Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим — Жомарт Токаев мулоқот намуданд

Май 3, 2023 17:21

ДУШАНБЕ, 03.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Худи ҳамин рӯз дар шаҳри Остона мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев баргузор гардид.

Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба кишварашон самимона хайрамақдам гуфтанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвари давлати мизбон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев барои даъват ҷиҳати анҷом додани сафари давлатӣ ва пазироии самимӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

Изҳори итминон карда шуд, ки натиҷаҳои ин сафар, мулоқоту музокироти сатҳи олӣ ва бастаи нави санадҳои ҳамкории имзошаванда барои таъмиқи муносибатҳои шарикию стратегии Тоҷикистону Қазоқистон заминаи навро фароҳам меорад.

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим - Жомарт Токаев 03.05.2023

Май 3, 2023 17:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати роҳбарии як қатор мақомоти марказии давлатӣ таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон раиси Ассотсиатсияи тиҷорати Қатар ва раиси Шурои директорони Файсал Холдинг шайх Файсал ибни Қосим оли Сониро ба ҳузур пазируфтанд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон оид ба омодагӣ ба истиқболи ҷашни таърихии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ машварати корӣ доир намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Кипр Константинос Комбосро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Супоришҳои қатъии Пешвои миллат доир ба афзун намудани истеҳсоли семент
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон