«НТВ», «МОЯ ПЛАНЕТА», «BBC WORLD NEWS», «NATIONAL GEOGRAPHIC». Захираҳои сайёҳии Тоҷикистон дар шабакаҳои маъруфи ҷаҳонӣ муаррифӣ ва тарғиб карда мешавад

Май 3, 2023 14:14

ДУШАНБЕ, 03.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 23-28 апрел бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо ширкати истеҳсолии оби “Сиёма” ҳайати эҷодии барномаи маъруфи шабакаи телевизиони «НТВ»-и Федератсияи Русия «Поедем, поедим!» ба Тоҷикистон омад. Тибқи барномаи тарҳрезишуда, зимни сафар ҳайати эҷодии барнома бо имконоти сайёҳии минтақаҳои ҷумҳурӣ аз наздик шинос шуда, тарзи омода намудани таомҳои миллиро ба навор гирифт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳии ҷумҳурӣ хабар доданд.

Маҳз бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли равон Кумитаи рушди сайёҳӣ якчанд шабакаи бонуфузи иттилоотии ҷаҳонӣ, аз қабили “НТВ” ва “Моя планета”-и Федератсияи Русия, “BBC World News” ва “National Geographic”-ро ҷалб намуд, ки дар ин замина табиати нотакрор, мероси бойи таърихию фарҳангии мамлакатамон ба навор гирифта шуда, таблиғу ташвиқ мегардад.

Барномаи «Поедем, поедим!» лоиҳаи маърифатӣ-таблиғотӣ буда, дар қаламрави Федератсияи Русия ва кишварҳои дигари ҷаҳон пахш ва  тавассути барнома фарҳангу тамаддун ва имконияти сайёҳии кишварҳои дунёро муаррифӣ менамояд.

Ёдрас мешавем, ки ҳайати эҷодии барномаи мазкур бори сеюм аст, ки аз мамлакати мо дидан менамояд.

Давоми моҳҳои май-июн сабти барномаи телевизионии “Магия вкуса” тариқи шабакаи “Моя планета”-и Федератсияи Русия ва сабти видеороликҳои тарғиботӣ бо хронометражи 15, 30 ва 120 сония тариқи шабакаи ҷаҳонии “BBC World News”, инчунин таҳияи филми мустанад оид ба имконоти сайёҳӣ тариқи шабакаи ҷаҳонии “National Geographic” оғоз мегардад.

Имсол намояндагони соҳаи сайёҳии мамлакат аз ҳисоби мақоми ваколатдори соҳа ва бахши хусусӣ дар намоишгоҳҳои байналмилалии сайёҳӣ ва саноатии Теҳрон-2023 дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон, “ITB Berlin-2023” дар шаҳри Берлини Ҷумҳурии Федеративии Олмон, “MITT-2023” дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия, Форуми байналмилалии сармоягузории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар шаҳри Лондони Британияи Кабир, “Arabian Travel Market” дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб фаъолона иштирок менамоянд. Муаррифии иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар ин барномаҳо дар сатҳи муносиб таъмин карда шуда, ба ҷалби ҳарчи бештари сайёҳон ва ҷаҳонгардон мусоидат хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, ки дар замони муосир таҳия ва пахши барномаҳои тарғиботӣ аз ҷониби шабакаҳои бонуфузи ҷаҳонӣ баҳри муаррифии соҳаи сайёҳии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва баланд гардидани эътимоди сайёҳон барои сафар ба Ватани маҳбуби мо мусоидати ҳамаҷониба менамояд. Дар айни замон субъектҳои хизматрасони сайёҳӣ барои тарғиби маҳсулоти сайёҳии худ аз телевизион, радио, матбуот, сомонаю шабакаҳои интернетӣ, лавҳаҳои тарғиботӣ ва дигар воситаҳои имконпазири иттилоотӣ васеъ истифода мебаранд.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳӣ

Май 3, 2023 14:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оид ба нақши занони мақомоти гумрук дар таҳкими арзишҳои миллӣ ва хизмати давлатӣ ҳамоиш доир шуд
Дурнамои таҳкими ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе баррасӣ гардид
Раванди татбиқи лоиҳаи муштараки «Диёри Душанбе» дар Қатар баррасӣ карда шуд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Савдои фаромарзии бекоғаз ва ҳамгироии минтақавӣ» баргузор гардид
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Бадахшон беш аз 26 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Пешвои миллат: «Маҷмуи маҳсулоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 25 соли охир 93 баробар афзоиш ёфтааст»
Дар Бадахшон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 1545 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст
Дар Бадахшон корҳои сохтмонии зеристгоҳи барқии «Шарифобод» оғоз гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 400 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ гардидааст
Дар Тоҷикистон дар беш аз 223 ҳазор гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида мешавад