ЛОИҲАИ «ШАҲРИ БЕХАТАР». Дар Хуҷанд ҷараёни татбиқи он мавриди баррасӣ қарор гирифт
ДУШАНБЕ, 08.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҷараёни татбиқи лоиҳаи «Шаҳри бехатар» дар шаҳри Хуҷанд аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва муовини директори ширкати технологии «Хуавей» дар Тоҷикистон Ли Ян, ки 5 май доир шуд, мавриди баррасӣ қарор гирифт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилоят.
Ҷонибҳо инчунин масъалаи воридот ва насби технологияи муосир дар бахшҳои гуногунро баррасӣ намуданд.
Зимни мулоқот аз густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Таъкид гардид, ки тибқи нақша, дар маркази вилояти Суғд – шаҳри Хуҷанд лоиҳаи «Шаҳри бехатар» ба маблағи 25 миллион доллар амалӣ карда мешавад, ки ҳадаф аз татбиқи он назорати ҳаракати нақлиёт, пешгирии садамаву қонунвайронкуниҳо ва ҳодисаҳои нохуш мебошад.
Ҷонибҳо вобаста ба амалисозии лоиҳа мубодилаи афкор намуда, дурнамои ҳамкориро баррасӣ карданд.
Бояд гуфт, ки ширкати технологии «Хуавей» дар татбиқи лоиҳаҳои марбут ба «Шаҳри бехатар» дорои таҷрибаи калон буда, яке аз бузургтарин лоиҳаҳояш тарҳи «Шаҳри бехатар» дар шаҳри Душанбе мебошад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








ИХТИРОЪКОРИ БЕҲТАРИНИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти Ганҷина Наврӯззода намунаи ибрат ва шоистаи пайравӣ аст
Пешвои миллат: «Зан – модар меҳвари хонавода ва пайвандгари оила бо ҷомеа аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модар рамзи ҷовидонаи ҳаёти башар аст»
Дар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Рӯзи Модар ҷашн гирифта шуд
Ба нақши беназири модарон дар ҳаёти оила ва ҷомеа ҳамеша арҷ гузошта мешавад
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ ВАФО. Рӯзи Модарро дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил намуданд
Нақши занон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва рушди иҷтимоию сиёсии Тоҷикистон назаррас аст
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Хатлон 6260 иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи Модар барномаи бошукуҳи фарҳангӣ доир гардид
Занон дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон саҳми назаррас доранд
«ТУҲФА БА МОДАР». Сарбозон бо дастовез ба назди модарон мераванд






