«ПУЛИ ЗАБОНИ ЧИНӢ». Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ғолибони ин озмуни ҷаҳонӣ байни донишҷӯёни тоҷик муайян шуданд

Май 26, 2023 18:31

ДУШАНБЕ, 26.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии Даъвати 22-юми Озмуни ҷаҳонии «Пули Забони чинӣ» байни донишҷӯёни Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он ҷойи якум ба донишҷӯи Донишгоҳи давлатии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Обидҷон Аминзода сазовор дониста шуд, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Дар озмун ҷойи дуюмро донишҷӯи факултети Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Шоҳиста Азимова соҳиб гардид. Ҷойҳои сеюмро донишҷӯйи факултети Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Фирўза Қурбонова ва муҳассили факултети забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Зарнигор Мирзобобоева ба даст оварданд.

Дар маросими ҷамъбасти озмун Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Қобилҷон Хушвақтзода, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тзи Шумин, роҳбарони як қатор муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат ва донишҷӯёни донишгоҳ иштирок доштанд.


Гуфта шуд, ки дар даври ниҳоӣ озмуни ҷаҳонии «Пули забони чинӣ» байни донишҷӯёни Ҷумҳурии Тоҷикистон аллакай нишондоди донишу малакаи сатҳи донистани забони чинии онҳо мебошад. Озмуни «Пули забони чинӣ» «маркази санҷиши сифат» ва «намоишгоҳи маҳсулоти тайёр» мебошад, он як платформаи кушод барои муайян ва интихоби истеъдодҳо буда, аз замони таъсисаш дар соли 2002 беш аз 1,5 миллион донишҷӯи ҷавони зиёда аз 120 давлатҳои ҷаҳонро ҷалб намуда, ба бренди маъруфи табодули фарҳангӣ байни Чин ва давлатҳои хориҷӣ мубаддал гаштааст.

Тазаккур дода шуд, ки дар ин озмун донишҷӯёни ҷавони Тоҷикистон фаъолона иштирок намуда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гаштанд. Дар рафти чорабинӣ ба устодоне, ки муддати тӯлонӣ дар Тоҷикистон забони чинӣ таълим дода, фарҳанги чиниро паҳн карданд, изҳори сипос карда шуд.

Мавзӯи имсолаи озмуни «Пули забони чинӣ» — «Як ҷаҳон, як оила» буда, ба консепсияи ояндаи умумии ҷомеа ва ташаббуси тамаддуни ҷаҳонӣ, ки аз ҷониби Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин пешниҳод шуда, он тарафдори ҳамзистии фарогири тамаддунҳои гуногун, мубодила ва омӯзиши мутақобила буда, ба сулҳ ва рушди тамоми ҷаҳон мусоидат мекунад. Ин консепсия анъанавии дўстдоштани сулҳу осоиш ва тарғиби хамфикрии мардуми Чинро инъикос намуда, фарҳанги машҳури «ҳамоҳанг»-ро шарҳ медиҳад.


Таъкид шуд, ки солҳои охир муносибатҳои стратегии ҳамаҷонибаи Тоҷикистону Чин ба таври солим ва устувор инкишоф ёфта, ҳамкории ду давлат дар бахшҳои гуногун ба таври ҳамаҷониба амиқтар гардида, мутаносибан бештари истеъдодҳое, ки ба онҳо ошно ва қодиранд, мавриди истифода қарор гирифтаанд.

Ҷавонони Тоҷикистон ба омӯзиши забони чинӣ шавқу ҳаваси зиёд доранд ва майли онҳо барои таҳсил дар Чин торафт меафзояд. Дар баробари ин бояд гуфт, ки мардуми Чин ба Тоҷикистон ва фарҳанги тоҷикон шавқу таваҷҷуҳи хосса доранд.

Зарангези ЛАТИФ,
Тоҳири САИД (АКС),
АМИТ «Ховар»

Май 26, 2023 18:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид