НАҶОТИ ИНСОНИЯТ ДАР ОБ АСТ. Бисёре аз олимон зиндагии одамонро «мубориза барои об» меҳисобанд

Май 28, 2023 18:01

ДУШАНБЕ, 28.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Мардуми тоҷик  ифтихорманд аз он аст, ки ташаббусу иқдом ва пешниҳодҳои башардӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи чанд соли охир аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ истиқболи гарму самимӣ ёфта, симои Пешвои миллати моро чун шахсияти бузург дар арсаи байналмилалӣ  бо дурахши хосаи сиёсӣ ҷилвагар гардонидааст. Маҳз ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон буд, ки СММ солҳои охир дар мавриди мушкили оби тоза нуҳ қарору барнома қабул намуд ва панҷ  пешниҳоду ташаббуси Президенти Тоҷикистон мавриди амал қарор гирифт. Чунин ибрози андеша намудааст дар робита ба ташаббусҳои ҷаҳонии Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Шоири халқии Тоҷикистон, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол Насрулло.

Дар зер андешаҳои пурраи муаллиф манзур карда мешаванд.

— Мушкили об, ки пешорӯи сайёраи мост, солҳои охир бо сабаби гармшавии иқлим ва обшавии босуръати пиряхҳо инсониятро ба изтироб овардааст. Яке аз он сарвароне, ки дар сатҳи баланди ҷаҳонӣ ин масъалаи сахт изтиробангези инсониятро гузоштаву бонги  хатар аз фоҷиаҳои имкондошта задаанд, Пешвои миллати мо, Сарвари Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Маҳз бо пешниҳод ва масъалагузориҳои Сарвари давлати мо дар ҷаласаҳои СММ чандин барномаҳои байналмилалии марбут ба об – ин масъалаи барои инсоният хеле муҳим ва ҷиддӣ қабул гардидаву пайгирӣ карда мешаванд. Барномаҳое, чун “Соли байналмиллалии оби тоза, 2003”, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт, 2005 – 2015”, “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013” аз ин ҷумлаанд.

Ахиран Конфронси оби СММ-2023, ки 22-24 моҳи марти соли равон таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  ва Подшоҳи Нидерланд Виллем Александр дар Ню Йорк баргузор гардид, аз ҷумлаи самараҳои иқдоми Пешвои миллати мо мебошад.

Бешубҳа,  ин конфронс, ки бо ташаббуси Президенти Тоҷикистон баргузор гардид, ба ҳалли буҳрони об ва беҳдошт  дар сайёра  мусоидат хоҳад кард.

Конфронс дар Ню Йорк қадами аввал дар роҳи татбиқи  қатъномаи  нави СММ оид ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намудани соли 2025 ба шумор меравад. Президенти Тоҷикистон таъкид доштанд, ки ҳадафи конфронс, пеш аз ҳама,  муттаҳид сохтани талошҳои ҷонибҳои гуногун барои  муваффақ ва натиҷабахш гардонидани ин ташаббус мебошад. Ин ҳамоиш ҳамчунин  барои таҳияи уҳдадориҳои  муштараки ҷонибҳо оид ба мавзуъ ва сабти он дар Рӯзномаи амал дар соҳаи об ҳамчун саҳми муносиб доир ба натиҷаҳои конфронси таърихӣ хидмат хоҳад кард.

Инак, бо пешниҳоди Президенти Тоҷикистон ва тибқи қатъномаи СММ  Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли 2025 мизбони  Конфронси байналмилалӣ дар мавзуи ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон хоҳад буд, ки ин гувоҳи нақши бузург ва обрӯи байналмилалииТоҷикистон ва фаъолияти хастагинопазиронаи Сарвари  муҳтарами он  Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли ин масъалаи мубрами ҷаҳонӣ ва мушкили башарият мебошад.

Ба ин муносибат дар партави иқдом ва ташаббусҳои Пешвои миллати мо  баъзе маълумоти ҷолибро оид ба захираҳои об дар Тоҷикистон ва аслан хусусияти хос, аҳамият ва мавқеи об ба хонандагон пешниҳод мекунем, ки донистани онҳо аз аҳамият холӣ нест.

-Об асоси зиндагӣ дар сайёраи мо буда, аз се ду ҳиссаи рӯи Заминро ишғол намудааст ва амалан ба тамоми равандҳое, ки дар сайёраи мо ба амал меоянд, таъсир мегузорад. 70 – 95 фисади олами зинда аз об иборат аст. Об аз як сӯ зуҳуроти сода, аз сӯи дигар, ҷавҳари аз ҳама мураккаб ва пурасрори Замин аст. Ба таҳқиқи об пажӯҳишҳои зиёди илмӣ бахшида шуда бошанд ҳам, он то ҳанӯз комилан омӯхта нашудааст. Об асоси зиндагӣ ба ҳисоб рафта, аз ҷиҳати аҳамиятнокӣ барои ҷисми одам  баъд аз ҳаво муҳимтарин аст.

Маълум аст, ки қариб аз се ду фоизи ҷисми мо аз об иборат аст. Бесабаб нест, ки инсон бе ғизо метавонад беш аз чаҳор ҳафта зиндагӣ кунад, аммо бе об на беш аз ҳафт рӯз. Барои нигоҳ доштани мувозинати об ҳар рӯз бояд 2 – 3 литр моеъ нӯшид.

Бисёре аз олимон зиндагии инсонро “мубориза барои об” меҳисобанд. Об – ченаки солмандии инсон аст. 80-85 фоизи ҷисми одам аз таваллуд то яксолагӣ аз об иборат аст. Ҳангоми расидан ба 18-солагӣ об дар ҷисми инсон то 65 – 70 фоиз кам шуда, дар пиронсолӣ то 25 фисад мерасад. Аз ин рӯ чунин меҳисобанд, ки асрори давомнокии ҷавонии инсон аз таъмин бо оби сифатнок ва миқдори он, ки барои мубодилаи модаҳо лозим аст, вобастагӣ дорад.

Сифати ҳаёти мо аз сифати об вобаста аст. Аҳолии сайёраи мо дар як шабонарӯз 7-8 тонна об истеъмол мекунад. Олимон бар он мебошанд, ки агар одамон аз манбаъҳои об бо мулоҳиза истифода баранд, захираҳои он бемаҳдуд ҳастанд.

Аммо масъалаи оби босифати ошомиданӣ дар дунё ҳамеша ва хусусан имрӯз хеле ҷиддӣ аст. Ҳамасола теъдоди зиёди обҳои истифодашуда ва ифлос  ба обанборҳо рехта мешавад, ки рӯдҳову кӯлҳоро олуда месозанд. Мутаассифона, теъдоди обҳои ифлосшуда хеле бештар аз обҳои тоза мондааст.

Калсий ва магний дар тамоми обҳои минералишуда ҳузур дорад. Сарчашмаи онҳо захираҳои табиии оҳаку гипс мебошад. Маҳз калсий ва магний сахтии обро муайян мекунанд ва аз меъёр зиёд будани онҳо сабаби пайдоиши бемориҳо дар меъдаву рӯдаҳо,  пайдоиши санги гурдаҳо ва гипертония  мегардад. Ба ҷуз ин миқдори зиёди намак дар об низ ба манфиат нест, зеро чунин об барои истифодаи зарурати рӯзгор, шустушӯву тозакунӣ коршоям набуда, масрафи собун ва маводи тозакуниро афзун сохта, асбоби барқи мошинҳои тозакуниро зуд аз кор мебарорад. Чунин оби ғафс ё дурушт барои гардиши обтаъминкунӣ ва системаи гармидиҳӣ низ мувофиқ нест.

Оҳан ва марганес ба об ранги ногувори торику сиёҳ дода, маззаашро мекоҳонанд, боиси афзоиши бактерияҳои оҳанӣ ва такшини қубурҳо мегарданд ва  дар натиҷа ғаждиҳо ҷамъ меоянд. Истифодаи тӯлонии оби оҳандор боиси пайдоиши бемориҳои хунӣ, сактаи дилҳо, бемории ҷигар гардида, ба фаъолияти солими узвҳо монеа эҷод мекунад.

Дар обҳо моддаҳои органикии зиёд вуҷуд доранд, аз қабили моддаҳои  қабатҳои пӯсидаи замин, ҳосили наботот ва ҷисмҳои фавтида, обҳои ҷории корхонаҳоии  гуногун, аз ҷумла саноатӣ. Барои обанборҳо хатари бештарро ҳамин обҳои ҷорӣ эҷод меекунанд, ки дар таркибашон сапедаҳо, равғанҳо, карбогидратҳо, кислотаҳои органикӣ, эфирҳо, фенолҳо, нафт доранд.

Афзоиши аз эътидол беруни ин омезиш ба зарурати истифодаи зиёди хлор меорад, ки дар навбати худ метавонад ба гирифтории бемориҳои саратонӣ оварад.

Дар асоси маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, имрӯз 1,2 млрд одам аз оби тозаи ошомиданӣ ба қадри кофӣ маҳрум буда, миллионҳо одам ҳар сол аз бемориҳое, ки аз олудагии обҳо пайдо шудаанд, мемиранд. Моҳи январи соли 2008 дар Форуми умумиҷаҳонии иқтисодии СММ дар Швейсария  таъкид карда шуд, ки дар остонаи соли 2025 аҳолии беш аз нисфи кишварҳои дунё ва то соли 2050 ҳафтоду панҷ фисади аҳолии дунё  камбуди оби тозаро эҳсос хоҳанд кард.

Теъдоди маводе, ки обҳоро олуда мегардонанд, ҳам дар кишварҳои тараққикарда ва ҳам дар кишварҳои рӯ ба инкишоф аз ҳисоби ифлосшавиҳои муқаррарӣ (оҳанҳои вазнин, маҳсулоти коркарди нафт) пайваста меафзояд.

Аҳолии рӯ ба афзоиши Замин, хусусан дар он қисмате, ки дар шаҳрҳо зиндагӣ мекунанд, бинобар талаботи рӯзафзун ба об, бахусус  дар истеҳсолот, хоҷагии деҳот ва соҳаи барқ захираҳои бузурги обҳоро асосан аз сарчашмаҳо ба коми худ фурӯ мебаранд.

Барои гурехтан аз буҳрони обӣ технологияҳои нави обтозакунӣ ва безараргардонӣ, ширинсозии сунъӣ ва услубҳои истифодаи дубора ба кор гирифта мешавад. Тамизгардонии об хусусан барои кишварҳои рӯ ба инкишофи  Ҷанубу шарқи Осиё ва Субсахараҳо хеле муҳим аст, зеро маҳз дар он ҷойҳо бактерияҳои дар обҳо буда сабаби бемориҳои сироятӣ мешаванд.

Вазифаи муҳими дигар дар покизакунии об- аз он дур кардани унсурҳои зиёновар мебошад. Теъдоди зиёди моддаҳои заҳролудкунандаи об вуҷуд дорад, ки рӯйхати онҳо пайваста меафзояд. Муайян кардану аз байн бурдани ин моддаҳои заҳрнок дар об кори осон, вале хеле қимат аст. Баъдан услубҳои мазкур вобаста ба истифодаи дастгоҳҳои хеле гаронбаҳо ва мутахассисони варзидаву донишманд мебошад. Аз ин рӯ дарёфти роҳҳои одитару арзонтари тозакунии обҳо хеле муҳим аст.

Ҳоло мутахассисони ҳифзи муҳити зист андешаи истифодаи дубораи обҳои поккардашудаи  саноативу истеҳсолотиро  доранд, ки низ заҳмату хароҷоти зиёдро тақозо дорад.

Обро метавон қиматтарин захира дар  сайёраи мо номид. Об сарчашмаи ҳаёт дар Замин барои ҳама  мавҷудоти зиндаест, ки дар он зиндагӣ мекунанд (растаниҳо, ҳайвонот, одамон). Тамоми обҳои табиат пайваста  бо ҳаво ва ҷинсҳои кӯҳӣ дар ҳамкорӣ мебошанд.  Худтозакунии об ба шарофати ҳаракати доимии он аст. Об ҳамеша рамзи қадимии ҳамаҷонибаи тозагӣ ва ҳосилнокӣ буда, дар тамоми даврони такомули инсон аҳамияти шифоӣ доштааст.

75 фисади ҷонварон, 90 фоизи растаниҳо ва 80 фисади одам иборат аз об аст. Чиниҳо, юнониҳо, вавилониҳову ассуриҳову ҳиндуҳову порсҳо дар замонҳои қадим обро барои муолиҷаи бемориҳои гуногун ва шифои ҷароҳатҳо истифода мекардаанд. Дар ҳуҷайраҳои ҷисми одам 70 фоиз об нигоҳ дошта шуда, миқдори оби берун аз ҳуҷайраҳо 30 фоизро ташкил медиҳад. Барои фаъолияти ҳаётии ҳар одам об нақши азим дорад.

Барои инсон об сарчашмаи ҳаёт, ғизои зарурӣ, маводи бунёди ҷисмонӣ, қиматтар аз нафт, оҳан, газ ва ангишт аст. Ҳатто камтарин камбуди об дар ҷисми одам оқибатҳои номатлуб дорад. Камбудии пайвастаи об дар ҷисми одам метавонад мигрен, аллергия, дарди меъда, астма ва артридро ба вуҷуд орад ва азбаски майнаи сари одам 75 фоиз аз об иборат аст, камбудии он метавонад  стресс ба вуҷуд орад. Ба андешаи баъзе табибон, об  маҳлулгари  ҳама бемориҳо аст. Боиси таассуф аст, ки инсоният ҳамчун истеъмолгари асосии об ба он хеле кам таваҷҷуҳ зоҳир мекунад.

Оби табиӣ неруи барқро дар Замин ҳифз ва тақсим намуда, дар таъсиси иқлим иштирок менамояд.

Агар мо хоҳем, ки аз имконияти лаззат бурдан аз зебоӣ ва покии обанборҳои дар иҳотаамон  буда, обшорони дилангез ва кӯлҳои сафобахш маҳрум нагардем, бояд ҳамеша дар ғамхории захираҳои обҳои Замин бошем. Ва барои он ки дар оянда тавонем зебоӣ ва қудрати обро нишон бидиҳем, моро зарур аст, ки ба вайронкунии ҳамбастагии табиат ва ифлоскунии обанборҳо хотима бахшем. Тозагӣ, зебоӣ ва сифатҳои шифоии ин зуҳуроти ҳаётан муҳим ба ҳар одам вобастагӣ дорад. Биёед бо ҳам кӯшиш кунем, ки ин неъмати бебаҳоро ҳифз намоем.

Таҳияи Камол НАСРУЛЛО,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Май 28, 2023 18:01

Хабарҳои дигари ин бахш

«БАЧА АЗИЗ, ОДОБАШ АЗ ОН АЗИЗТАР…». Ба таълиму тарбияи фарзандон набояд бетарафӣ зоҳир намуд
«КАЪБА ЧӢ МЕРАВӢ, ДИЛЕРО ДАРЁБ…». Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Оши бурида дар Наврӯз ҳамчун рамзи умри дароз ва ҳаёти хушбахтона омода мешавад
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ЭҲЁ. Ин ҷашни ҷаҳонӣ бунёди маънавии миллати тоҷик мебошад
МАЗМУНҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР АШЪОРИ АҲДИ КЛАССИКИИ ФОРСУ ТОҶИК. Андешаҳои адабиётшинос дар хусус
24 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО БЕМОРИИ СИЛ. Ҳадаф аз он огоҳӣ, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ин беморӣ мебошад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Соли 2023 дар ҷумҳурӣ беш аз 1 миллион бех ниҳоли дарахтони гуногун шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли гулкарам масунияти инсонро боло мебардорад
Хӯрокҳои миллии тоҷикӣ дар ҷаҳон машҳур буда, санъати таббохии миллати мо давоми садсолаҳо ташаккул ёфтааст
Деннис Фрэнсис саҳми Тоҷикистонро дар пешбарии масъалаҳои марбут ба об баланд арзёбӣ намуд
Дар Ню-Йорк аҳаммияти фаъолияти Раванди оби Душанбе баррасӣ гардид
СИЁСИШАВИИ ДИН — ХАТАР БА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ВА СУБОТИ ҶОМЕА. Андешаҳои профессор Нозим Маҳмадизода дар ин мавзуъ