«ИСТИФОДАИ ДУРУСТИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ-КАФИЛИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ». Дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиш доир гардид

Май 1, 2023 13:55

 ДУШАНБЕ, 01.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. 29 апрел дар доираи Форуми ҷавонон таҳти унвони «Дарёфти роҳҳо ва абзори истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиатҳои миллӣ ва тарғиби арзишҳои давлатдорию давлатсозӣ» дар Кохи фарҳанги Суғдиёни шаҳри Хуҷанд дар мавзуи «Истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ-кафили амнияти иттилоотӣ»  ҳамоиш доир шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҷараёни он бо ташаббуси Муассисаи давлатии рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» аксияи тарғиботи рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» доир шуда, ба иштирокчиён шумораи махсуси 70- саҳифагии рӯзнома тақдим карда шуд.

Роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ-кафили амнияти иттилоотӣ маъруза намуда, нақши ҷавонон, бахусус блогеронро дар шабакаҳои иҷтимоӣ баланд арзёбӣ намуданд.

Дар идома сиёсатшиносону коршиносони мамлакат сухан гуфта, блогерони ҷавонро ба таблиғи дурусти манфиатҳои милливу давлатдорӣ даъват намуданд.

Чорабинии мазкур бо саволу ҷавоб ва мубоҳисаҳои блогерону фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ бобати истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати миллӣ анҷом ёфт.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи форуми мазкур ҷавонон аз 26 то 30 апрел аз шаҳру ноҳияҳои  Душанбе, Айнӣ, Панҷакент, Истаравшан, Хуҷанд ва Гулистони вилояти Суғд дидан намуда, мавзеъҳои таърихию фарҳангии ин ҷойҳоро тавассути саҳифаҳои худ таблиғу ташвиқ намуданд.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 1, 2023 13:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад