«ҶОВИДОН БОД, ҶАВОНӢ ВА ҶАВОНОН!» Дар Душанбе шоу-барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 06.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. 5 май дар амфитеатри Боғи Садриддин Айнӣ бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳти унвони «Ҷовидон бод, ҷавонӣ ва ҷавонон!» бахшида ба Рӯзи ҷавонон шоу-барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи мазкур.
Дар барномаи мазкур роҳбарияти Кумита, сарбозону афсарони сохторҳои қудратӣ ва ҷавонони касбу кори гуногун иштирок карданд.
Дар оғози ҳамоиш роҳбарияти Кумита ҳозиринро бо Рӯзи ҷавонон табрик карда, иброз намуданд, ки имрӯз ҷавонони мо такягоҳ, умед ва ифтихори давлату ҷомеа ба шумор рафта, дар рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат нақш ва мавқеи басе муҳим касб кардаанд.
Тазаккур дода шуд, ки воқеан, имрӯз ҷавонони ватандӯсту ватанпарвар, ворисони асили миллати тамаддунофари тоҷик, матину қавиирода ва далеру шуҷои мамлакат дар тамоми самту соҳаҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол бо боварии комилу ғайратмандона фаъолият намуда, дар пешрафти мамлакат ҳиссаи муносиб гузошта истодаанд.
Сипас барои иштирокчиён барномаи рангини консертӣ дар иҷрои ҳунармандони машҳури мамлакат пешкаш гардонида шуд.
Дар охири барнома аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба сарояндагон сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд






