«РӮЗГОРИ ИБРАТБАХШИ УМАРИ ХАЙЁМ». Хонандагони Хуҷанд ва Оренбург аз рӯзгори шоир ва риёзидони барҷастаи тоҷик ёд намуданд

Май 7, 2023 15:26

ДУШАНБЕ, 07.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Гимназияи ба номи Гётеи шаҳри Хуҷанди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо муассисаи таҳсилоти ҳамагонии «Мактаби Экодолия»-и вилояти Оренбурги Федератсияи Русия таҳти унвони «Рӯзгори ибратбахши Умари Хайём» барномаи муштараки онлайнӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд.

Мавзуи меҳварии нишасти маҷозӣ ба 975-солагии ҳаёт, эҷодиёт ва фаъолияти яке аз чеҳраҳои калидии мероси фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон, файласуф, шоир, риёзидон, астроном Умари Хайём бахшида шуд.

Дар конференсияи маҷозӣ директори Муассисаи таҳсилоти миёнаи  умумии «Мактаби Экодолия»-и вилояти Оренбург Галина Николаенко, сардори шуъбаи иҷтимоии вилояти Оренбург Елена Кишкина, консул-мушовири консулгарии генералии Русия дар шаҳри Хуҷанд Максим Кобзар, муовини консули Консулгарии генералии Русия дар шаҳри Хуҷанд Никита Уточкин, котиби матбуоти «Хонаи русҳо дар шаҳри Хуҷанд» Юлия Вареха, директори маркази технологияҳои иттилоотии шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Дилором Солиева, омӯзгори лоиҳаи «Муаллими русӣ дар хориҷа» Фарида Ҳасанова ва хонандагону омўзгорони Гимназияи Гётеи шаҳри Хуҷанд фаъолона ширкат варзиданд.

Хонандагони Гимназияи ба номи Гётеи шаҳри Хуҷанд дар бораи осор ва бозёфтҳои илмии шоир ва риёзидон Умари Хайём маълумот дода, саҳнаҳои ҷолибро аз зиндагиномаи шоир пешкаши ҳозирин намуданд. Ҳамзамон зери садои оҳангҳои миллӣ рубоиёти Умари Хайёмро чун ашъори  ибратбахшу таъсирбахш қироат карданд.

Муҳассилини «Мактаби Экодолия»-и вилояти Оренбург низ рубоиёти маъруфи Умари Хайёмро замзама намуда, онро шарҳ доданд. Бо далелҳои ҷолиб таъкид доштанд, ки Умари Хайём файласуф ва шоири тавонои замони худ буд, ки ифтихори миллати куҳанбунёди тоҷик мебошад.

Ширкаткунандагони барномаи маҷозӣ нақшу баргузории чунин нишастҳоро баҳри муаррифии нобиғаҳои миллати тоҷик, муаррифии донишу хирад ва омӯзиши зиндагиномаи онҳо ва рушди муносибати халқҳои тоҷику русро дар ин самт муҳим арзёбӣ карданд.

Гуфта шуд, ки бо мақсади тавсеаи ҷаҳонбинии хонандагон ва омӯзгорон чунин нишастҳои онлайнӣ байни ду муассисаи пешрафта бештар гузаронида шавад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд

Май 7, 2023 15:26

Хабарҳои дигари ин бахш

РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»