи фарҳанг, боло бурдани фарҳанги ҷомеа, эҳтиром ба арзишҳои милливу фарҳангӣ ва тарбияи кадрҳои соҳа таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Дар ҳамин замина 1 апрели соли 2017 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатии рушди санъати Шашмақому Фалак ва мактаби суннатии «устод-шогирд» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021» қабул гардид, ки он баҳри ривоҷу равнақи Шашмақому Фалак шароити боз ҳам беҳтару мусоид фароҳам овард.

Ахиран таваҷҷуҳ ва ғамхории Ҳукумати Тоҷикистон ва шахсан Президенти ҷумҳурӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар таъсис ва роҳандозии Озмуни ҷуҳуриявии “Тоҷикистон- Ватани азизи ман” такони тозае барои ҷалби ҷавонон ба ин санъати асил ва роҳ ёфтанашон ба саҳнаҳои бузурги мамлакат гардид, зеро дар номинатсияҳои ин озмун яке аз қисматҳои муҳим — иҷрои сурудҳои суннатист, ки Шашмақом низ вориди он шудааст. Тайи чор соли охир мо шоҳидем, ки ин озмун чӣ қадар ҷавонони соҳибистеъдодро кашф карду рӯи саҳна овард. Хушбахтона, ҷавонони мо метавонанд дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхуҷа Сатторов бо таълими соҳаҳои мухталифи ҳунару санъат, аз ҷумла Шашмақом фаро гирифта шаванд.

Имсол ба рӯзе, ки бо ибтикори Пешвои миллат Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба рушди минбаъдаи санъати иҷрогарии “Шашмақом” дар Тоҷикистон” ба имзо расид, 23 сол пур мешавад. 12 майи соли 2000-умро метавон рӯзи тавлиди дубораи ин санъати бузурги миллати мо эътироф кард.

ДАР ҲАВОИ ШАШМАҚОМ

Ҷон сафои тоза ёбад аз ҳавои Шашмақом,
Нав ба нав неру бигирад аз навои Шашмақом.

Мерасад савти дуруду мерасад сози сууд,
Мерасад пайки саодат аз садои Шашмақом.

Худ беҳин симфониёи Осмон асту Замин,
Мерасонад то фалак сози расои Шашмақом

Савти Додор асту рози аршу эҳсони Худост,
Ҷон бидеҳу зинда шав аз нав барои Шашмақом.

Мерасад аз савту созаш савту сози Коинот,
Коиноти дигаре ёб аз варои Шашмақом.

Бар висоли ёри нопайдо куҷо хоҳӣ расид,
Бе фару нуру навову эътинои Шашмақом?

Шаш ҷиҳат: болову поин, росту чап, пешу пас,
Шаш дари роҳи наҷот аст иддаои Шашмақом.

Он чи дар чашмат наметобад ба сад эъҷозу сеҳр,
Ҷилвагар гардад фузунтар дар намои Шашмақом.

Бе пару боле кунӣ парвоз дар авҷи фалак,
Бош Симурғи муҳаббат дар фазои Шашмақом.

Бо ҳазорон ҳусни маънӣ ҷилваҳо дорад ҳаёт,
Ин қадар зебост ҳастӣ дар қабои Шашмақом.

Бар камоли худ расидан метавонӣ, эй Камол,
Дар фурӯғи ҳиммату сози бақои Шашмақом.

Камол Насрулло,
Шоири халқии Тоҷикистон,
ходими адабии АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Май 12, 2023 12:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бохтар аввалин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ баргузор гардид
Дар мавзуи «Паёми Президенти Тоҷикистон ва масъалаҳои рушди фаъолияти китобдорӣ ва бойгонишиносӣ» ҳамоиш доир шуд
Пиряхҳои Тоҷикистон объекти муҳити зист ва манбаъҳои стратегии захираҳои об мебошанд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ҳайати намояндагони Академияи илмҳои Чин вохӯрӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон барномаи омӯзишии Мактаби театрии Александрин мегузарад
ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН. Дар шаҳри Ҳисор озмунҳои «Тоҷикистони ман!» ва «Шоҳнома Ватан аст!» доир мегарданд
Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
Байни Тоҷикистон ва Италия Барномаи ҳамкории фарҳангӣ, илмӣ ва технологӣ барои солҳои 2024-2027 ба имзо расид
Дар Душанбе оид ба рушди ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика конференсияи байналмилалӣ доир мегардад
САДРИДДИН АЙНӢ-БУНЁДГУЗОРИ АДАБИЁТИ НАВИНИ ТОҶИК. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ-адабӣ гузаронида шуд
ИЛМ АЗ ДИДГОҲИ ОЛИМОНИ ҶАВОН. Дар ин мавзуъ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
«ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Протокол оид ба таҳияи филми ҳунарии муштараки Тоҷикистону Узбекистон ба тасвиб расид